Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Чаро Кишваров ҳуҷҷатҳои манзиламро барнамегардонад?»

№114 (4064) 24.09.2019

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, № 622, мақолаи шаҳрванд Тағоева Зулфия, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» (№ 80 (4030)) аз 4 июли соли 2019, зери сарлавҳаи «Чаро Кишваров ҳуҷҷатҳои манзиламро барнамегардонад?» ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Муайян гардид, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 13 июни соли 2014 даъвои Ҳ. У. Кишваров қисман қонеъ гардонда, аз ҳисоби З. Ҷ. Тағоева ба фоидаи ӯ маблағи қарзи асосӣ дар ҳаҷми 20000 доллари ИМА мутаносибан ба асрори миллӣ баробар ба 48202 сомонӣ рӯёнида шудааст.

Бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе, аз 2 октябри соли 2014, ҳалнома бетағйир, шикояти кассатсионии З. Ҷ. Тағоева беқаноат мононда шудааст.

Зимни омӯзиши парванда муайян гардид, ки талаботи даъвогии Ҳ. У. Кишваров оид ба рӯёнидани қарз ва фоизҳои он қонунӣ ва асоснок буда, бо шартномаи қарзии байни Ҳ. У. Кишваров ва З. Ҷ. Тағоева аз 13 ноябри соли 2006, ки дар Идораи нотариалии  давлатии ноҳияи Фирдавсӣ таҳти феҳристи № ЗДШ- 669 ба қайд гирифта шудааст, инчунин бо забонхати З. Ҷ. Тағоева оид ба гирифтани қарз аз Ҳ. У. Кишваров тасдиқи худро ёфтааст.

Бояд қайд намуд, ки санадҳо бо парвандаи мазкур якчанд маротиба аз рӯи шикоятҳои назоратии З. Ҷ. Тағоева мавриди омӯзиши судяҳои Суди Олӣ қарор гирифтанд, вале барои бекор кардани онҳо асос дарёфт нагардид.

Ба З. Ҷ. Тағоева нусхаи таъиноти асосноки судӣ оид ба беқаноат монондани шикояти назоратӣ ирсол карда шудааст.

Омӯзиши такрории парванда нишон дод, ки ҷиҳати овардани эътирози назоратӣ барои бекор кардани қарорҳои судӣ асос мавҷуд нестанд.

Ш. Лутфуллозода, муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон