Дар ҳифзи Ватан агар мурам, зинда шавам

№25 (4131) 25.02.2020

Ҳифзи Ватан яке аз муқаддастарин вазифаҳо буда, аз ниёкон ба мерос мондааст. Ватан бузургтарин неъмати бебаҳост. Ин аст, ки ҳар яки мову шумо онро  «Модар — Ватан» донистаем ва бо дилу ҷон эҳтиром намудан, азизу гиромӣ доштани он муҳимтарин ва муқаддастарин вазифаи ҳар як фарди боору номус аст. Ватандӯстии ҳар яки мо аз нангу номус, виҷдон, шаъну шараф ва тарбия вобастагии қавӣ дорад. Ватан ҳамон сарзаминест, ки  сарҳаду масоҳат, табиат, сарватҳои маънавию табиӣ, забону тамаддун, тафаккуру эҳсос, фарҳангу маданиятро фаро мегирад. Аз ин хотир, бояд барои ҳифзи ин неъмати ноёфт талош варзем. 

Воқеан, дуруст аст, ки агар  гузаштаи рӯзгору таърих, фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои гузаштагонро надонем, ҳеҷ гоҳ кӣ будани худро эътироф карда наметавонем. Мо бояд, пеш аз ҳама, масъулияти баланд ҳис намоем, ки ҳифзи Ватан бароямон вазифаи азизу муқаддас аст. Агар ба гузаштаи таърихи ниёгонамон назар андозем, маълум мешавад, ки онҳо чӣ қадар барои ҳифзи марзу бум ва обу хоки Ватани азизамон мубориза бурданд. Набояд чунин кору пайкори онҳоро фаромӯш созем.

Сабақи бузурги таърихи гузашта, ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи халқамон баҳри тантанаи адолат, сулҳу ваҳдат, озодию ободӣ баёнгари он аст, ки ин ҳама дар заминаи ватандӯстӣ амалӣ гардидааст. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонон дур аз Модар – Ватан ба ҳар гуна амали номатлуб даст мезананд, ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгарою ифротпараст шомил мешаванд. Парчаму урфу одат, забону тамаддун ва анъанаҳои бегонагонро қабул намуда, нангу номусро аз даст медиҳанд, ба Модар – Ватан хиёнат мекунанд. Ин тоифа  шири  сафеду аллаи модар ва хешону пайвандон, халқу диёр, Ватани худро, ки Тоҷикистон ном дорад, ба гӯшаи фаромӯшӣ супоридаанд.

Ҳаёти фарзанди инсон, ватани нахустин ва меҳрубонию навозиш, дӯсторию муҳаббати ӯ аз оғӯши модар сар мешавад. Модар шабҳои дарозро сари гаҳвораи фарзанд рӯз карда, суруди «алла» хонда, ӯро аз ҳама неъмати ҳаёт азизу муқаддас медонад. Фарзанд ҷузъи бадани модар – ҷигарпораи ӯст  ва модар хуноба хӯрда, заҳмат кашида, ӯро тарбия намуда, ба воя мерасонад. Аммо баъзе аз фарзандон ин ҳамаро фаромӯш кардаанд. Ҳол он ки модар дар ивази ғамхорию меҳрубонӣ, азобу машаққат аз фарзанди дилбанд хизмату вафодорӣ, садоқату муҳаббат, меҳрубониро интизор аст.

Шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ хитоб намудааст:

Ҳар кас ба Ватан чун гули садбарг бувад, 

 Дар беватанӣ рангу рухаш зард бувад.

Пас, дӯст доштани Модар — Ватан муҳимтарин ва муқаддастарин вазифаи ҳар яки мост.

Шоири тозабаён Қутбӣ Киром дур аз Модар — Ватан будани шахсро марг ҳисобидааст:

 Дур аз Ватан, зинда бимонам, мурдам, 

Дар ҳифзи Ватан агар мурам, зинда шавам.

Аз ин рӯ, баҳри ҳифзи Модар – Ватан кӯшиш карда, барои боз ҳам устувору пойдор гардонидани Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату осоиштагӣ соф­дилона ва садоқатмандона  бояд хизмат кунем.

Шерзод КОМИЛОВ, омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбии МТМУ № 24 ба номи Чӯлибой Комилов, шаҳри Истаравшан