Ба «САДОИ МАРДУМ» ҷавоб омад

«Дастгирӣ кардаму дар бало мондам»

№90 (4040) 25.07.2019

Дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 14 феврали соли 2019 таҳти унвони «Дастгирӣ кардаму дар бало мондам» мактуби шикоятии сокини шаҳри Хуҷанд Абдураҳимов Абдувосит ба табъ расида буд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 14 марти соли 2016 аризаи даъвогии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» бинобар муфлисшавӣ қонеъ шуда, Ёров Г. М. мудири махсус таъин гардид.

Тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», аз лаҳзаи муфлис дониста шудани шахси ҳуқуқӣ, баҳсҳои молумулкӣ бо иштироки ин шахси ҳуқуқӣ ба сифати ҷавобгар, ба истиснои баҳсҳое, ки аз рӯи онҳо қарорҳо эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, қатъ мегарданд ва талабҳои молумулкӣ нисбат ба ин шахси ҳуқуқӣ танҳо дар ҷараёни барҳамдиҳӣ пешниҳод шуда метавонанд.

Дар робита ба ин муқаррароти қонун, Суди иқтисодии вилояти Суғд аризаи даъвогии директори ҶДММ «Челсӣ»-и шаҳри Хуҷанд С. Бобоҷоновро бо ҷавобгарии мудири махсуси ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ», ҳамҷавобгар — Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд ва шахси сеюм — Ҳомидов М.Ҳ. оид ба беэътибор донистани шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, шартномаи гарав таҳти №7С-928\06 аз 26 июни соли 2015 ва иҷрошуда эътироф намудани уҳдадориҳои қарзиро ба истеҳсолот қабул намуда, онро моҳиятан баррасӣ ва аз натиҷааш 26 октябри соли 2017 ҳалнома бароварда, талаботи даъворо пурра рад кард.

Ҳалномаи мазкур бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2018 бетағйир ва шикоят беқаноат монда шуд.

Тибқи моддаи 270 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шикоят ё эътирози назоратӣ дар бораи аз нав баррасӣ намудани санади судӣ аз тариқи назоратӣ мумкин аст ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати шаш моҳи баъди ­эътибори қонунӣ пайдо кардани он пешниҳод гардад.

Новобаста аз он ки муҳлати шикоят аз болои ҳалнома ва қарори зикргардида гузаштааст, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъинот аз 2 октябри соли 2018 парвандаро бо даъвои зикршудаҳо барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард.

Тибқи қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2018, парванда барои аз нав баррасӣ гардидан ба Суди иқтисодии вилояти Суғд дар ҳайати дигар ирсол шуд.

Суди иқтисодии вилояти Суғд парвандаи мазкурро моҳиятан баррасӣ намуда, аз натиҷааш 14 январи соли 2019 ҳалнома қабул карда, даъвои директори ҶДММ «Челсӣ»-и шаҳри Хуҷанд С. Бобоҷонов — ро пурра рад кард.

Даъвогар бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 14 январи соли 2019 розӣ нашуда, ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд.

Хулоса ин аст, ки С. Бобоҷонов мехоҳад бо ҳар роҳу восита амволи гаравро ба даст орад. Ҳол он ки баъди ба ҳукми қонунӣ даромадани санадҳои судии зикршуда амволи ба гарав гузошташуда-иншооти воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Соҳилӣ (Сирдарё) аз ҷониби мудири махсус 26 феврали соли 2018 бо арзиши 944 114,50 сомонӣ ба амонатгузори ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» Абдувосид Абдураҳимов фурӯхта шуда, маблағи он ба 69 пасандоздор пардохт шуд.

Дар асоси шартномаи кредитӣ таҳти №020/15/Т/А/1 аз 23 июни соли 2015, директори ҶДММ «Челсӣ» С. Бобоҷонов аз ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» 50 000  (панҷоҳ ҳазор) доллари ИМА ба муҳлати 6 моҳ, бо 12 фоизи солона қарз гирифта буд.

Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои шартномаи зикршуда қарзгиранда дар асоси шартнома аз 26 июни соли 2015, ки дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Хуҷанд дар феҳрасти таҳти №7С-928\06 ба қайд гирифта шудааст, иншооти зикршударо, ки соҳибмулки он буд, ба гарав гузошт.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳангоми ба гарав гузоштани амволи баҳсӣ ҳатто розигии ҳамсари С. Бобоҷонов Малоҳат Бобоҷонова барои бастани аҳд гирифта шуд.

Тибқи шартномаи гарав аз 24 июни соли 2015, №2Г-176 арзиши амволи ба гарав гузошташуда дар асоси санади ташхис ва тибқи нархи моликияти ғайриманқул аз ҷониби тарафҳо 130 000 доллари ИМА, ки аз рӯи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба  813 826 сомонӣ баробар буд, муқаррар шудааст.

Бояд гуфт, ки дар парванда ҳуҷҷат ё хулосаи ташхиси судӣ — муҳосибавие, ки ҳангоми додани қарз дар тавозуни ҶДММ ТАҚХ «Ҳамдастӣ» набудани маблағро тасдиқ намояд ва ё расиди пардохти маблағ мавҷуд нест. Дар маҷмӯъ, даъвогар бо иддаои беасос мақсади муфт соҳиб шудан ба амволи зикршударо дорад.

Ҷ. Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон