Эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо вазифаи ҳар як шаҳрванд аст

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

«Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла, ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад».  

 Эмомалӣ Раҳмон. «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», Душанбе, «Ирфон», соли 2005. саҳ 542.

 Боиси ифтихор аст, ки қонуни асосии кишвари мо дар байни қонунҳои асосии давлатҳои ҷаҳон аз беҳтарин ва одилонатарин санади ҳуқуқии олӣ эътироф гардидааст. Ин аз ботинан башардӯст будани тоҷикон шаҳодат медиҳад, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Эъломияи Куруши Кабир аз ҷониби олимону муаррихон ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, ки низоми одилона, инсонпарварона ва дунявии давлатдориро  пуштибонӣ мекард. Таърихи давлатдории  Куруш ба тақдири давлати имрӯзаи тоҷикон басо шабоҳат дорад, ки рӯҳияи ваҳдату муттаҳидсози миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкориву ободонӣ, такмили идоракунии мамлакат, аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангсозиҳост. Имрӯз миллати тоҷик аз фарозу шеби таърих ва озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо гузашта бошад ҳам, асолати таърихию фарҳангӣ ва ҳувияти миллии хешро нигоҳ доштааст, ки аз ҳамон ҷавҳари гуманистии тамаддуни ориёӣ ва дастовардҳои пурарзиши маънавӣ  ғизо мегирад.

Эҳтиром ба Конститутсия ва  қонунҳо, риояи ҳатмии онҳо ба хотири таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, амнияти милливу давлатӣ ва рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Чунки ҳифз ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҷомеа, садоқат ба сохти давлатдории миллӣ, давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ҳимояи халалнопазирии ин арзишҳои бунёдӣ бо майлу иродаи халқ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст.

Лоиҳаи Конститутсияи давлати тозаистиқлоли тоҷикон  аз ҷониби комиссияи конститутсионӣ, ки дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, омода ва ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд.  Лоиҳаи ин санади тақдирсоз  дар шароите омода гардид, ки дар кишвар ҳанӯз оташи ҷанги дохилӣ хомӯш нагардида буд. Бинобар ин, Сарвари давлат ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ дастур доданд, ки лоиҳае ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шавад, ки дар он барои идомаи низоъҳои миллӣ ягон асос ва заминае боқӣ намонад. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели соли 2012) зикр карданд: «Маҳз бо шарофати иҷлосияи тақдирсоз мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор карда, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем, таҳияи қонуни асосии кишвар барои Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ дар Ватани азизамон заминаи қонунии устувор фароҳам овард».

Мардуми Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодшударо омӯхта, фикру мулоҳизаҳои худро баҳри мукаммал шудани он пешниҳод намуданд. Ба комиссия зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардида буд, ки ҳамаи он омӯхта, ба назар гирифта шуд ва дар ниҳоят Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Зимни таҳияи лоиҳаи он беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.  Аз ин лиҳоз, мо ҳақ дорем бигӯем, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шудааст, ки дар эҷоди он тамоми  халқи мамлакат иштирок намудаанд ва он мақсаду мароми халқи моро пурра ифода мекунад.

Хусусияти адолатпарварона ва инсондӯстонаи қонуни асосӣ дар моддаи 5, боби якуми Конститутсия  инъикос ёфтааст, ки тибқи он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ арзёбӣ шуданд: «Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Эҳтирому эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар муносибат бо дигар давлату халқҳои ҷаҳон низ дар Конститутсия сабт гардидаст.  Мутобиқи моддаи 11-и ҳамин боб «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эътиром менамояд…».

Дар амалӣ намудани ҳадафҳои олӣ ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим дорад. Мутобиқи моддаи 17-и боби дуюм ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои иҷтимоӣ  табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мавриди ҳимоя ва дастгирии давлат қарор дода шудаанд. Тибқи моддаи 34-и боби дуюм модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода шудаанд: «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Дар моддаи 39-и ин боб омадааст, ки «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».

Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Тавре медонем, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Тағйироти мазкур боиси боз ҳам мукаммал гардидани ин санади сарнавиштсоз гардид.

Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд кард, ки дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Мутобиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ низ самараи ҳамин тағйиру иловаҳо мебошад.

Миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифта тавонад, маҳз бо эҳтирому риояи қонун ва арзишҳои башарӣ муяссар мегардад. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Пешвои тоҷикон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор гирифтааст. Миллати шукргузори тоҷик дар доираи талаботи Конститутсия кору зиндагӣ мекунад ва бо боварӣ метавон гуфт, ки ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.

Фотеҳ Қувватзодасудяи Суди ноҳияи Тоҷикобод