Хавфу хатари терроризмро набояд нодида гирифт

№148 (4098) 10.12.2019

Коллаж 80 сҲар рӯз шоҳиди ҳодисаву воқеаҳои ниҳоят даҳшатбор дар ҷаҳон, махсусан, дар мамолики Шарқ, мегардем. Фоҷиаҳои мудҳиш миллату халқияти зиёдеро дар бисёр кишварҳо фаро гирифтааст. Гурезаву муҳоҷирони маҷбурӣ ватани аслиро тарк намуда, аз хавфи ҷон, рӯ ба давлатҳои дигар, махсусан, ба Аврупо, меоранд.

Ин ҳолат ҷомеаи башариро ба таҳлука овардааст, зеро ин маънои интиқоли ҷанг ва задухӯрдҳои мусаллаҳона аз як давлат ба давлати дигар, аз як минтақа ба минтақаи дигарро дорад.

Қабл аз ҳама, ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус, давлатҳое, ки ба онҳо садҳо ҳазор шаҳрванди минтақаҳои ҷангзада ворид шуда истодаанд, аз хавфи терроризм аст. Зеро аз эҳтимол дур нест, ки бо истифода аз мавҷи гурезаҳову муҳоҷирони маҷбурӣ гурӯҳҳои террористӣ низ ба ҳар давлати орому осуда ворид шаванд. Ҳодисаву воқеаҳои дар Франсия, Германия, Испания ва давлатҳои дигари Аврупо рухдода далели ин гуфтаҳост.

Вақте ки бори аввал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хавфи хатари терроризму идеологияи он барои ҷомеаи ҷаҳон бо ташвиш суханронӣ ва таъкид намуданд, бисёре аз роҳбарони давлатҳои бузург ин масъаларо чандон ҷиддӣ нагирифтанд. Танҳо баъди ҳодисаи 9-уми сентябри соли 2001, ҳангоме ки дар шаҳри Ню — Йорки Амрико биноҳои баланд бар асари ҳамлаи террористӣ ба хок яксон гардид, ба  воқеияти суханони Президенти Тоҷикис­тон сарфаҳм рафтанд. Сарвари давлати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунанд: «Терроризм сарҳад ва террорист дину мазҳабу миллат надорад. Пеши роҳи ин зуҳуроти манфуру нангинро имрӯз бояд гирифт, ки фардо дер мешавад!»

Бояд гуфт, ки як хусусияти ниҳоят манфуру фоҷиабори ҷангҳои асри XXI ба вуҷуд овардани терроризми байналхалқӣ мебошад. Он ҷо, ки ҷанг аст, терроризм ҳукмронӣ мекунад.

Барои мисол, дар давлати ҳамсояву ҳамзабони мо Афғонистон, ки зиёда аз 40 сол аст ҷанг идома дорад, террору харобкорӣ дар авҷ аст.

Махсусан, дар ҷараёни интихоботи президентии ин кишвар терроризм ­вусъат пайдо кардааст. Рӯзе нест, ки чанд таркиши харобиовару талафдиҳандаи ҳаёти одамони осоишта дар ин ё он минтақаи мамлакат, дар ҳавзаҳои интихоботӣ рух надиҳад. Дар вохӯрии номзад ба президентии Афғонистон Ашраф Ғанӣ таркише рух дод, ки зиёда аз 100 нафар куштаву захмӣ гардид.

Ин гуна задухӯрдҳои дохилӣ дар Ироқу Либия, Мисру Сурия низ солҳо идома доранд.

Бояд таъкид намуд, ки заминаи чунин низоъҳо, ки баъдан ба ҷангҳои шаҳрвандӣ табдил меёбанд, ба воситаи терроризми иттилоотӣ, зери мафҳуми демок­ратикунонии ҷомеа гузошта мешаванд. Дар Тоҷикистон низ ҷанги шаҳрвандӣ зери мафҳуми демократикунонии ҷомеа, ки як идда ҷавонони ноогоҳ аз ғаразҳои пасипардагии бадхоҳони миллат даст ба бетартибиҳо зада буданд, аланга гирифта буд.

Ҳоло иқтидори терроризм даҳчанд афзоиш ёфтааст. Тавре ки мутахассисон – экспертҳо ва марказҳои тадқиқотии омӯзишӣ қайд намудаанд, дар ҷаҳони муосир терроризм дигар ба дастгирии молиявӣ аз хориҷ, яъне, аз берун, чандон эҳтиёҷ надорад. Вай акнун имкони худро бо маблағ ба пуррагӣ таъмин карданро дорад. Барои он ки ташкилотҳои террористӣ маблағҳои бо роҳи қочоқи маводи мухаддир, талаю тороҷ ва дигар роҳҳои ғайриқонунӣ ба дастовардаю ғасбкардаашонро «тоза» нишон диҳанд, тавассути гумоштаҳояшон бозор, супермаркет, ширкатҳои нақлиётиву сохтмонӣ ташкил намудаву таъсис медиҳанд. Амсоли ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом, ки замоне чунин шабакаи васеи тиҷоратӣ ва ғайра дошт.

Ҳамин тавр, муборизаи барои ғоя – идея оғознамудаи чунин аҳзобу гурӯҳҳои террористие, мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ба мубориза барои ҳар чӣ бештар ба даст овардани доллар табдил ёфт.

Албатта, бо терроризми мафиозии ба доллару зар ғӯтаваргардида мубориза бурдан нисбат ба терроризми муқаррарӣ душвор аст. Зеро он дар муқоиса ба терроризми муқаррарӣ ҳарису хунхортар аст ва аз нигоҳи маблағгузорӣ низ дастнигари касе нест.

Манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналхалқиро асосан қочоқи маводи мухадир, фурӯши нефт, тороҷи аҳолии ҳудудҳои ишғолкардаашон, одамфурӯшӣ, фурӯши узвҳои асирону савдои занон (маҷбур кардан ба танфурӯшӣ), ғасбу фурӯши ашёҳои қадимаи пурарзиш ва асарҳои санъат, маблағҳои «хайриявӣ»-и волонтёрҳои исломӣ аз тамоми гӯшаи дунё ва ғайра ташкил медиҳанд.

Бояд хотирнишон намуд, ки ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар бонкҳо ҳеҷ гоҳ суратҳисоб надоштанд, метарсанд, ки аъмолашон фошу ҳисобҳояшон баста мешаванд. Онҳо фақат бо пули нақд кор мекунанд. Пулро ҳам аз як ҷой ба ҷои дигар ба воситаи бонкҳо интиқол намедиҳанд, балки ба воситаи алоқачиёни махсус- курерҳояшон мефиристанд.

Террористон барои анҷом додани амалҳои террористӣ маблағи зиёд сарф намекунанд. Вале зиёни меросмондаашон миллионҳо долларро ташкил медиҳад. Масалан, барои ташкили таркиш дар Маркази умумиҷаҳонии савдо (дар Америка), ки 500 миллион доллари амрикоӣ зиён овард, террористон 20 ҳазор доллар харҷ намудаанд. Таркиши поезди мусофирбарро дар Мадрид (Испания), ки аз он 269 миллион доллар зиён расид, бо сарфи 10 ҳазор доллар анҷом додаанд.

Хусусияти аз ҳама манфури терроризм на мубориза дар майдони ҷанг, балки тахрибкориву қатлу куштор дар ҷойҳои осоишта, мактабу мадрасаҳо ва макони ҷамъомади одамон мебошад, ки дар натиҷа инсонҳои ғайринизомӣ, кӯдакону пиронсолон қурбон мегарданд. Ҳадафи терроризм ба ин восита ҳар чӣ бештар даҳшат афкандан дар дунё ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи ашхоси хоинтабор, беиродаву тарсу ва ғосибу манфиатҷӯ мебошад.Зеро, инсони худшиносу ватандӯст соҳибмаърифату солимфикр ҳаргиз ба доми онҳо намеафтад. Аз ин хотир, ҷавононро мебояд, ки ҳамеша дар пайи омӯзиши илму маърифат бошанд, то фирефтаи ҳар хоину ватанфурӯш нагарданд. Озодию истиқлоли кишварро аз ҳама боло гузоранд.

Н. ЁРОВ,  муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъияти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия