Шарҳи қонун

Ҳифзи маълумоти шахсиро давлат кафолат медиҳад

№87 (3881) 17.07.2018

[000078]Чанде пеш Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ»-ро қабул намуд. Хабарнигори рӯзнома бо яке аз муаллифони он, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад роҷеъ ба зарурат ва моҳияти қабули қонун мусоҳиба орост.

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи давлатдории миллӣ бори аввал бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва мутахассисони соҳа ҳамчун ҳуҷҷати нодири ҳуқуқии фарогири арзишҳои ҷомеаи демократӣ ва адолатпарвар эътироф гардидааст. Зеро Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар тафовут аз конститутсияҳои замони шӯравӣ, бори нахуст инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуд ва муқаррар кард, ки ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳр­вандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Илова бар ин, Конститутсия бе розигии шахс дар бораи ҳаёти шахсии ӯ ҷамъ овардан, нигоҳ ­доштан, истифода, паҳн кардани маълумотро манъ намуд ва мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, шахсони мансабдорро вазифадор кард, ки ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро бо ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ дахл доранд, таъмин намоянд. Маҳз ин муқаррароти Конститутсия асос барои таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

- Оё маълумоти шахсӣ воқеан ҳам ниёз ба ҳифз дорад ва агар чунин бошад, қонунгузории ҷорӣ онро чӣ гуна ба танзим даровардааст?

- Мутобиқи сархати дуюми моддаи 1 қонуни қабулгардида, ҳифзи маълумоти шахсӣ аз маҷмӯи тадбирҳое иборат мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ намудани дастрасии беиҷозат ба маълумоти шахсӣ амалӣ мегарданд. Тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» маълумот оид ба шахсият ба гурӯҳи иттилооти пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) мансуб буда, бо қонун ҳифз мешавад. Аз ин рӯ, таъмини амнияти маълумоти шахсӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи қонуни мазкур аст.

Дар қонун тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъект, доранда, оператор ва шахси сеюм ба низом дароварда шудаанд, ки онҳо дар маҷмӯъ, қисмҳои таркибии таъмини ҳифзи маълумоти шахсӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки ин қонун дар таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол санади меъёрии ҳуқуқии нав буда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолиятро вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ танзим менамояд.

қонун принсипҳои ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсиро муқаррар менамояд, ки он ба принсипҳои риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният, адолатнокӣ, ошкорбаёнӣ ва шаффофият, махфияти маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдуд, баробарии ҳуқуқи субъектҳо, дорандаҳо ва операторон, таъмини амнияти шахсият, ҷомеа ва давлат асос меёбад.

Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бо қонун маҳдуд карда мешавад ва ба коркарди маълумоти шахсии бо мақсадҳои ҷамъоварии он номувофиқ иҷозат намедиҳад.

Қонун дастрасӣ ба маълумоти шахсиро бо шарти розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба доранда, оператор ва шахси сеюм барои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо дода шудааст, муайян мекунад.

Моддаи 13 қонун доранда, оператор ва шахси сеюмро, ки ба маълумоти шахсии дорои даст­расии маҳдуд дастрасӣ пайдо намудаанд, уҳдадор мекунад, ки онҳо махфияти маълумоти шахсии дорои дастрасии маҳдудро бо роҳи риояи талаботи роҳ надодан ба паҳн гардидани он бе розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ таъмин намоянд.

- Кафолати давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ чӣ гуна таъмин мегардад?

- Дар асоси моддаи 5 қонун ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани сертификати мутобиқати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ ва амнияти иттилоотӣ амалӣ карда мешавад. Барои таъмини амнияти маълумоти шахсӣ бояд оид ба ҳифзи онҳо аз ғайриқонунӣ, тасодуфан, беиҷозат ихроҷ шудан, нусхабардорӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйир додан (сохтакорӣ), ифшо, нобуд кардан чораҳо андешида шаванд.

- Ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ чӣ гуна амалӣ карда мешавад?

- Боби 3 қонун ба тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоти шахсӣ бахшида шудааст. Аз ҷумла дар он муқаррар гардидааст, ки ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ бо розигии субъект ё намояндаи қонунии он амалӣ мешавад.

Қонун маълумоти шахсиро ба ду гурӯҳ — дастрасии умум ва ­дастрасии маҳдуд ҷудо менамояд. Манбаъҳои маълумоти шахсии дастрасиашон озод, аз ҷумла маълумотномаҳои тарҷумаиҳолӣ, китобҳои телефонӣ, суроғавӣ, захираҳои иттилоотии электронии дастраси умум, воситаҳои ахбори омма бо мақсади таъминоти иттилоотии аҳолӣ истифода мешаванд.

Дастрасии маълумоти шахсии дастрасии умум бо розигии субъект озод мебошад ва тибқи қонунгузории кишвар нисбат ба он низоми талаботи махфият тат­биқ карда намешавад. Субъект ё намояндаи қонунии ӯ ҳуқуқ дорад, ки ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигӣ диҳад ва бо риояи тартиби муқаррарнамуда онро бозхонд кунад.

Ба паҳн кардани маълумоти шахсӣ иҷозат дода мешавад, агар он ҳуқуқ ва озодиҳои субъектро поймол накунад, ба манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар зарар нарасонад.

- Оё маълумоти шахсӣ ба ҳама дастрас аст ва онро бе розигии шахс ҷамъ овардан мумкин аст?

- Моддаҳои 9 ва 10 дастрасии маълумоти шахсӣ ва дастрасӣ ба онро ба низом медароранд.

Дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ дар сурати ҷой доштани розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ, ки ба доранда, оператор ва шахси сеюм барои ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо додааст, муайян карда мешавад.

Муроҷиати (дархости) субъект ё намояндаи қонунии ӯ дар хусуси даст­расӣ ба маълумоти шахсии худ ба доранда, оператор ва шахси сеюм дар шакли муқаррарнамудаи қонунгузории мамлакат сурат мегирад.

- Оё шахси сеюм ба маълумоти шахсӣ дастрасӣ дорад ва он дар кадом сурат имконпазир аст?

- Моддаи 24 муқаррар менамояд, ки шахси сеюм ҳуқуқ дорад ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат амалӣ намояд ва барои ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ андешад. Ҳамчунин, моддаи 25 шахси сеюм­ро уҳдадор мекунад, ки номгӯйи маълумоти шахсии барои иҷрои вазифаҳои он зарур ва кофиро тасдиқ ва дар сурати муваффақ шудан ба мақсади ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ барои нобуд кардани маълумоти шахсӣ чораҷӯйӣ намояд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон далели тасдиқкунандаи гирифтани розигии субъектро барои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ ва ба субъект ё намояндаи қонунии ӯ маълумоти ба вай тааллуқдош­таро дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи қабули муроҷиат пешниҳод намояд.

Шахси сеюм уҳдадор аст, ки оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ андешад, дастрасии беиҷозатро ба маълумоти шахсӣ пешгирӣ намояд, далелҳои дастрасии беиҷозатро ба маълумоти шахсӣ сари вақт ошкор кунад, оқибатҳои номатлуби дастрасии беиҷозатро ба маълумоти шахсӣ то ҳадди камтарин расонад.

- Истифодаи маълумоти шахсӣ магар ба шаҳрвандон ва давлат зарар мерасонад? Оё амнияти иттилоотии маълумоти шахсӣ таъмин мешавад?

- Истифодаи маълумоти шахсӣ ва таъмини ҳаққонияти он ба манфиати ҳам шаҳрвандон ва ҳам давлат мебошад, зеро вай аз амалҳо бо маълумоти шахсӣ, ки барои амалишавии фаъолияти доранда, оператор ва шахси сеюм равона гардидаанд, иборат мебошад. ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, танҳо бо розигии субъект ё намояндаи қонунии ӯ амалӣ карда мешаванд.

Мундариҷаву ҳаҷми маълумоти шахсии ҷамъоварӣ ва коркардшаванда бояд ба мақсадҳои зикргардидаи ҷамъоварӣ ва коркард мувофиқ бошад ва ба коркарди маълумоти шахсии бо мақсадҳои ҷамъоварии он номувофиқ иҷозат дода намешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки талаботи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакатро ҷиҳати ҳифзи маълумоти шахсӣ риоя намекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар робита бо ин, моддаи 144 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ ҷамъ кардан ё паҳн намудани маълумот оид ба ҳаёти шахсӣ, ки сирри шахсӣ ё оилавии шахси дигарро дар бар мегирад, бидуни иҷозати ӯ ё паҳн кардани маълумот дар баромадҳои оммавӣ, асар дар воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет, агар чунин кирдор бо ғарази шахсӣ ё ҳавасмандии шахсӣ анҷом дода шуда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонида бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар менамояд.

Дар асоси моддаи 148 Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби шахси мансабдор ғайриқонунӣ рад кардани ба шаҳрванд додани санад ё ҳуҷҷатҳое, ки бевосита ба ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дахл доранд ва мутобиқи тартиби муқарраршуда ҷамъоварӣ гардидаанд, инчунин додани маълумоти нопурра ё қасдан додани маълумоти барғалат ва нопурра, агар он ба ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванд зарар расонида бошад, кирдори ҷиноятӣ мебошад.

  Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»