Ҳифзи ваҳдат амри зарурист

№76 - 77 (4182 - 4183) 27.06.2020

46459d981e36b25fd25b9e4685919377Шояд ба назари баъзеҳо амали такрор намояд, ки ҳар сол дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз таърихи он ҳарф мезанем. Зарур аст, зеро  дар ёд доштан ва дарк кардани аҳамияти рӯйдоди муҳиме чун ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ водор мекунад, ки сулҳу субот ва осоиштагиро қадр кунем. 

Ҳарчанд ба ваҳдат расидем, лек роҳи сулҳ тахту ҳамвор набуд. Қариб чор сол музокироти байни мухолифин ва ҳукумати конститутсионӣ идома ёфт ва он борҳо бе қабули қарор ҷамъбаст гардид. Маҳз исрори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар дафъа тарафҳоро ба гирди мизи гуфтушунид ҷамъ ва роҳи расидан ба сулҳро наздиктар мекард. Ба раванди музокироти сулҳ онҳое халал мерасониданд, ки оромии Тоҷикистон ва якпорчагии онро намехостанд. Мутаассифона, чунин шахсон дар ҳар ду ҷониб кам набуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари интихоб шудан  ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат авлавият дода, кӯшиш намуданд, ки масоили ҳалталаб бетаъхир ҳал гарданд. Бо ин мақсад солҳои 1995-1996 ҷиҳати гуфтушунид бо роҳбарияти мухолифин ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуданд. Дар он маврид касе амнияти Роҳбари давлатро кафолат намедод. Бахусус, соли 1996 ба Хусдеҳи Афғонистон рафтани Сардори мамлакат ва пойдевори сулҳи ояндаро гузоштан хеле муҳим ва қаҳрамонӣ  аст. Дар бисёр вохӯрии гурӯҳҳои корӣ, вақте ки тарафҳо ба мусолиҳа намеомаданд, маҳз шуҷоати Президенти мамлакат онҳоро аз саргумӣ берун оварда, ба гуфтушунид идома мебахшид.

Роҳбарони вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Бурҳониддин Раббонӣ ва сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ба шуҷоати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, боварӣ ҳосил намуданд, ки Тоҷикистон бо чунин роҳбар ба сулҳу салоҳ мерасад. Бинобар ин, ҳар чӣ тавонистанд барои ба ваҳдат омадани ҷонибҳо ёрӣ расониданд.

Соли ҷорӣ аз он рӯзи таърихӣ бисту се сол сипарӣ мегардад, вале аҳамияти ваҳдат барои Тоҷикистон сол то сол меафзояд, зеро ҷаҳон дар ҳоли таҳаввул қарор дошта, кишварҳое, ки аз лиҳози осоиштагӣ ва иттиҳоди халқ заъф доранд, бештар осебпазир мегарданд. Аз ҷониби дигар, пешравию дастовардҳои кишвар ба Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сахт алоқамандӣ дорад, зеро ба таъкиди Пешвои миллат, агар истиқлолият ба мо соҳибихтиёрӣ ва озодиро ато намуда бошад, ваҳдати миллӣ мардумро аз сарсонию саргардонӣ нигоҳ дошта, якпорчагии давлатро таъмин намуд. Вале таҳлили таърихи бистусесолаи ин ҷашни бузург нишон медиҳад, ки то ҳанӯз душманони ваҳдату осоиштагии Тоҷикистон аз кӯшиши халалдор намудани он даст накашидаанд. Дар ин давра мо шоҳиди якчанд кӯшиши табаддулоти давлатӣ гардидем. Хушбахтона, тири бадхоҳон хок хӯрд ва  миллат аз шарри онҳо амон ёфт. Бо вуҷуди ин, талоши халалдор кардани иттиҳоду якдилии миллат ҳар лаҳза вуҷуд дошта, аҳамият ва ҷойгоҳи ваҳдатро дар кишвар дучанд мегардонад. Ва водор мекунад, ки ваҳдатро аз таъсири ҳар гуна омилҳои манфӣ ҳифз кунем.

Сафаралӣ ВАТАНЗОДА, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон