Конститутсионализм — фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ

№134 (4084) 05.11.2019

DrPCt9vXQAAVLqwОлами воқеӣ ва объективӣ аз падидаҳои гуногуни табиат ва ҷамъият иборат аст, ки онҳо дар раванди рушд ва таҳкими худ ба қонуниятҳои хос тобеъ буда, аз иродаи касе вобастагӣ надоранд. Аммо ин падидаҳо метавонанд аз тарафи инсоният дарк карда, ба манфиати гузашта, имрӯза ва ояндаи он бошуурона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Вобаста ба ин, проблемаи озодии шахсият, таъмини ҳуқуқҳои фитрӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолати иҷтимоӣ, баробарҳуқуқӣ ва волоияти қонун, идоракунии давлат, ташаккули низоми ратсионалии ҳокимият ва таҷзияи он аз зумраи падидаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳуқуқие арзёбӣ мегарданд, ки дар тӯли таърих предмети аҳамияти махсуси илмидошта ба ҳисоб мерафтанд ва новобаста аз фарогирии васеъ ва коркарди амиқи консептуалӣ, назариявӣ ва амалии онҳо аз тарафи илмҳои фалсафа, назарияи давлат ва ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва ғайра имрӯзҳо низ ҳамчун масъалаҳои муҳим боқӣ мемонанд.

Падидаҳои  «конститутсионализм» ва «конститутсия» ҳанӯз дусад сол пеш аз ин, аз зумраи чунин мавзӯъҳои замони мо ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳар қадар мо аз давраи қабули Конститутсияи кишварамон дур меравем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав рӯи кор меорад. Мо ҳамон қадар ба ақлу хиради азалии халқамон, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи Роҳбари навинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, онро қабул карда, ба бақои давлат ва  миллат асос гузоштанд, итминони комил ҳосил менамоем.

Дар баробари ин, зиракии сиёсиро нисбат ба манфиатҷӯиву сиёҳдилии иддае ба ном «ҳомиёни давлату миллат, Конститутсия ва ҳуқуқи инсон», ки аз минбарҳои баланд сару садо баланд карда, мавҷудияти худро дар ҳаёти сиёсии мамлакат нишон доданӣ мешаванд, аз даст надодем ва нахоҳем дод. Ин тоифа шахсон нақши Конститутсияро дар таъмини суботи бардавоми сиёсию иҷтимоии мамлакат, фаъолияти бунёдкоронаи давлату миллат, дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ, боло рафтани манзалат, нақш ва мавқеи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он ва эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муддати 25 соли мавҷудияти Конститутсия ба даст омадаанд, нодида мегиранд.

Ҳамчунин, набояд аз хотир барорем, ки халқи Тоҷикистон  бори аввал дар таърихи давлатдориаш, қонуни асосии давлат- сарнавишти худро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардааст ва аз ин рӯ, эҳтироми иродаи халқ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Аз ҷониби дигар, мо шоҳиди ҳолем, ки беэътиноӣ ба арзишҳои умумибашарии эътирофнамудаи инсоният, коста гаштани тартибот ва низоми байналмилалӣ, дахолати рӯйирост ба корҳои дохилии давлатҳои алоҳида, зиёд гаштани муноқишаҳои дохилӣ  боиси ба таври оммавӣ  поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон  ва шаҳрванд гашта, ба мавҷудияти давлатҳои алоҳида хавфу хатари ҷиддӣ ба бор оварданд. Ба эътибор нагирифтани конститутсияҳои давлатҳо, ирода ва манфиатҳои қисмати зиёди аҳолӣ, байрақ намудани «ҳуқуқи инсон» ва «фалокатҳои гуманитарӣ», бисёрстандартӣ дар ҳалли масоили умдатарини байналмилалӣ ба хотири ноил шудан ба мақсадҳои геополитикӣ солҳои охир боиси фоҷиаи зиёд гардиданд.

Тоҷикистон ва мардуми шарафманди он низ борҳо тавассути дасти душманони миллат бо истифода аз сатҳи пасти худшиносиву худогоҳӣ ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқии баъзе шаҳрвандони мамлакат ба ҳаводиси барои ҷомеаи мо номатлуб кашида шуданд, ки оқибати амали беандешонаи онҳо  ба фоҷиа расонид. Бинобар ин, мо ба Конститутсия ҳамчун асоси устувории давлат ва ҷомеа рӯз то рӯз итминони комил пайдо намуда, риоя ва таъмини муқаррароти онро заминаи рушди давлати соҳибихтиёри худ меҳисобем.

Пайдоиши афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи башариро зиёда аз се ҳазор сол арзёбӣ менамоянд. Дар ин раванд ғоя ва андешаҳои гуногуни сиёсию ҳуқуқӣ оид ба давлат ва ҷомеа, давлатсозӣ ва ҷомеасозӣ, нақши инсон ҳамчун бузургтарин  созанда ва пешбарандаи таърих, ҳокимият, моликият ва арзишҳои маънавӣ рӯйи кор омаданд, ки онҳо бо хусусиятҳои моҳиятии худ ба назарияи конститутсионализм ворид буда, асосҳои назариявӣ ва появии онро ташкил медиҳанд.

Эволютсияи дурударози мафҳуми имрӯзаи  конститутсия шаҳодати он аст, ки  аз лаҳзаи ба афкори сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ворид шудани ин мафҳум, он ҳамчун санади дорои тавоноӣ, яъне, барпокунанда, муқаррар ё муайянкунанда, бунёдгузоранда ва таъсисдиҳанда фаҳмида мешуд ва вайрон кардани талаботи ин санад оқибати ногувордошта арзёбӣ мегардид. Ҳақ бар ҷониби олими англис Томас Гобсс мебошад, ки дар китоби худ «Левиафан» истилоҳи «қонуни асосиро қонуне меҳисобид, ки бекор кардани он давлатро вайрон намуда, ба анархия бурда мерасонад».

Аббат Сийэс дар рафти Инқилоби бузурги буржуазии Франсия қайд мекунад, ки «Ин қонунҳо на бо он мазмун қонунҳои асосӣ ҳисоб меёбанд, ки онҳо метавонанд аз соҳибихтиёрии давлат боло бошанд, балки барои он қонуни асосӣ ҳисоб меёбанд, ки муассиси дар асоси онҳо арзи вуҷуддошта ва амалкунанда наметавонад ба онҳо дахолат намояд».

Қонуни асосӣ ва қонунҳои конститутсионӣ  гуфта, конститутсияро дар назар доштанд, ки ин анъана қариб то нимаи аввали асри XX идома ёфт. Бинобар  ин, ғоя ва андешаҳои гуногуни сиёсию ҳуқуқӣ хусусиятҳои худро дар сохтори конститутсионии конститутсияҳои ҷаҳон пайдо намуданд.

Аз ин рӯ, назарияи конститутсионализм ва конститутсия муҳимтарин ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ  буда, моли инсоният, натиҷаи рушди афкори фалсафию  сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки дар пайдоиши он, побарҷоӣ ва расидан то ба дараҷаи назария, консепсия, амалия ва санади навишташуда нақши олимону мутафаккирони ҳамаи халқҳои олам, аз ҷумла, фарзандони барӯманди миллати мо низ, ҳаст.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15 — умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист.

Бояд  гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст. Аз ин рӯ, тоҷикон, ки дорои фарҳанги волои инсондӯстӣ мебошанд, татбиқи орзуву ормонҳои ниёкони гузаштаи хеш ва ҳадафу талошҳои донишмандону мутафаккирони худро дар хусуси инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, қадру қимат ва шаъну номуси ӯ ба Конститутсияи худ ҷой доданд».

Мазмуни калимаи лотинии «конститутсия» барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 25 соли мавҷудияти худ ба ин хусусиятҳои сиёсию ҳуқуқӣ пурра ҷавобгӯ будани  худро нишон дод. Муқаррарот ва принсипҳои дар он ифодаёфта инъикоси ин санади сарнавиштсоз мебошанд.

Конститутсия арзиши бунёдии ҳуқуқӣ, самараи ислоҳоти конститутсионӣ мебошад, ки ба демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон боис гардид.

Бинобар ин, ҷиддан баланд бардоштани аҳамият ва нақши Конститутсияи мамлакат, аз ҷумла, дар низоми давлатдорӣ, низоми сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз боз ҳам боло рафтани ҳаёти ҷамъиятӣ — сиёсӣ ва давлатӣ, ташаккули шуури оммавии конститутсионӣ, ҷамъиятӣ ва фардӣ, фарҳанги конститутсионӣ-ҳуқуқӣ,  ки дар маҷмӯъ, талаботи объективӣ ва аввалиндараҷаи ҷомеаи Тоҷикистон, инчунин, тамоюл ва шартҳои пешравии иҷтимоӣ ва ҳуқуқи замони муосир мебошад, вобастагии амиқ дорад.

Конститутсия дорои арзишҳои конститутсионӣ мебошад, ки онҳо дар мазмуну муҳтавои ин санад инъикос ёфтаанд. Арзиши иҷтимоӣ-ҳуқуқии конститутсия дар давлат на дар мавҷудияти конститутсия, балки дар ҳузури конститутсияи ҳуқуқӣ мебошад, ки дар худ принсипҳои ҳуқуқӣ, идеалҳо ва арзишҳои олии умумибашарӣ, идеалҳои ҳуқуқии ба ҷомеаи демократии озод ва давлати ҳуқуқбунёд комилан мувофиқро дар бар гирифта бошад. Аз ин рӯ, арзиши иҷтимоӣ-ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки  он натиҷаи  ризояти тамоми қувваҳои сиёсӣ, қишрҳои ҷомеа ва ба инобат гирифтани манфиатҳои онҳост. Конститутсияи мамлакати мо асоси суботи бардавоми сиёсии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар он, рушди ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки ба арзишҳои воқеии конститутсия аз сатҳи амалишавии онҳо баҳо дода мешавад. Ҳама вақт миёни муқаррароти конститутсионӣ ва ҳақиқати воқеӣ мухолифат мавҷуд аст, зеро муқаррароти конститутсионӣ нисбат ба  ҳаёти воқеӣ пеш мебошад ва дар баъзе давлатҳо  шароит ва кафолатҳои амалишавии онҳо нест. Дар ин ҳолат на дар бораи «конститутсияи воқеӣ», балки дар хусуси «конститутсияи фактӣ» ҳарф мезананд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун ҳама конститутсияҳои ҷаҳон, хусусият ё муқаррароти ҷорӣ ва стратегӣ дорад. Ба амал баровардани ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ эътироф шудаанд, пурра аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Мақсади ниҳоии халқи мо бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва иҷтимоӣ аст. Кӯшишҳои роҳбарияти давлат дар самти татбиқи ҳадафи стратегии давлат имконият фароҳам оварданд, ки мамлакат дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ҷойгузин гардад.

Ҳамин тариқ, итоатгари қонун будан, волоияти қонунро таъмин кардан, ки мутафаккирони тамоми давру замон таъкид бар он доштанд, бо мурури замон «ба волоияти Конститутсия», «арзиши олӣ ва эътибори олии ҳуқуқӣ доштани Конститутсия», «риояи бечунучарои Конститутсия ва мустақиман амал намудани меъёрҳои он» ва ғайра табдил ёфт.

Конститутсия синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя  аз таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои қабул кардани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70 — солаи конститутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро  қабул ва эълон намуд. Қабули Конститутсия ба давраи шикасти низоми авторитарӣ — тоталитарии идоракунии шӯравӣ,  давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки якпорчагӣ ва Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад ва чунонки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон қайд намуданд: «Халқи Тоҷикистон, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ… нахустин Конститутсияи давлати соҳибис­тиқлоли худро қабул карда,…орзую ормонҳои чандинасраи ниёкони хешро амалӣ намуд».

Конститутсия фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият, дастгоҳи давлатӣ ва роҳбарияти сиёсии кишварро ба маҷрои конститутсионӣ равона сохт. Давлат тамоми имконият ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ ёфтан аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сафарбар намуд.

Бояд зикр кард, ки таъмини волоияти Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва муайянкунандаи қоидаи амал ва рафтори навиштаи давлат ва ҷомеа бе фарҳанги волои конститутсионӣ ғайриимкон аст. Фарҳанги конститутсионӣ аз муносибати шахсони мансабдор ва ҳар узви ҷомеа ба Конститутсия бармеояду, ба риояи бечунучарои меъёр ва принсипҳои он аз тайёр будани давлат ва ҷомеа барои зистан дар фазои конститутсионӣ баҳо дода мешавад. Дар ин замина аҳамияти фарҳангии  Конститутсия барои давлат ва ҷомеа, ҳамчунин, таъсири фарҳанг ва анъанаҳои ташаккулёфтаи миллӣ ба Конститутсия ва дар навбати худ таъсири Конститутсияро дар рушд ва таҳкими фарҳанги миллӣ махсус бояд қайд кард. Ҳақ бар ҷониби Д. Левин аст, ки дар тадқиқоти худ бахшида ба 200-солагии Конститутсияи ИМА муҳимияти махсуси ин санадро нишон дода, қайд менамояд, ки «Конститутсия — ин на матн, ин низоми арзишнок аст, арзишҳое, ки зинда буда, такрор мешаванд ва ҳаёти ҷомеаро пеш мебаранд».

Хусусияти фарҳанги конститутсионӣ дар он ифода меёбад, ки «қонуни асосӣ» бояд дар худ ҳама гуна низоми эътирофшудаи арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар бар гирад, ҳифзи боэътимодноки онҳоро кафолат дода, устуворӣ ва пешравии мамлакатро, махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои замони муосир, ки инсоният ба онҳо рӯ ба рӯ шудааст, таъмин  карда тавонад.

Мо бояд моҳияти ин санади олии  тақдирсози миллатро аз ҳарвақта дида бештар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳояшро онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин  ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллии худ — ватану ватандорӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш, онро ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф созем. Аз хотир набарорем, ки устувории Конститутсия устувории ҷомеа ва давлат ва устувории ҷомеа ва давлат устувории Конститутсия мебошад.

Итминони комил дорем, ки шаҳрвандони мамлакат ҷашни қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар фазои худшиносиву худогоҳии миллӣ,  ваҳдати миллӣ, тинҷию оромӣ ва якпорчагии давлати ҳақиқатан иҷтимоию шаҳрвандӣ пешвоз мегиранд. Меъёрҳои онро бо мазмуни нав ва воқеияти таърихӣ кашф ва дарк менамоянд, таҳким мебахшанд ва дар роҳи инкишофи давлати мутамаддини худ чароғи ҳидоят месозанд.

К. КАРИМОВ, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ