Нагузорем, ки сулҳу субот халалдор гардад

№87 (3567) 05.07.2016

default_80852200Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санадҳои низоми сиёсии мамлакат маҳсуб мегардад, зеро дар он Сарвари давлат паҳлуҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва робитаҳои хориҷии ҷумҳуриро мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода, раванди фаъолияти сохторҳои Ҳукумати кишварро муқаррар сохта, ҳар як фарди кишварро барои созандагӣ ва ҳаёти осоиштаву шоиста ҳидоят менамояд.

Терроризм ва экстремизме, ки имрӯз дар мамолики Шарқ, махсусан кишварҳои мусалмоннишин, паҳн гардидааст, зуҳуротест, ки дар натиҷаи фаъолиятҳои чандинсолаи гурӯҳҳои гуногун бунёд ёфтааст ва аксари давлатҳо дар низоми сиёсати амниятии худ инро сарфи назар кардаанд. Гурӯҳҳои мазкур дар дохили аксар кишварҳое, ки имрӯз дар онҳо ҷанги хонумонсӯз ва ваҳшонияти беназир идома дорад, мактабҳои низомию ҳарбии худро бунёд карда, барои ба даст овардани ҳукумат ва таъсиси давлат кӯшиши зиёд мекунанд. Дар натиҷа, ҷавонон чун «муҷоҳид» ва «шаҳидони роҳи ислом» имрӯз боиси марги афроди мусалмон ва афроди бегуноҳ мегарданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вазъияти феълии мамолики Шарқро, ки ғарқи гирдоби терроризму экстремизм гардидаанд, баррасӣ карда, ҳамон таъкиди худро, ки аз минбари баланди СММ баён карда буд, хотирнишон намуд: «…террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Ваҳшонияте, ки имрӯз баъзе кишварҳои мусалмониро фаро гирифтааст, дар таърих назир надорад. Вобаста ба ин масъала Президент чунин ибрози назар карданд: «…зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд».

Дар ҳақиқат, ҷангу кушторҳое, ки имрӯз аз ҷониби ба ном «Давлати исломӣ» рух дода истодаанд, ба дини мубини ислом ҳеҷ иртибот надоранд. Худованд дар сураи «Моида» (ояи 32) чунин фармудааст: «Ҳар кӣ касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо куштааст». Дар ин замина, дар китоби «Суннан-ан-Насоӣ» аз Абдуллоҳ писари Амр ривоят шудааст, ки Пайғамбари Худо (с) гуфтанд: «Ҳароина заволи дунё осонтар аст дар назди Худо аз куштани як марди мусалмон».

Амалиёти террористию экстремистии «давлати ба ном исломӣ» дар Сурия ва дигар кишварҳои арабӣ, барои мардуми сайёра мушкилӣ пеш овардааст. Ба андешаи Саъдии Шерозӣ:

 Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Зимни суханронии хеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳодисаи аз ҷониби фарзанд ба қатл расидани модар дар Сурия ишора карда, онро сахт маҳкум намуда, ин кирдорро аз доираи одобу ахлоқи инсонӣ ва дину имон берун донистанд.

Пайғамбари Худо (с) дар ҳадисе овардаанд, ки ҳатто бар модари худ, ки дар дини ту нест, эҳтиром бигузор. Дар ҳадисе ривоят шудааст, ки Асмоа, духтари ­Абӯбакр, гуфт: «Модарам дар ҳоле ки мушрика буд (исломро напазируфта буд), мутамоил (ё ҳаросон) ба наздам омадааст. Оё бо ӯ иртибот барқарор кунам? (яъне вохӯрам ва суҳбат кунам?)». Пайғамбар гуфтанд: «Оре» («Саҳеҳи Муслим»). Ё аз Муовия ибни Ҷаҳимаи Саламӣ нақл шудааст, ки Ҷаҳима ба назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: «Эй Расули Худо, омадам, то дар бораи ҷаҳду кӯшиш барои пешрафти дин аз ту маслиҳат бипурсам». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Оё модарат зинда аст?» Гуфтам: «Оре». Он гоҳ Ӯ гуфт: «Ҳамроҳи ӯ (ва дар хидмати ӯ) бош, зеро биҳишт зери пойи ӯст» (Суннан-ан-Насоӣ»).

Ба воситаи таблиғу ташвиқ баъзе ҷавонони ноогоҳи тоҷик ба гурӯҳҳои экстремистӣ гаравидаанд. Оид ба масъалаи мазкур Сарвари давлат чунин иброз намуд: «Ҳодисаҳои зикршуда, равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромию осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем».

Дар заминаи таъкидҳои мунтазами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди ҷомеа бояд ҳамеша зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва нагузорад, ки ба сулҳу суботи мамлакати мо халал ворид гардад.

Лутфулло САФАРОВ,

ноиби ректор оид ба таълими Донишкадаи исломии Тоҷикистон, дотсент,

Маҳмаддовуд САЛОМОВ, дотсенти ДМТ