Носеҳи норостхӯ

№15-16 (4277-4278) 04.02.2021

Миллати шарафманд ва бонангу номуси тоҷик дар таърихи чандинҳазорсола аз ҳуҷумҳои ногаҳониву ноҷавонмардонаи «фарзандон»-аш ҷабри зиёд дидааст. Ба ёд орем қаҳрамониву бебокии Темурмаликро, вале кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиат мулкро ба дасти чингизиён дода буданд. Хуни ин гуна ашхос ҳоло дар шарёни Муҳаммадиқболи Садриддин барин хоини миллат ҷорист. Филми мус­танади «Бешараф», ки аз тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат нишон дода шуд, чеҳраи аслии ин бешарафро муаррифӣ намуд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муовини якуми раиси фраксияи ҲХДТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Гулбаҳор Назирӣ ба АМИТ «Ховар» дар ин бора ибрози назар кардааст.

Ба қавли ӯ, дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, вазъи ноороми сайёра, тағйир ёфтани раванди зиндагӣ як зумра нокасон ба хоҷагони хориҷиашон паноҳ бурда, дину мазҳаб, Ватану миллатро фурӯхта, бо дурӯғбофию буҳтонзанӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ Давлату Ҳукумати Тоҷикистонро бадном месозанд.

«Ин беиқболи нотавон аз маъруфтарин лаганбардорон ва мунофиқтарин «сарбозони ҷонфидо»-и ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат ва хоҷагони хориҷӣ маҳсуб ёфта, бо суханҳои иғвоангез ба қавле «ситора» шудааст», — зикр кард номбурда.

Ӯ ҳамчунин, афзуд, ки ин бешараф худро донандаи асили ислом муаррифӣ намуда, аз дину диёнат сухан карда, мардумро гумроҳ карданист ва бо истифода аз эҳсосоти динии мардум аз даҳҳо нафар барои ба даст овардани манфиат маб­лағ гирифтааст. Моҳи августи соли гузашта ба Прокуратураи генералӣ якчанд нафар ариза навишта, изҳор доштанд, ки Муҳаммадиқбол аз онҳо маблағи калон гирифта, барнагардонидааст. Дар маҷмӯъ, ин қаллоб аз мардум ба хотири қонеъ намудани нафсаш 430 ҳазор доллар гирифта, ба манфиати худу дӯстонаш сарф кардааст.

Ин хоини ватанфурӯш мақсад мегузорад, ки дар ҳаққи кӣ туҳматнома нависад. Ӯ банди нафсу пулҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷӣ вазифааш аз субҳ то шом гирд овардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ё он нафар аст. Ботинаш пур аз бухлу ҳасад мебошад. Маҳз нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибис­тиқлолӣ аст, ки ҳоло ба бешарафӣ ном баровардааст.  Аммо яқин, ки ӯ ба хотири манфиатҳои хешу дӯстон миллатро кайҳо фурӯхтааст. Агар Муҳаммадиқбол заррае нангу номус медошт, агар Ватанро аз дилу ҷон дӯст медошт (ҳамон гуна ки дар нигоштаҳояш меорад), дар ҳаққи чеҳраҳои маъруфи кишвар чунин туҳмату буҳтонро намекард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол қабл, зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар вобаста ба хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла, чунин гуфта буданд: «Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгаройӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша бар решаи хеш мезананд. Мардуми тоҷик инро бояд донад. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем».

Ҳаводиси охир, паҳншавии бемории сироятӣ ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ин ҳақиқатро собит сохт, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда аст ва шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ ҳоло ҳам паст нашудааст. Мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва дар умум, ҳама зуҳуроти номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир, дастҷамъӣ ва муттаҳидии фаъолони ҷомеаро тақозо менамояд.

Ҳоло Тоҷикистон бо ибтикору дастгирӣ, заҳматҳои доимии Пешвои миллат ва саҳми пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба давлати ободу амн табдил ёфтааст. Дар натиҷаи иқдомҳои ҳадафмандона рушди устувори миллӣ дар мамлакат таъмин гардида, ҷиҳати беҳдошти зиндагии сокинон шароит фароҳам гардидааст.

Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, таҳкими истиқлол, рушди иқтисодиёти миллӣ, пойдории иҷтимоӣ ва суботи сиёсии кишварамон, ҳамчунин, баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, неру ва имконияти мавҷударо сафарбар менамоем.

Дар оғози соли нави мелодӣ, ки соли ҷашнҳои бузурги миллат, аз ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар маъракаҳои муҳими сиёсӣ мебошад, зарур аст, ки аз пештара бештар фаъол ва ҳушёру зирак бошем. Тамошои филми «Бешарафӣ» дар шинох­ти дӯсту душман, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳидояти ҳамдигар ба бунёдкорию созандагӣ метавонад бароямон сабақи бузург бошад.

- Ҳоло барои мо беҳтарин неъмат сулҳу осоиш ва дур будан аз риёкорист, зеро риёкору ватанфурӯшро ҳам Худо ва ҳам миллат ҳаргиз намебахшад, — гуфт дар хотимаи суҳбат Гулбаҳор Назирӣ.

София ШОИК