Шӯро байни Роҳбари давлат ва ҷавонон қаробати самарабахш ба вуҷуд меорад

№87 (3567) 05.07.2016

Раиси КЧВСЧанде пеш нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Роҳбари давлат, аз ҷумла қайд кард, ки «ҳадаф аз таъсиси Шӯро дар ҳузури Президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад».

Оид ба вазифаҳои Шӯро, дигар паҳлуҳои фаъолияти он раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ­Тоҷикистон, котиби масъули он Абдуллозода Аҳтам Рустам минҷумла чунин гуфт:

 

- Бо таъсис ёфтани Шӯро таваҷҷуҳи масъулин ба мушкилоти қишри ояндасоз зиёд гардида, татбиқи босифати сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷумҳурӣ устувор мегардад. Пешвои миллат дар ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки дар марҳилаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷалби ҷавонон, хусусан, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад. Пеш аз ҳама, тарбия намудани насли худшиносу худогоҳ, донишманду созанда, соҳибмаълумоту соҳибкасб ва бо ин роҳ ба вуҷуд овардани заминаи боэътимод барои ҷомеаи ояндаи Тоҷикистон мебошад, ки дурнамои фаъолияти Шӯроро муайян менамояд. Боиси ёдоварист, ки дар ҷаласаи нахустини Шӯро намояндагони ҷавонон иштирок намуда, қисме аз онҳо бо дархосту таклиф ва пешниҳодҳои мушаххас дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Баъди ҷаласаи Шӯро нақшаи чорабиниҳо иборат аз 33 банд ба тасвиб расид, ки он баҳри иҷро ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. Ҳамрадиф бо ин, дар сатхи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шӯроҳои миллии кор бо ҷавонон таъсис ёфтааст, ки дар онҳо роҳбарони аввали шаҳру навоҳӣ раисиро ба уҳда доранд.

Кумита минбаъд низ ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд, тадбирандешӣ менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки вазифаҳои низомномавии Шӯро аз 8 банд иборат буда, дар он паҳлуҳои ҳаёти ҷавонон возеҳ дарҷ шудааст. Масъалаҳои марбут ба тат­биқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва қабули қарорҳои дахлдор вобаста ба рушд ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ҳамоҳангӣ бо мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои фаъолияти пурсамар дар самти кор бо ҷавонон, пешниҳод намудани хулоса оид ба таъсиси муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон аз ҳамин ҷумлаанд.

Мутмаинам, ки Шӯро дар оянда байни Роҳбари давлат ва ҷавонон қаробати самарабахш фароҳам оварда, ба ин васила, дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд.

Шоистаи зикр аст, ки Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 43 нафар, аз ҷумла Раис, муовини раис, котиби масъул ва аъзои он иборат аст.

Раиси Шӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали раиси Шӯро – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби масъули Шӯро – раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамчунин, ҳайати Шӯро аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории алоқаманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон иборат мебошад.

Бо дарназардошти он ки аъзои Шӯро шахсони аввали вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбанд, масъалаҳое, ки монеаи амалигардонии босифати сиёсати давлатии ҷавонон мегарданд, дар муҳлати муайян ҳалли худро пайдо менамоянд.

Ҷавононро ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки сатҳи эътимод ба онҳо хеле баланд аст.

Боиси хушнудист, ки ҳар як мулоқоти Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон бо рӯи кор омадани як ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад.

Таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, стипендияи президентӣ, квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии Дурахшандагон, грантҳои ҳукуматӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷоиза барои варзишгарон, инчунин баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фес­тивалҳо, семинарҳои омӯзишиву суҳбатҳову мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ, ҳарбиву варзишӣ ва ба ин монанд аз иқдомҳои наҷиб ва хирадмандонаи Президенти Тоҷикис­тон маҳсуб меёбанд.

Биноан, ҷавонони моро зарур аст, ки ба ин ғамхориҳо бо донишандӯзиву ташаббусҳои созанда, интихоби касбу ҳунари мувофиқ ва бо дарки баланди масъулияти инсониву ватандӯстӣ ва худшиносӣ баҳри ободиву шукуфоии ин сарзамини аҷдодӣ, рушди илму техника, ташаккули маърифати шаҳрвандию зиракии сиёсӣ ва бунёдкорӣ посух гӯянд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»