Тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавононро ҷоннок бояд кард, — чунин андеша дорад Фозилбобо Азимов

№52 (4002) 09.05.2019

777777Фозилбобо Азимов 97-сола аст, полковники мустаъфӣ. Ӯ аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди душмани ғаддор ҷангидааст.

- Ман 21 июли соли 1941 ба фронт рафтам, — мегӯяд ӯ, — он вақт дар курси сеюми Донишкадаи саноати бофандагии шаҳри Тошканд таҳсил мекардам. Моро аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Тошканд ба хизмати Модар – Ватан фиристоданд. Худи ҳамон сол бригадаи 99-уми дивизияи кавалерии Ӯзбекистон ташкил гардид, ки аз се полк иборат буд. Ба яке аз онҳо (полки кавалерии 262-юм),  подполковник (генерали оянда, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ) Собир Раҳимов фармондеҳӣ мекард.

Пайроҳаи ҷангии қаҳрамони мо ба шаҳри қаҳрамон — Сталинград мерасад. Бино ба гуфти ӯ, моҳи июли соли 1942 фашистон ин шаҳрро сахт бомбаборон карданд. Аскарону афсарони советӣ, ки дар қатори онҳо Фозил Азимов низ буд, баҳри ҳимояи шаҳр 75 шабонарӯз аз хандақ набаромада, бар зидди аскарони фашист мардонавор ҷангиданд. Ниҳоят, ба онҳо муяссар шуд, ки 3 марти соли 1943 шаҳрро аз дасти фашистон озод кунанд. Маҳз ҳамон шабу рӯз лашкаркаши маъруфи немис, генерал Фон Паулюс ба асорат афтод.

- Сталинград, дар баробари мардонагии аскарон, ба шарофати ақлу хирад ва заковати баланду малакаи ҷангии лашкаркашони маъруф, аз қабили Маршалҳои Иттифоқи Советӣ Г. К. Жуков ва К. К. Рокоссовский аз фашистон озод шуд, — варақгардон мекунад дафтари хотираҳояшро Фозилбобо.

Баъди озод кардани Сталинград Фозил Азимовро ба Омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Саратов мефиристанд. Ӯ дар он ҷо курси кӯтоҳмуддати афсари десанти ҳарбӣ-ҳавоиро хатм мекунад. Минбаъд  ҳаёти ҷангиаш дар ҳайати корпуси 39-уми гвардиягии десанти ҳавоӣ идома меёбад. Сипас, дар ҳайати фронти 2-юми Украина, дар озодкунии Полшаю Венгрия ва Чехословакия корнамоии зиёд нишон медиҳад. Корпусе, ки ӯ дар ҳайати он меҷангид, масофаи 700 километрро тай намуда, 10 ҳазор метри мураббаъ масоҳат, зиёда аз 1000 маҳали аҳолинишин ва 34 шаҳрро озод кардааст.

- Корпуси мо соли 1944 яке аз аввалинҳо шуда, ба пойтахти Австрия — шаҳри Вена даромада буд, — мегӯяд Фозилбобо.

Вай дар солҳои ҷанг ду маротиба сахт захмӣ шудааст: бори нахуст ҳангоми озод кардани  Сталинград аз  сараш ва маротибаи дуюм дар остонаи шаҳри Прага аз синаи чапаш.

Фозил Азимов барои корнамоии ҷангӣ бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаҳои I ва  II, медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои озод кардани Австрия» ва қариб 20 медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шудааст.

Дар хотираи ин родмарди Ватан ду лаҳзаи басо ҳассос аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст, ки онро фаромӯш карда наметавонад:

- Ҳодисаи аввал дар шаҳри Сталинград рух дода буд, — ба шарҳи онҳо мепардозад, бобои Фозил.  — Аз он ки разведкаи фашистон хуб кор мекард, онҳо аз омадани ҳайати мо пешакӣ бохабар шуда, чунон «пешвоз» гирифтанд, ки ҳайрон шудем, чӣ кор кунем. Ҳанӯз аз поезд нафаромада, самолётҳои душман моро бомбаборон карданд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки зинда мемонам. Хуб дар хотир дорам, ки дар як чуқурӣ 9 нафар панаҳ бурдем. Вақти бомбаборон як аскари рус худро ба болои ман партофт. Вай ҳалок шуд, аммо ман зинда мондам…

Шаҳри Венаро низ фаромӯш карда наметавонам. Вақте асирони ҳарбиро озод мекардем, як писарбачаи тахмин 11- сола дар байни онҳо буд. Баъд фаҳмидам, ки ному насабаш Алеша Криворучко, миллаташ украин ва аз марг тасодуфан амон ёфта будааст. Мо ӯро ҳамроҳ гирифтем. Бо ман унс гирифт, «батя» — гӯён муроҷиат мекард. Ҷанг тамом шуд. Тақдир моро ба ҳар тараф бурд. Аммо риштаи дӯстиамон барқарор монд. Дидори охиринамон бо ӯ соли 1978 дар соҳили дарёи Влатваи Чехословакия сурат гирифт. Бо ҳамин вай бедарак шуд…

Қаҳрамони мо баъди Ғалаба, моҳи августи соли 1945, барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба ноҳияи Синзяни Ҷумҳурии  Халқии Хитой фиристода мешавад ва бо ҳамин қисмати худро ба соҳаи ҳарбӣ мепайвандад. Таи 41 соли хизмат аз командири взводи Қӯшунҳои десанти ҳавоӣ то ба вазифаи ҷонишини сардори ситоди полк мерасад. Аз соли 1963 то 1973 командири баталиони алоҳидаи радиотехникии қисми ҳарбии 73527, воқеъ дар шаҳри Бӯстон (Чкаловск), буд.

Соли 1973 Фозилбобо Азимов ба нафақа баромад. Аммо дар хона нанишаст. Маҳорати баланди ташкилотчигӣ ва садоқаташро ба халқу Ватан ба назар гирифта, ба вазифаҳои сардори шуъбаи алоқаи ноҳияи Хуҷанд (1974-1978), роҳбари базаи сайёҳии шаҳри Қайроққум (1979-1982), лектори Ҷамъияти «Дониш»-и вилояти Ленинобод (1982-1993) таъин намуданд.

Алҳол саломатии Фозилбобо хуб аст. Китобхонӣ ва бозии шоҳмотро дӯст медорад.

- Шоҳмотбозӣ машқ барои майна аст, — мегӯяд ӯ, — аз фаромӯшхотир шудан эҳтиёт мекунад, инчунин қувваи ҳофизаро қавӣ месозад.

Хулласи калом, имрӯз Фозил Азимов дар иҳотаи 4 духтару 7 набера ва 8 абера давлати пирӣ меронад.

Зимни суҳбат ман аз ӯ пурсидам:

- Чӣ бояд кард, ки ҷавонон монанди шумо ва ҳамяроқонатон ихтиёрӣ ва бо сари баланд ба адои хизмати ҳарбӣ раванд?

- Бояд корҳои тарғиботиро байни насли наврас пурзӯр кард. Вохӯриву мулоқотро бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зуд-зуд гузаронд. Бигзор онҳо қаҳрамонони зиндаро  бинанд. Ёд дорам, дар замони шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин гуна чорабиниҳо мунтазам барпо мешуданд. Аммо ҳоло ба ҳукми фаромӯшӣ рафтаанд. Мо омодаем, ки бо ҷавонон вохӯрем, хотираҳои ҷангиро нақл кунем.

Баъдан, филмҳои ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидаро низ мунтазам намоиш додан лозим аст. Бешак, ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯс­тии ҷавонон мусоидат мекунад.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»