Зиёӣ ва зиёинамой

№54 (4004) 14.05.2019

Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳо, ки боиси низоъ ва даргирии зиёди хунин дар манотиқи гуногуни сайёра, махсусан, дар кишварҳои мусулмонӣ, гардидааст, давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, дар пайи андешидани тадбиру чораҳои муассир саргардон кардааст.

Суиистифода аз дину мазҳаб­ҳо, сиёсӣ кардани ислом ва бар асоси хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ парокандани тухми кинаву адоват, ҳамчунин, нохун задан ба эҳсоси мазҳабии мардуми минтақаҳои мусулмоннишини Ховари Миёна, барои коргардонон ва таҳиягарони сенарияҳои муосири сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҳайси васила ё абзори калидӣ хидмат мекунад. Илова бар ин, дар заминаи бархӯрдҳои мазҳабӣ ва шикастани ҳувияти миллӣ низомҳои динӣ-мазҳабӣ дар минтақаҳо ба таври сунъӣ созмон меёбанд ва сохтори сиёсӣ ва давлатӣ бар мабнои сиёсати мазҳабӣ шакл гирифта, барномаи сохтмони давлатҳои динӣ дар минтақаҳои гуногуни Шарқи мусулмонӣ тарҳрезӣ мешавад. Ин тарзи кор ба унвони стратегияи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳадафи меҳварии бозиҳои геополитикии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад ва ҷиҳати даргир сохтан ва бесубот кардани минтақаҳо амалӣ мегардад. Ин аст, ки ҷомеаҳо ҳар қадар ба низоми сиёсии дунявият тамоюл пайдо намоянд, ҳамон қадар имконияти коҳиш ёфтани даргирию ноамниҳо даст медиҳад ва раванди озодию истиқлоли миллӣ таҳкиму тақвият меёбад. Танҳо низоми сиёсии демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сӯйи он қадамҳои устувор бардошта истодааст, метавонад ормонҳои миллӣ ва мардумиро дар амал татбиқ намояд ва роҳи рушду тараққии давлат ва ҷомеаро ҳамвор созад.

Мусаллам аст, ки мафҳуми «зиё» ва исми шахси «зиёӣ» дар силсилаи вожаҳои ҳаммаънои тоҷикии «равшандил» (равшанзамир, зиндадил, огоҳу доно), «равшанрой» (равшанфикр, он ки дорои азм, рой, тадбир ва андешаи равшан аст), «равшанравон» (равшанзамир, равшандил, зиндадил, ҳушёр, огоҳ ва доно), «равшанфикр» (доно ва боҳуш, он кӣ дорои фикр ва андешаи равшан аст), «равшангар» (равшансозанда, ҷилодиҳанда, сайқалгар ва низ ба маънии муфассир ва тафсиркунанда), «равшанниҳод» (хуштинат, поктинат, он ки табъу хӯйи пок ва равшан дорад) мавриди истифодаи васеъ қарор гирифта, ҳоло низ дар муоширати рӯзмарра дар гардиши фаъол аст. Бояд зикр кард, ки шахси зиёӣ дар андешидан, доварӣ ва санҷиши умури иҷтимоӣ. сиёсӣ, мафкуравӣ, маданӣ, ахлоқӣ бар ақлу мантиқи зинда, андешаҳои нав, мутараққӣ ва озодихоҳона такя мекунад, на бар боварҳои хушку мутаассибона, иртиҷоӣ ва муҳофизакорона.

Чун зиёӣ ва равшанфикр бо ҷаҳолат, хурофот, таассуб, суннатписандӣ ва вопасгаройӣ, ки умдатан, бо иртиҷоъхоҳӣ ва муҳофизакорӣ тавъаманд, ҳамвора дар муборизаву муқовимати шадид аст, зотан, ба хурофоту таассуб дар ҳар шакле даргир мешавад. Ин даргирӣ ва муқовимати ҳадафмандона хатти маши зиёиро аз табақоти дигари иҷтимоӣ ҷудо мекунад. Роҳу масири ҳаракати зиёӣ дар ҳар давру замоне муайян ва мушаххас аст: ҳалли мушкилот ва масоили ­фикрӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа ва дар зимн, наҷоти иҷтимоъ аз хатар ва вабои доимӣ – хурофот ва таассуби динӣ-мазҳабӣ ва сиёсию миллӣ. Дар ин амр зиёӣ ҳатто ҷонашро ба гарав мемонад ва рисолати иҷтимоӣ, фикрӣ ва дар маҷмӯъ, инсониашро сомон медиҳад.

Меъёрҳои фавқ табақаи зиёӣ ва равшанфикриро дар ҷомеа созмон дода, мустақилияти онро дар баробари ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ таҳкиму тақвият мебахшанд. Набудани тафоҳуми фарҳангӣ ва иттиҳоди миллӣ миёни зиёиёну фарҳангиёни кишвар дар солҳои навадуми асри бистум боиси ба вуҷуд омадани шикофи бофтҳо ва комилан заиф шудани баданаҳои иҷтимоӣ гардида, минбаъд низоъҳои динӣ-мазҳабӣ ва сиёсиро дар шакли хашин ба бор овард. Таҷрибаи талхи солҳои навадуми асри XX-ро насли зиёии кишвар бояд ҳамеша мадди назар қарор диҳад ва дар шароити феълӣ, пеш аз ҳама, нерую тавони илмӣ, сиёсӣ ва эҷодиашро сӯйи тафоҳуми фарҳангӣ, иттиҳод ва манофеи миллӣ равона созад.

Ҳоло зарурати шинохти зиёиёни воқеӣ, мардумӣ ва асил аз зиёиёни мунҳариф, дурӯя ва шуҳратталаб пеш омадааст, ки бо суиистифода аз бовар ва эътимоди давлату ҷомеа ба самти ақибмондагии фикрию иҷтимоӣ ҳаракат мекунанд.

Давлат ҳамеша ба зиёиёни асил, мардумӣ ва ростин такя мекунад. Мутаассифона, алҳол қисми зиёди зиёиён аз баррасии масоили мубраму доғи кишвар худро канор гирифта, ба мушоҳидакорӣ ё бетарафӣ тамоюл пайдо кардаанд. Аз чунин афрод бояд пурсон шавем, ки чаро масъулияти бунёди ҷомеаи навро бар дӯши дигарон ва хусусан, бар дӯши фарзандони худ вомегузоранд?! Баъзе аз қишрҳои ҷомеа бо сабабҳои маълум ба бемории тундгаройии динӣ (радикализм) гирифтор шудааст ва майл ба парастиши суннатҳои бегона, хурофот, ақидаҳои ақибмондаи динӣ дар ин тоифа ба назар мерасад. Аммо аламовараш ин аст, ки қисми намоёни аҳли зиё ба муқобили ин зуҳуроти хавфнок на ин ки муқобилат нишон намедиҳанд, балки гоҳе худашон тақвиятгару тарғибгари чунин тамоюл гардидаанд. Масалан, агар ба нафаре, ки бо мардум ба мулоқот ҳозир мешаваду ба ӯ сухан медиҳанд, гӯё мулло бошад, суханашро бо иқтибос аз «Қуръон»-у ҳадис оғоз мекунад. Ходимони театр, кино ва ҳунар магар фаромӯш кардаанд, ки дин ва давлат ва мутаносибан, дин ва санъат аз ҳам ҷудоанд? Магар фаромӯш кардаем, ки дар Конститутсия давлати мо давлати дунявӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд нишон дода шудааст?

Алҳол ҳар нафаре, ки таҳсилоти олӣ дорад ва дар муассисоти илмию фарҳангӣ, эҷодию ҳунарӣ фаъолият мекунад, даъвии зиёигарӣ менамояд, дар ҳоле ки зиёӣ нафари огоҳ аз авзои сиёсию иҷтимоӣ ва маданию мафкуравӣ аст ва бо хурофоту таассуб дар ҳар шакле мубориза мебарад. Аммо роҳбарияти наҳзатӣ ва аъзои ба ном Паймони миллии Тоҷикистон низ даъвии зиёигарӣ мекунанд, ки дар масири барангехтани кинаву адоват ва ташаннуҷи хурофоти динӣ саҳми бевосита доранд. Онҳо ҳатто иддаоҳои аз ин ҳам бартару болотар намуда, фахру фазли бебаркаш мефурӯшанд. Масалан, роҳбари наҳзатиҳо борҳо шудааст, ки аз босмачиён қаҳрамон метарошад ва кореро, ки дар ибтидои давраи истиқлолият аз ҷониби чанд фурсатталаб ва ҷабрдида (пайвандон ва наслҳои мутаассибону фурсатталабони исломӣ, ки дар замони шӯравӣ мавриди писанди давлат набуданд, вале худро бо ҳар роҳу васила дар паноҳи давлат ҷо доданд, то бо даст додани фурсати муносиб аз он қасд бигиранд) роиҷ гардида буд, ҳадафмандона идома медиҳад. Ин зиёинамоён воқеияти таърихиро таҳриф намуда, боифтихор мегӯянд, ки падару бобоҳои онҳо босмачӣ буданд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки ба босмачиён пирони пантуркизми замон ва хидматгори рӯҳониёни муҳофизакор (Анварпошо, Салимпошо, Иброҳимбек ва амсоли инҳо, ки таҳти сарпарастии инглисҳо амал мекарданд) дасти ёрӣ дароз мекарданд, то «исломи ноби муҳаммадӣ»-ро дар минтақа ҳифз намоянд ва дунявиятро аз беху бунаш баркананд. Аммо роҳбарони Паймони миллӣ ҳатто намешарманд, ки рӯйи минбари дунявиён ва секулорҳои аврупоӣ нишаста, ба эҳё кардани хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ мепардозанд ва аз сӯйи дигар, худро зиёӣ ва аврупоӣ ҷилва медиҳанд. Зиёинамоён-булфузулони берунӣ аз ­паёмҳои лафзию зоҳирпарастонаи ҳангомабарангезе мисли «миллӣ», «башарӣ», «дигарандешӣ», «инсонӣ», «озодӣ», «демократӣ» ва амсоли инҳо моҳирона истифода мекунанд. Техникаву ҳилаҳои зикршударо онҳо ба хотири дар хориҷ обрӯ ва нуфуз касб кардан истифода мебаранд. Чун хуб медонанд, ки ҷомеаи маданӣ ва сиёсии аврупоӣ ба арзишҳои демократӣ — озодӣ, истиқлол, дигарандешӣ, мардумсолорӣ эҳтиром ва арҷ мегузорад, аз торҳои нозуки демократизми ғарбӣ кор гирифта, барои худ ҷойгоҳи зист, обрӯ, нуфуз ва гуфтумон дуруст мекунанд. Ин ҳила солҳост аз тариқи шиорпарокании зиёиён ва зиёинамоён корбаст мегардад.

Воқеияти кунунӣ баёнгари он аст, ки зиёиён ба бетарафӣ ва саҳлангорӣ одат карда, дар масири мубориза зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолат камфаъоланд. Зиёда аз ин, аксаран ба банди хурофоти динӣ-мазҳабӣ гирифтор шуда, дар хидмати пирони хурофот ва муршидони раванди хурофотпарастӣ қарор гирифтаанд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Аммо ҷомеаи вопасгаройӣ, ки бар асари ғафлату бепарвофалакии зиёиён ба ин дарду ноҷурӣ мубтало шудааст, ба кори фаъол ва мунсифонаи ин қишр (зиёӣ) сахт ниёз дорад ва танҳо зиёиёну равшанфикрон метавонанд ҷомеаро аз ҷаҳолатписандӣ, вопасзадагӣ, хурофотпарастӣ, суннатгаройӣ, таассубталабӣ, худхоҳӣ, беинсофӣ, беадолатӣ, бетафовутӣ, саҳлангорӣ, фурсатталабӣ, ки ҳама аз ҷаҳолату нодонӣ сарчашма мегиранд, наҷот бахшида, ба сӯйи ҷомеаи мутамаддини башарӣ ва орӣ аз хурофоту таассуби миллаткуш ҳидоят намоянд.

А. Амонӣ, коршиноси умури иҷтимоӣ