Ҳифзи дастовардҳои истиқлолият муҳиму зарурист

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

Мардуми шарафманди Тоҷикистон бо меҳнати шоиставу тафаккури волои сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ 31 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикис­тони азизамонро бо дастовардҳои нодир ва рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандориву меҳанпарастӣ таҷлил менамоянд.

Муҳимтарин дастоварди замони соҳибис­тиқлолӣ таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.

Ба туфайли Истиқлолияти давлатӣ мардуми меҳнатқарини тоҷик дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, техникаву технология, энергетика, тиб, иҷтимоиёт, ба пирӯзиҳо ноил гардид.

Истиқлолият ба мо, пеш аз ҳама, озодӣ дод, ки барои ҳар инсон мисли обу ҳаво муҳиму муқаддас аст. Инчунин, барои амалӣ гардидани орзуҳои ҳар як шаҳрванд имконияти заруриро фароҳам сохт.

Аз ин лиҳоз, мебояд, ки ҳар як фарди солим қоидаву қонунҳоро риоя намуда, барои беҳбудии зиндагӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ талош варзад.

Дар мадди аввал чунин дастовардҳои муҳим дар сиву як соли Истиқлолияти давлатӣ метавон номбар намуд: Аввалан, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва суханронии нахустини Пешвои миллат аз минбари ин созмон.

Дуюм, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хотимаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар.

Сеюм, оғози бунёди давлати миллӣ ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат, ки ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.

Чорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар.

Панҷум, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ мақоми хоса пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони барӯманди миллат.

Шашум, ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), «Оши палав» (соли 2016) ва «Чакан» (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон.

Ҳафтум, ба оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуров ва нашри  китоби «Қуръон» бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва мазҳаби ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат.

Ҳаштум, дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, бунёди нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳи оҳан дар кишвар ва ба давлати пешрафта табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард.

Албатта, дастовардҳои Тоҷикистон дар сиву як соли Истиқлолияти давлатӣ хеле зиёд буда, ба соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дахл доранд.

Истиқлолияти давлатӣ заминаи мусоидро дар самти фаъолияти мақоми олии назорати молиявӣ — Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон фароҳам овард. Ин ниҳод меваи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз рӯзи таъсисёбӣ ҷиҳати барқарор намудани маблағҳои буҷети давлатӣ, арзёбии мақсадноку самаранок истифода намудани маблағҳо ва захираҳои давлатӣ саҳми бориз гузошт. Чунончи, дар ин давра мақоми олии мазкур дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои аудиторӣ миллионҳо сомонӣ зарари молиявиро оид ба қоидавайронкуниҳо муайян ва ба буҷети давлатӣ барқарор намуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои назарраси давлатӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем.

Афзалшоҳ СОЛИЕВ,

Шаҳлои ҚУДРАТ,

кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон