Андешаҳо баъд аз мулоқот бо Президент

Имконоти нав барои соҳибкорон

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони кишвар ва баргузории Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 боиси рӯҳбаландии намояндагони бахши мазкур гардид. Зимни мусоҳибаи хабарнигорамон чанде аз онҳо таассуроти хешро чунин баён карданд:

Абдураҳим Исмоилов-муассиси Ширкати илмӣ-истеҳсолӣ ва инноватсионии «Сомон Энержи», доктори илми тиб: -Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша соҳибкоронро дастгирӣ мекунанд ва дар ҳар як ҷамъомад ва ё суҳбату мулоқотҳояшон таъкид менамоянд, ки ба соҳибкорон имконият додан лозим аст, то онҳо фаъолияташонро баҳри пешрафти Ватан сарф кунанд. Зиёда аз 80 фоизи даромади ҷумҳурӣ аз ҳисоби соҳибкорон мебошад. Дар кишварамон фазои мусоиди  сармоягузорӣ фароҳам омадааст ва соҳибкорон нисбат ба солҳои пешин ба ободию бунёдкорӣ таваҷҷуҳи бештар пайдо мекунанд. Корхонаи мо соли 2010 аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ ва умуман кишварҳои Осиёи Миёна, ба истеҳсоли лампаҳои каммасраф бо номи «Сомон» шурӯъ кард. Азбаски ҳоло асри пешрафти техникаю технологияҳои нав аст, мо низ дар ин бобат тадбирҳо меандешем. Аз ҷумла ба роҳ мондани лампаҳои барқии диодӣ талаботи замон аст, ки мо ин корро низ аз аввалинҳо шуда, шурӯъ кардем. Ин лампаҳо барои инсон тамоман безарар мебошанд ва қувваи барқро хеле зиёд сарфа мекунанд. Табиист, ки лампаҳои каммасрафи пештар истеҳсолшуда дар таркибашон симоб доштанд ва ҳангоми шикастан ба одам зарар мерасонданд, зеро ҷараёни безараргардонии он ҳоло пурра ташкил карда нашуда буд.  Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки лампаҳои каммасрафи безарарро дар истеҳсолот ҷорӣ кунем. Муҳлати хизмати лампаҳои барқии диодӣ зиёд аст ва барқро низ камтар масраф мекунад. Мо ҳоло якчанд лоиҳа таҳия ва пешниҳод кардем, ки аллакай талабгорон пайдо шудаанд. Аз ҷумла, дар роҳи байналмилалии сохташавандаи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон 26 километр системаи барқи онро пурра бунёд карда истодаем. Барои симчӯбҳои ин масир лампаҳои барқии диодиро истифода мебарем. Бо ин мақсад кор дар роҳи марказии Хуҷанд-Чкаловск, шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва Роғун низ шурӯъ шудааст.

Бо шукрона аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имконоте, ки барои мо соҳибкорон муҳайё гардидааст, дар оянда низ кӯшиш мекунем  барои таъмини амнияти энергетикии кишвар, истеҳсоли маҳсулоти ба шароити имрӯза мувофиқ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баландтар ноил гардем.

Абдураҳмон Назирматов- раиси Раёсати Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон: -Албатта, ҳар як ҷамъомаду мулоқот миёни соҳибкорон, сармоягузорон ва тоҷирон, ки бо мақсади ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба доир мегардад, бе манфиат намемонад. Махсусан, агар ин гуна ҷамъомадҳо бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гарданд. Баъди чунин мулоқот ва дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ роҳҳои ҳалли бисёр мушкилот пайдо шуда, имконоти нав барои фаъолияти пурсамар ба вуҷуд меоянд. Ман тайи як соли охир роҳбари Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ҳастам, ки он ду сол пеш таъсис ёфта буд. Бо мақсади рушди ҳунармандӣ, ки имрӯзҳо аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад, мо лоиҳаи барномаеро ба унвони «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат» таҳия ва роҳандозӣ кардаем, ки ҷараёни татбиқи он бомуваффақият оғоз гардидааст. Ин лоиҳа аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад. Шарикони мо дар амалишавии ин лоиҳа Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, Ташкилоти ғайридавлатии итолиёвии «Чезви» ва «Бизнес-клуб»-и Бишкек мебошанд. Лоиҳаи мазкур дар се давра амалӣ гардида, муҳлати татбиқи он ду солро дар бар мегирад. Алҳол мо бо ҳунармандони Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи таҷриба карда истодаем. Дар оянда мақсад дорем, ки тамоми ҳунармандони кишварро ба қайд гирифта, барои пешрафти фаъолияташон кумак расонем. Ба ин восита ҳунарҳои қадимаи тоҷиконро ривоҷу равнақ дода, ҳунармандонро дастгирӣ менамоем. Мувофиқи ин барнома бо ҳунармандони минтақаҳои гуногун дарсҳо, тренингҳо, семинарҳо гузаронида мешавад. Дар чунин машғулиятҳои омӯзишӣ мо иштирокчиёнро бо системаи андозбандӣ, тарзи ороишоти ҷолибу  мувофиқ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ шинос мекунем. Соли оянда ният дорем, ки бо ширкати ҳунармандони Тоҷикистон ва Қирғизистон як фестивал-ярмаркаи калон доир намоем.

Аз фурсат истифода бурда, мехостам изҳор намоям, ки мо баъзе мушкилот дорем ва дар сурати дастгирии мақомоти дахлдор имкон пайдо мешавад, ки пешрафти фаъолияти ҳунармандиро таъмин намоему дар рушди иқтисодиёти кишвар бештар саҳмгузор бошем. Аввал, ин ки Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон айни ҳол дар пойтахт бинои худро надорад. Дар ин замина мо ба маконе ниёз дорем, ки дар он ҷо тавонем ақаллан дар ҳар се моҳ як маротиба намоишгоҳ-ярмарка ташкил кунем. Ин тадбирҳо боиси ҳавасмандӣ ва рӯҳбаландии ҳунармандон мешавад ва ҳамзамон маҳсули дастони онҳо ба шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ дастрас мегардад.

Б.КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»