Имтиёзҳои андозӣ боқӣ мемонанд

№59 (3205) 05.06.2014

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатии хеш ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  авзои  иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои оянда муайян намуд.

Муовини раиси  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодҷон Юсупов  ба хабарнигори рӯзнома оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паём бармеоянд, чунин иброз дошт:

- Таҳлил ва муайян намудани вазъи феълӣ ва дурнамои рушди иқтисодиёти миллӣ, ки як ҷузъи муҳими онро масъалаҳои андоз ва андозбандӣ ташкил медиҳад,  аз бахшҳои муҳими Паём буд. Таъмини қисми даромади Буҷети давлатӣ,  дар баробари назорати риояи қонунгузории андоз,  аз вазифаҳои асосии мақомоти андоз  маҳсуб меёбад. Ҳамзамон яке аз омилҳои асосие, ки ба ворид шудани маблағҳои пешбинишуда ба Буҷети давлатӣ таъсири мусбӣ мерасонад, ин фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ мебошад. Нишондиҳандаҳо оид ба рушди истеҳсолот аз он шаҳодат медиҳанд, ки вобаста ба шароити мусоиди соҳибкорӣ ҳаҷми воқеии истеҳсолоти дохилӣ бемайлон афзоиш ёфта,  ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ кам мешавад. Баробари дигар омилҳо, ба раванди коҳиш ёфтани ҳиссаи иқтисоди пинҳонӣ содагардонии маъмурикунонии андоз, такмили қонунгузории соҳа ва дар он нигоҳ доштани имтиёзоти амалкунанда ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои нави андозӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Чуноне  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд, дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки аз оғози соли 2013 мавриди амал қарор дорад, барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ шудааст.  Ҳамзамон  пешниҳод шуд, ки солҳои 2013 — 2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шавад.

Давоми солҳои охир,  тибқи дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар қонунгузории андоз ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, алалхусус  дар соҳаи истеҳсолот,  имтиёзот ва сабукиҳои зиёд пешбинӣ гардид. Аз ҷумла дар таҳрири нави  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз аз фурӯши чакана пурра хориҷ карда шуд, барои молистеҳсолкунандагон меъёрҳои он тибқи низоми содакардашуда муқаррар гардид.  Тавре  дар Паём зикр гардид, имтиёзҳои андозӣ минбаъд низ боқӣ мемонанд. Аз 1-уми январи соли 2015 андоз аз фоида кам карда мешавад. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бошад,  аз 1-уми январи соли 2015 кам ва аз 1-уми январи соли 2017 умуман бекор карда мешавад.

Сарвари давлат  зикр кард, ки танҳо соли гузашта маблағи умумии имтиёзҳои пешниҳодшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дода, соли ҷорӣ он ба  4 миллиард сомонӣ мерасад  ва ин маблағҳо дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор, яъне соҳибкорон,  боқӣ монда,  ба пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат мекунанд. Илова ба ин,  супориш доданд, ки дар ҳафт соли оянда ба фонди аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсисдодаи дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷет то як миллиард сомонӣ равона шавад. Бештари маблағҳои ин фонд ба дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон пешбинӣ мегардад. Вобаста ба дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ метавон ёдовар шуд, ки се сол қабл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  нисбат ба санҷишҳои фаъолияти ин бахши соҳибкорон мораторий эълон шуда буд.

Натиҷаи чунин дастгириҳо буд, ки соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоюли рушдро касб намудааст. Дар маҷмӯъ, андозсупорандагон аз иҷрои ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо ба хубӣ мебароянд. Нишондиҳандаҳои дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2013 ва 2014 (барои семоҳаи аввали соли ҷорӣ) пешбинишуда таъмин гардид. Мутобиқи маълумот,  аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ҷумҳурӣ,  ба ҳолати 1 январи соли 2014,  дар маҷмӯъ 206 512 субъекти хоҷагидор фаъолият мекунанд.  Чунончӣ, 31 353 адад шахсони ҳуқуқӣ, 74 201 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда, 31 657 нафар соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома фаъолиятдошта, 68 957 адад хоҷагии деҳқонӣ бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва 344 адад филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

Сарфи назар аз дастовардҳои муайян, дар назди мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба боз ҳам содагардонии маъмурикунонии андоз, такмили қонунгузории соҳа, таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои компютерии низоми иттилоотии андоз, дар сатҳи замонавӣ ва байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон вазифаҳои бисёр аст. Ҳалли қисмати асосии он дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз», ки дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштааст, дар назар мебошад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»