Истифодаи сардхонаҳо болоравии нархро коҳиш медиҳад

№27 - 28 (35 07 - 3508) 02.03.2016

Holodilnaja_kamera_dlja_ovoschej_ukraina_tsena_kupit_ovoschehranilische_2 (1)«Солҳои охир афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба ҳисоби миёна беш аз ҳафт фоиз ва дар соли 2015-ум 3,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҳоло захираҳои бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзии мамлакат ташаккул ёфта, ин раванд ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва нархи маҳсулот таъсири мусбат расонида истодааст».       

(Аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Дар деҳоти «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ соли гузашта ду сардхонаи ҳозиразамон бунёд карда шуд, ки дар ҳар кадоме аз 800 то 1000 тонна меваю  сабзавот нигоҳдорӣ мешавад. Сардхонаи Ҷамъияти  дорои масъулияти маҳдуди «Биҳишти меваҳо» бо харҷи як миллион сомонӣ сохта шуда, ғунҷоишаш 800 тоннаро ташкил медиҳад. Соҳибкори маҳаллӣ, молики сардхона Фирдавс Комилов мегӯяд, ки таъсиси чунин сардхонаҳо барои соҳибкорон ва кишоварзон манфиатовар аст.  Пеш аз ҳама, бо нигоҳдории меваю  сабзавот дар ин ҷо метавон  болоравии нархро дар бозорҳо пешгирӣ намуд. Айни замон дар сардхонаи номбурда 150 тонна сабзӣ, 40 тонна хурмо, 5 тонна ангур ва 40 тонна меваҳои ситрусӣ мавҷуд буда, то имрӯз 300 тонна меваю  сабзавот барои фурӯш  ба бозорҳои пойтахт бароварда шудааст. Дар сардхонаи хоҷагии деҳқонии «Роҳатӣ» бошад, 200 тонна себ, 100 тонна хурмо нигоҳдорӣ мешавад. Ин сардхона низ соли гузашта бо харҷи як миллион сомонӣ сохта шуд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи нави рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 — 2020» қабул ва тибқи он дар панҷ соли оянда бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзори нав пешбинӣ шудааст. То ин замон дар деҳоти «Роҳатӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ 382 гектар боғу токзор бунёд шудааст ва ин нишондод то соли 2020 ба 486 гектар расонида мешавад.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»