Проблема ва мулоҳиза

Лимӯпарварӣ. Чаро кишоварзон аз хусусияту бартариҳои он огоҳии комил надоранд?

№53 (4159) 30.04.2020

Ё кӣ бояд рушди лимӯпарвариро дар дигар минтақаҳо ба роҳ монад?

belnaviny.by-ekzoticheskie-frukt-nauchilis-vyrashhivat-v-lideРушди бемайлони лимӯпарварӣ метавонад садди баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва аз ҳама муҳим, мусоидат ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат гардад.

Ин шуғл метавонад 2 — 3 фоиз захираҳои меҳнатиро дар деҳот фаро гирад. Масалан, соли гузашта, дар соли сеюми парвариш дар Хоҷагии деҳқонии «Ҳабибҷон»- и ноҳияи Кӯшониён соҳибкор Музаффар Набиев аз 0,20 га, ки 332 ниҳол парвариш меёбад, 12 тонна лимӯ ба даст овард. Ин ҳосил ба ҳар як ниҳол 36,1 килограмиро ташкил медиҳад.

Соли 1974 Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои ҷумҳурӣ дар таҷрибаи истеҳсолӣ парвариши 70 ниҳоли лимӯро дар шароити рӯизаминӣ ба роҳ монд, ки дар соли 4 — уми парвариш (1978) аз ҳар ниҳол 22,7 кг ҳосил рӯёнида шуд. Соли 1979 бошад, мутаносибан аз ҳар ниҳол 25,6 кг ва соли 1980 45 кг ҳосил гирифтанд. Олимон муътақиданд, ки ин рақам ҳам ҳадди ниҳоӣ нест.

Маъмулан кишоварзон дар заминҳои обӣ гандум кишт мекунанд ё боғ бунёд менамоянд. Ҳол он ки 5-6 гектар боғе, ки 10-15 сол пеш бунёд ёфтааст, ба андозаи 1 гектар лимӯзори чорсола даромад намедиҳад. Ҳоло лимӯ дар минтақаҳое истеҳсол шуда истодааст, ки замоне тасаввурнопазир буд. Барои мисол, дар мавзеи Қаратоғ ва ноҳияи Дарвоз ба гирифтани ҳосили ниҳоӣ аз ин навъи маҳсулот ноил гардиданд. Кӣ бояд рушди соҳаро дар дигар минтақаҳо ба роҳ монад? Ин суолест, ки масъулин ба он бояд посух гӯянд.

Қобили зикр аст, ки хосияти зиддисироятӣ доштан талаботро беш аз пеш ба лимӯ афзудааст. Нархи он дар бозорҳои дохил ва хориҷ хеле баланд рафта, дар мамлакат аз 4 сомонӣ ба 40 сомонӣ ва дар Федератсияи Россия ба 800 рубл расидааст. Таҷриба собит месозад, ки ягона роҳи бозори истеъмолиро қонеъ гардонидан ин тавсеаи истеҳсоли лимӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳама чизро ба сари бозор рехтан аз нотавонист. Ин рақобат бояд сари касеро ба «кор» дарорад.

Дар иқлими Тоҷикистон барои нашъу­намои муътадил ва гирифтани ҳосили баланду хушсифат, пеш аз ҳама, дарахти лимӯро аз хунукиҳои зимистон беосеб баровардан лозим аст. Лимӯ ба — ҳарорат, рӯшноӣ, намнокӣ, агротехникаи баланди растанӣ, нигоҳубини суроби растанӣ, муҳофизат аз зараррасонҳо хеле эҳтиёҷ дорад.

Абӯалӣ ибни Сино шарбати меваи лимӯро барои табобати бемориҳои сактаи дил, зардпарвин, қайкунӣ, доғи пӯсти рӯй, шукуфа, бемориҳои шуш, меъда, сулфа, равғани аз тухми лимӯ тайёршударо барои бемориҳои асаб, равғани аз пӯсти меваи лимӯ гирифташударо барои табобати фалаҷ (полимелит) тавсия намудааст. Меваҳои ситрусӣ аз рӯи хусусиятҳои табобатӣ аз дигар меваҳо бартарӣ доранд. Онҳо манбаи қанд, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои пектинӣ, равғани эфир, инчунин, моддаҳои минералӣ — оҳан, мис, калсий, калий, фосфор ва витаминҳои барои организми инсон зарур мебошанд. Илми тиб муайян кардааст, ки якҷо бо хӯрок истеъмол намудани меваҳои ситрусӣ организмро аз гирифтор шудан ба як қатор касалиҳо нигоҳ медоранд. Олими рус С. М. Жук (2010) усули аз меваи лимӯ тайёр кардани доруҳоро барои табобати бемориҳои авитаминоз, ангина, атеросклероз, бехобӣ, озах, бронхит, бурсит (шамолхӯрии халтаи буғумҳои устухон), гайморит, гастрит, гепатит, гипертония (фишори баланди хун), гипотония (фишори пасти хун), дарди cap, грипп, дерматит, бемориҳои санги талха, ларенгит (шамолхӯрии пардаи луобии гулӯ), невралгия, неврастения, невроз, нефрит, фарбеҳӣ, отит (шамолхӯрии гӯш), пневмония, ниқрис (шамолхӯрии устухонҳо), диабети қанд, систит (шамолхӯрии пешобдон) нишон додааст.

Агар олимони соҳаи кишоварзӣ, ончунонки хосияти шифобахшии лимӯ диққати олимони соҳаи тибро ба худ ҷалб намудааст, таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд, он гоҳ парвариши лимӯ густариш ёфта, дар бозори истеъмолӣ ба як меваи муқаррарӣ табдил меёфт. Тоҷикистон ватани меваҳои ситрусист ва бояд аз ин имконият истифода бурда, дар афзун намудани ҳаҷми содироти он саҳм гузорем.

Назрулло АМИРОВ, номзади илмҳои иқтисодӣ,

Абдухолиқ Мирзозода, «Садои мардум»