«Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ»

№135 (4718) 13.11.2023

Бо чунин ном 10-уми ноябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид.

Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони варзида ва рӯзноманигорон ширкат намуданд. Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода масъалаи ба баррасӣ пешниҳодшударо шарҳ дода, аз ҷумла гуфт: «Дарки манфиатҳои миллӣ, як тарафи масъала ва бо назардошти таҳаввулоти бавуҷудомада бо таъсири раванди ҷаҳонишавӣ, таъмини онҳо дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ, ҷониби дигари масъала мебошад. Равандҳое, ки дар заминаи ҷаҳонишавӣ ба амал меоянд, дар баробари мусоидат ба муносибатҳои халқу кишварҳо ва ташаккули низоми фарогири робитаҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ, ҳамзамон, пайомадҳои номатлуб, аз қабили амиқтар шудани фарқи байни кишварҳои пешрафта ва ақибмонда, шиддат гирифтани фишор, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ халқҳо ва ғайраҳоро дар пай дорад».

Сипас, номзади илмҳои сиёсӣ Хуҷамурод Сафарализода дар мавзӯи «­Ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир», муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майор Шараф Эгамзод дар мавзӯи «Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи миллӣ: вазъ ва дурнамо», намояндаи КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Назаров дар мавзӯи «Таҳдиду хатарҳои воқеӣ ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидаҳтам Талбаков дар мавзӯи «Омилҳои монеаафкан дар самти татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ» маърӯза намуданд.

К. Бурҳониддин,

«Садои мардум»