18 август - Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Мехоҳем вориси арзандаи Сино бошем

№110 (3411) 17.08.2015

13323209574_1436658093_oМуассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара» дорои муосиртарин бино ва таҷҳизотҳои тиббист, ки назираш дар мамлакат кам ёфт мешавад. Мусоҳибаи хабарнигорамонро бо сардухтури беморхонаи мазкур Хизматуллои Шамсзода дар робита  ба ин мавзӯъ пешкаши хонандагон мегардонем.

- Муҳтарам сардухтур, қабл аз суҳбат мехостам шумо ва аҳли Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара»-ро бо Рӯзи касбиатон  табрик гӯям. Баъдан хуб мешуд, ки оид ба ин муассисаи навтаъсис барои хонандагони рӯзнома ба таври мухтасар маълумот медодед.

-Ташаккур. Муассисаи мо дари худро дар рӯзҳои иди Наврӯз, яъне 22-юми марти соли 2014 ба рӯи табибону ниёзмандон боз намуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи ифтитоҳи он иштирок ва суханронӣ карданд. Беморхона мақоми ҷумҳуриявӣ дорад ва барои 105 кат мувофиқ гардонида шудааст.Алҳол дар клиникаи мо шуъбаҳои бемориҳои қалб, тавонбахшӣ, ҷарроҳӣ барои калонсолону кӯдакон, урологӣ, бемориҳои даруна барои калонсолону наврасон, амрози занона, таваллудхона, шуъбаи наҷот ва баъди ҷарроҳӣ, шикастабандӣ, машваратию ташхисӣ ва бахши ташхиси нурию ултросадоӣ фаъолият мекунад.

Дар ин беморхонаи замонавӣ 229 нафар машғули фаъолиятанд, ки 41 нафарашон духтурони маълумоти олидор мебошанд. Дар миёни табибони мо се нафар дорандаи унвони номзади илм, 16 нафар дорои дараҷаи олӣ ва дигарон соҳиби дараҷаи якуму дуюм  ҳастанд.

Аз рӯзи фаъолияташ ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ  то имрӯз 17876 нафар мизоҷон муроҷиат карда, маслиҳату кумакҳои тиббӣ гирифтанд. Аз ин ҳисоб 1425 нафарашро беморони бистарӣ ташкил медиҳанд, ки зери назорати духтурон муолиҷа гирифта, шифо ёф-танд. Зикр кардан бамаврид аст, ки аз ин шумора 336 нафарашон аз дигар шаҳру навоҳии  ҷумҳурӣ буданд.

- Ҳамроҳи шумо ба шароити табобат дар чанд шуъбаи беморхона шинос шудем. Аз назари шароити табобат беморхона аз клиникаҳои пешқадами дунё камӣ надорад.Аз шумо пурсиданиам, ки оё барои сифатноку самарабахш истифода намудани ин қадар дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ва хоҷагӣ, ки дар озмоишгоҳҳову  ҳуҷраҳои табибон ва утоқи худи беморон насб шудааст, имкону шароит мавҷуд аст?

- Табиби ҳозиразамон бояд аз дастгоҳҳои навтарини ташхисию муолиҷавии замон истифода бурда тавонад. Дар акси ҳол табиби асил буда наметавонад. Аз ин хотир мо табибонамонро барои бозомӯзӣ ба муассисаҳои тиббии шаҳрҳои Москваю Санкт — Петербурги Федератсияи Россия ва Душанбе фиристода будем. Акнун бо дили пур корбарии ҳама таҷҳизоти гаронарзишро  ба ихтиёри онҳо вогузор кардаем.

Ба наздикӣ мизоҷе аз деҳоти «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик, ки солҳо гирифтори бемории фишори хун будааст, баҳри изҳори сипос ташриф овард. Маълум шуд, ки тибқи ташхиси томографӣ, иллати баландшавии фишори хуни ӯро табибон дуруст муайян карда, муолиҷа  намудаанд. Мизоҷи мазкур беш аз бист сол боз бо иллати номуайян ғайримақсаднок табобат мегирифтааст.

Илова ба ин гуфтаниам, ки он тавсияву таъкидҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати табибон карда буданд, дар навбати аввал масъулияти мо — табибонро дучанд кард. Баъдан сатҳи муносибати моро дар нисбати истифодаи технологияи муосири тиббӣ ба куллӣ тағйир дод. Мо  баҳри истифодаи самараноки технологияи муосири тиббӣ тадбирҳои иловагиро ба роҳ мондем. Қарор додем, ки барои амалӣ намудани ин мақсадамон бештар аз табибони ҷавон истифода  намоем.

Дар беморхонаи мо тамоми шароит ва таҷҳизоте, ки барои иваз кардани қисмате аз узвҳои инсон зарурат дорад, мавҷуд мебошад. Барои иҷрои ин амал, танҳо табибони корозмудаи сатҳи баланд ва мутахассисони варзида лозим асту бас. Имрӯз беш аз ҳарвақта тавсияҳои дилсӯзонаи Президенти кишварро хуб эҳсос мекунем ва медонем, ки бидуни дониши замонавию аз худ кардани таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ ва омода кардани мутахассисони сатҳи баланд пешравиеро дар соҳа интизор шудан ғайриимкон аст.

- Дар саҳни васеи беморхона вазъи нашъунамои гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ороишию сояафканро дидам, ки на он қадар  хуб аст.Шояд об намерасад?

- Об ин ҷо фаровон аст, вале иллати асосӣ дар сифати хок аст. Хоки атрофи биноро аз дигар ҷой кашида овардаанд  ва талошҳои кабудизоркунии соли дуюм собит кард, ки хоки мазкур сафеду камҳосил аст ва ба поруву ғизои иловагӣ эҳтиёҷ дорад. Агар мушоҳида карда бошед, гулу гулбуттаҳои назди даромадгоҳи бино нашъунамои хуб доранд, зеро ба онҳо пору ва ғизои иловагӣ додем. Қувваи корӣ дорем ва мо ҳар рӯзи шанбе бо мақсади дилкашу кабудизор намудани гулгаштҳо ба ҳашар мебароем. Бовар дорам, ки атрофи биноро ба таври намунавӣ кабудизор менамоем.

- Дар анҷом ҳамчун табиб чӣ дархосту таманниёте доред?

- Орзу дорам, ки  дар кишвари соҳибистиқлоламон шумораи чунин  муассисаҳои тиббии замонавӣ бештару нуфузи табибони ҳозиқаш чун Сино  оламгир гардад.

Мусоҳиб Т. ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»