Меваи умр набояд нуқсдор бошад

№3 (3640) 12.01.2017

наркотикаДар яке аз шабакаҳои ҷаҳонӣ барномаеро бо номи «Ғамхорӣ ба нашъамандон» тамошо кардам ва ба худ андешидам. Шояд аз он манфиате ба даст ояд.

Дар барнома чанд духтар ва ҷавоне, ки нашъа­манд буданд, иштирок доштанд. Аз онҳо суол мекарданд, ки бо чӣ сабаб нашъаманд шуданд?  Ҷавобҳо гуногун буданд. Яке мегуфт, ки маро рафиқонам ба ин дард гирифтор карданд. Дигаре мегуфт, ки ман бо хоҳиши худ маводи мухаддирро истифода бурдам, чунки падару модарам пули зиёде дар ихтиёрам гузошта буданд ва ҳатто намепурсиданд, ки ман онҳоро дар куҷо сарф мекунам ва ғайра.

Нафаре дар робита ба ин мавзӯъ матлаберо пешниҳод намуд, ки дар он як ҷавони нашъаманд мегуфт:

- Ман аслан аз батни модар нашъаманд ба дунё омадаам.

Духтурон мегуфтанд, ки ин тавр шуданаш мумкин нест. Ҷавон шарҳ дод:

- Падару модарам нашъаманд будаанд ва ҳатто ҳангоми дар раҳми модар буданам, модарам аз маводи мухаддир парҳез накардааст.

Вақте ба дунё омада, калон шудам, падару модарам дар ҳузури ман аз маводи мухаддир истифода мебурданд. Аз ин рӯ, фикр мекардам, ки чизи хуб аст. Илова бар ин, ҳамеша падарам ба ман пул медод, ки рафта барояш сигор бихарам. Ба ин васила, ман ҷойҳои асосии нашъафурӯшонро медонистам. Баъди чанд муддат хостам, ки барои имтиҳон як бор аз он истифода барам. Минбаъд, борҳо имтиҳон кардам ва ниҳоят, нашъаманд шудам…

Ҷавон падару  модарашро дар ин кор гунаҳкор медонист ва ҳақ ҳам буд. Оё мо кам дидаем, падаронеро, ки ба фарзандони хурдсоли худ пул дода, мефармоянд сигор ё нос харида биёрад? Ин гуна падарон фикр намекунанд, ки бо ин рафтор ба фарзандон хизмати хирсона менамоянд. Магар намедонанд, ки хурдсолон ҳамеша ба калонсолон тақлид мекунанд?

Бале, носкашию сигоркашии хурдсолон дар ибтидо тақлиди кӯр-кӯрона аст, вале оҳиста – оҳиста ба он одат мекунанд. Бо мурури замон шояд маводи сахттаъсирро низ истифода кунанд.

Аз ин рӯ, падару модарон бо фарзандони худ бояд ниҳоят дурандешона ва оқилона муносибат намоянд, онҳоро ҳаргиз беназорат намонанд. Фарзандро меваи умр гуфтаанд, пас набояд гузошт, ки ин мева нуқс пайдо кунад.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»