Нишасти муҳим

Муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти обу иқлим

№53 (4636) 14.04.2023

Соли 2023 аз талошҳои кишвари мо дар пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид 20 сол сипарӣ шуд. Ин муддат дар асоси ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ 9 қатънома қабул гардид. Қабули ин қатъномаҳо ва баргузории ҷамъомадҳои сатҳи баланд дар асоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз он шаҳодат медиҳанд, ки иқдомҳои ҷониби Тоҷикистон дар ҳалли масоили обу иқлим ҳадафҳои неку созандаи зиёд дар пай доранд.

Ин нукта зимни баргузории Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии  «Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим: аз ибтикорот то амал», ки 6-уми апрели соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр шуд.

Мавзӯи ҷамъомад баррасии қарори Маҷмаи умумии СММ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ­эълон гардидани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» буд. Дар чорчӯбаи чорабинии мазкур коршиносон, ҳамчунин, натиҷаҳои Конфронси оби СММ-ро, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Нидерланд аз 22-юм то 24-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, мавриди омӯзиш қарор доданд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар баррасии мушкилоти об дар ҷаҳон кишвари пешоҳанг ва ташаббускор эътироф гардида,  ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзномаи оби СММ «Раванди оби Душанбе» ном гирифтааст.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Усмонзода Хайриддин, аз ҷониби СММ бо иттифоқи оро пазируфтани ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро ба муҳим будан оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ ва муттаҳидсозӣ марбут дониста, аз ҷумла, чунин гуфт: «Дар ҳоле ки ҷаҳон хеле ноором аст, атрофи як мавзӯи муҳими глобалӣ муттаҳид сохтани давлатҳо ва созмону ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ кори чандон саҳл нест. Ин ифодагари аҳамияти фавқулода муҳими ташаббусҳои Пешвои миллати мо мебошад».

Зикр шуд, ки дар доираи конфронс, ки ҳамраисии онро кишвари мо ба зимма дошт, ғайр аз ҷаласаҳои асосӣ бо иштироки роҳбарони ­ҳайатҳо, чорабиниҳои зиёд дар қароргоҳи СММ ва берун аз дафтари СММ (ба таври маҷозӣ) доир шуд. Қарору санадҳои қабулкардаи конфронс аз ҷониби СММ барои иҷро ба ҳамаи кишварҳои аъзо фиристода мешаванд. Натиҷаҳои конфронс мардуми сайёраро дигарбора ба дарки аҳамияти ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ҷалб намуда, ба татбиқи сартосарии ташаббусҳои Тоҷикистон водор месозад.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадзода Парвиз дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳидкунандаи ҷо­меаи ҷаҳонӣ дар  ҳалли мушкилоти обу иқлим» маърӯза намуда,  аз ҷумла гуфт, ки таъсири тағйирёбии иқлим тавассути захираҳои об бештар эҳсос шуда, хушксолӣ ва обхезии шадид, боришоти нобаробари мавсимӣ ва обшавии босуръати пиряхҳо дар ҷаҳон ба назар мерасад.

- Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои он барои муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти обу иқлим рӯз то рӯз меафзояд. Бо ташаббуси кишвари мо  Маҷмаи умумии СММ доир ба ин мавзӯъ 9 қатънома қабул кард, ки ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об нигаронида шудааст, — афзуд ӯ.

Коршиносон эътироф намуданд, ки аз соли 1999, яъне аз соли пешниҳоди аввали ташаббуси байналмилалии  Тоҷикистон то имрӯз СММ вобаста ба ташаббусҳои кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун қатъномаҳои махсус қабул намудааст. Бештари ин қатъномаҳо ҳоло вобаста ба аҳамияташон амал намекунанд ё муҳлати татбиқашон ба итмом расидааст. Пайгирии мавзӯи мазкур дар доираи дипломатияи об идома дошта, вобаста ба ташаббусҳои кишвари мо  қатъномаҳои махсуси СММ пай дар пай қабул мегардад.

Директори  Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов зимни суханронӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон — пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» Тоҷикис­тонро дар Осиёи Марказӣ маркази бузурги пиряхҳо номида, аз ҷумла, чунин гуфт: «Пиряхҳое, ки дар ин қаламрав мавҷуданд, барои минтақа на танҳо махзани бузурги об ба ҳисоб меравад, балки манбаи мувозинати табиат низ мебошанд. Онҳо ҳамеша тағйир меёбанд, аз ин рӯ зарур аст, ки мавриди омӯзиш қарор гиранд. Солҳои 1920 — 1930 аз ҷониби олимон шумора, дар кадом минтақа ҷойгир шудану масоҳаташон мавриди омӯзиш қарор гирифта буд. Чунин таҳқиқот 50 — 60 сол идома ёфт ва ин имкон дод, ки «Феҳристи пиряхҳо» тартиб дода шавад. Мутаассифона, соли 1980 кор дар ин самт суст гардида, баъд аз соли 1990 таҳқиқоти илмӣ — бунёдӣ оид ба омӯзиши пир­яхҳо қатъ шуд».

Бо дастури  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳо  таъсис ёфт, ки мақсад аз таъсиси он роҳандозии мониторинги доимии пиряхҳо, пешгирии ҳолати обшавии пиряхҳо ва омӯзиши дигар сарчашмаҳои обии кишвар мебошад. Ҳоло марказ дар омӯзиши пиряхҳо аз ГИС – технология, ки дар самти омӯзиши пиряхҳо технологияи ҷадид ба ҳисоб меравад, истифода мебарад.

«Таъсири дигаргуншавии иқлим ва мушкилоти об ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ», «Аҳамияти сиёсӣ ва амалии ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба об», «Обшавии пиряхҳо ва таъсири он ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода» мавзӯъҳои дигаре буданд, ки дар ин ҳамоиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»