Проблема ва мулоҳиза

Нӯшдоруи «Сиёҳдона» барои пешгирӣ ва муолиҷаи коронавирус муфид аст

№48 (4154) 16.04.2020

Ё чаро 5000 намуд гиёҳи шифобахш дорему доруро аз хориҷа мехарем?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар зарфи беш аз ду даҳсола аз ҷониби олимони соҳаи тандурустии кишвар истеҳсоли ягон навъи доруи ватанӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки табиати мамлакат аз навъҳои гуногуни растаниҳои шифобахш бой буда, онҳо то ҳол танҳо дар асоси таҷрибаи тибби халқӣ коркард мешаванд.

Сардори давлат ба олимон таъкид намуданд, ки дар шароити рушди босуръати технология истеҳсоли дорувориро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ оғоз намоянд ва дар ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ҳисса гузоранд.

Ду сол пеш ҳам Президенти мамлакат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси ба роҳ мондани истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дастур дода буданд. Мутаассифона, на аз ҷониби Академияи илмҳои тиб ва на Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иқдоме амалӣ нагардид.

Хушбахтона, ҳастанд шахсоне, ки якчанд намуд дору истеҳсол ва берун аз ҷумҳурӣ муаррифӣ намудаанд. Дорандаи медали тиллоии Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ, доктори илмҳои биология ва фарматсевтӣ Ғуломқодир Бобизода (муаллифи иммуномодуляторҳои «Тимогар», «Тимотсин», «Тимофер», «Тимоарг»), номзади илмҳои тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ (муаллифи давоҳои «Ферула Хит», «Балзам» ва «Замч»), табиб ва дорусози шинохта Сайидвалӣ Ҳикматов (муаллифи нӯшдоруҳои «Авитсенна», «Сиёҳдона», чойҳои «Фитодиабет», «Чилдухтарон» ва ғайра) аз ҳамон ҷумлаанд. Ҳарчанд аксар доруҳои зикршуда аз озмоиши клиникӣ бомуваффақият гузашта бошанд ҳам, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастгирӣ намеёбанд. Агар вазорат дар ду моҳ як бор дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ намоиши доруҳои истеҳсоли ватаниро ташкил намуда, мулоқоти табибонро бо муаллифони доруҳо доир мекард, дар самти дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ иқдоми наҷиб мешуд. Ҳамчунин, вазорат якҷо бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорусозони ватаниро ба намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ фиристад, метавонанд маҳсулоташонро тарғиб намоянд.

Сарвари ҶДММ «Авитсенна», дорандаи дипломи «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» Сайидвалӣ Ҳикматов дар асоси сиёҳдона истеҳсоли нӯшдоруеро ба роҳ мондааст, ки он хосияти зиддибактериалӣ, зиддивирусӣ, зиддиилтиҳобӣ, зиддипаразитӣ, антиоксидантӣ ва қувватбахшии неруи муҳофизатии ҷисм (масуният, иммунитет)-ро дорад.

- Илми тиб исбот кардааст, ки ба воситаи қувват бахшидан ба масунияти инсон дилхоҳ бемориро табобат кардан мумкин аст. Таҳқиқоти муосири илмӣ исбот намудааст, ки сиёҳдона масуниятро тақвият мебахшад ва дар хуни инсон якчанд маротиба миқдори Т-лимфоситҳо, Т-киллерҳо ва дигар ҳуҷайраҳои ба муолиҷаи бемориҳо ва тақвиятёбии неруҳои муҳофизатии организм масъулро зиёд мекунад. Аз ин рӯ, истифодаи нӯшдоруи «Сиёҳдона», равған ва чойи сиёҳдона неруи муҳофизатии ҷисмро қувват бахшида, фаъолияти кории касро баланд мебардоранд, — мегӯяд Сайидвалӣ Ҳикматов.

Давоҳои мазкур барои муолиҷаи зукому назла, сулфа, нафастангӣ, зардпарвин ва ғайра муфид буда, кирмҳоро аз бадан берун мекунанд. Онҳо барои заноне, ки ширашон кам аст, муфиданд. Ашхосе, ки аз санги гурда азият мекашанд, тибқи таҷрибаҳо, баъди истеъмоли давоҳои зикршуда аз беморӣ халос мешаванд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки равғану нӯшдоруи «Сиёҳдона» барои беморони рагҳои хунгард, алалхусус, склерози рагҳои мағзи сар, давои беҳамтоянд.

Нӯшдоруи «Сиёҳдона», инчунин, барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, ҳатто махав (ҷузом) давост. Равғани сиёҳдона ба муқобили заҳри мор ва дигар ҳашароти газанда подзаҳр (зиддизаҳр)- и қавӣ ба шумор меравад.

- Барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ субҳу шом, пеш аз хӯрок, истеъмол кардани як қошуқча равғани сиёҳдона, як қошуқча нӯшдоруи «Сиёҳдона», як пора сирпиёз ва як қошуқ асал тавсия дода мешавад. Истеъмоли равғани сиёҳдона, нӯшдоруи «Сиёҳдона», чойи сиёҳдона бо асал ва илова кардани 10 қатра шарбати лимӯ ба таври ҳайратангез сатҳи қанд­ро дар хун паст мекунад, — мегӯяд ­Сайидвалӣ Ҳикматов.

Ӯ муътақид аст, ки истеъмоли нӯшдоруи «Сиёҳдона» ҳам бо мақсади пешгирӣ ва ҳам бо мақсади муолиҷаи коронавирус муфид аст. Зеро дар таркиби он беш аз 100 номгӯй модда ва қариб 50 катализатори биосинтези табиии ҳуҷайраҳо, аз қабили ферментҳо, ҳормонҳо, полисахаридҳо, кислотаҳои чарбӣ, липаза, токоферолҳо, поливитаминҳои гурӯҳҳои А,В,Р,С, равғанҳои эфирӣ ва ғайра мавҷуданд. Моддаҳои мазкур барои тавлиди ҳуҷайраҳои нав ва мустаҳкамкунии масунияти инсон заруранд. Витамини Е, ки дар таркиби сиёҳдона фаровон аст, барои муолиҷаи бемориҳои саратонӣ ва системаи дилу рагҳо муҳим аст. Ҳамчунин, сиёҳдона дорои макро ва микроэлементҳои муҳим, ба монанди калтсий, фосфор, калий, магний, оҳан, сулфур, мис, манган, хром, селен, кремний, бор, германий, руҳ ва кобалт мебошад.

Сайидвалӣ Ҳикматов дар асоси сиёҳдона 33 дорухат тайёр намудааст, ки барои муолиҷаи бемориҳои гуногун манфиатбахшанд.

Ҳоло дар бозори фармасевтии ҷаҳон ширкатҳои собиқадору аз лиҳози молиявӣ муқтадир фаъолият мекунанд, ки бо онҳо рақобат кардан осон нест. Вале агар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳишу азми қатъӣ дошта бошад, метавонад дар ин ҷода ба дорусозони ватанӣ кумак расонад.

Якум, талаботи қатъӣ гузошта шавад, то ҳатман дар дорухонаҳо гӯшаи доруҳои истеҳсоли ватаниро кушоянд.

Дуюм, ба кормандони дорухонаҳо супориш дода шавад, ки аввал доруи истеҳсоли ватаниро ба мизоҷон пешкаш намоянд.

Сеюм, ба марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо рӯйхати доруҳои истеҳсоли ватанӣ пешниҳод гардад, то ки табибон зимни навиштани дорухат, пеш аз ҳама, доруи истеҳсоли ватаниро тавсия диҳанд.

Чорум, вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилӣ барои беморхонаҳои низомӣ доруҳои истеҳсоли ватаниро харидорӣ кунанд.

Панҷум, ҳангоми сафарбаркунӣ ба ҳаҷ ходимони тиб доруҳои истеҳсоли ватаниро бо худ гиранд. Ин амал аз ҷониби роҳбари ситоди ҷумҳуриявии «Ҳаҷ» назорат шавад.

Шашум, дорусозону ихтироъкоронро тавассути ВАО тарғиб кардан лозим аст, то дар бораи доруҳои ихтироънамудаашон маълумоти бештар паҳн гардад.

Ҳафтум, ба сайёҳон дар меҳмонхонаҳо чойҳои аз гиёҳҳои шифобахш тайёршударо пешкаш намудан лозим, то ки мақбулашон гашта, аз дӯконҳои махсуси армуғонҳо ва дорухонаҳо фиточой ва нӯшдоруҳои истеҳсоли мамлакатро ба худ баранд.

Ҳаштум, дар намоиши маҳсулоти кишвар ҳатман дорусозон бо маҳсулоташон ширкат намоянд.

Нуҳум, дар мамлакат Маркази вирусологии бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз сохта шавад. Зеро барангезандагони бемориҳои вирусӣ зуд — зуд шакл дигар карда, ба доруҳо тобовар мешаванд. Мавҷуд будани чунин марказ дар самти сари вақт муайян кардани шакли вирус ва ҷустани чораи фаврӣ баҳри мубориза ба он кумак мерасонад. Дигар ин ки бо омадани фасли баҳор эҳтимоли он мавҷуд аст, ки парандаҳои муҳоҷир гирифтори ягон навъи беморӣ бошанду онро паҳн кунанд. Дар маркази вирусологӣ инро ба осонӣ муайян карда, сари вақт метавон доруҳои ватанӣ ва хориҷиро озмуд.

Боварӣ дорем, ки амалишавии пешниҳодҳои зикршуда ихтироъкорону дорусозони ватаниро ҳавасманд сохта, баҳри фаъол гардидани соҳаи фарматсевтика ва содирот намудани маҳсулоти ватанӣ мусоидат мекунад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»