Нақши барномаҳои стратегӣ дар паст кардани сатҳи камбизоатӣ

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақш ва мақоми воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ» семинар баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорон аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Панҷакент, Айнӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Файзобод иштирок намуданд. 

Сардори Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Султоншо Ҳомидов гуфт, ки  мақсади баргузории семинар шиносоии намояндагони воситаҳои ахбори омма бо татбиқи барномаҳои стратегӣ мебошад. Бино ба гуфти номбурда, аввалин барномаи стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ таҳия гардидааст, Ҳуҷҷати Стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002 мебошад, ки соли 2000 қабул шуд. Баъдан, соли 2007 Стратегияи миллии рушд таҳия ва қабул гардид, ки то соли 2015-ро дар бар мегирад. Дар асоси ин ҳуҷҷати стратегӣ се барномаи стратегии дигар- Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 ва Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 қабул гардид, ки дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоизи соли 1999 то 35,6 фоиз дар соли 2013 коҳиш ёфт. Тавре масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум бояд фаъолияти дастаҷамъона бурд, то сокинони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мақсад ва моҳияти барномаҳои стратегии Ҳукуматро дарк намоянд.

Султоншо Ҳомидов ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз дар 33  шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ Барномаи рушди иҷтимоӣ- иқтисодӣ қабул шудааст ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо вазифадоранд, ки доир ба раванди татбиқи барномаҳо ба Маҷлиси вакилони халқ ва мардум ҳисобот диҳанд. Агар дар амалигардонии барномаҳо муваффақ шуда бошанд, хуб аст, вале агар вазифаҳои дар он муайяншударо иҷро накарда бошанд, бояд сабабашро ба мардум фаҳмонанд. Номбурда илова кард, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2015 дар ҳамаи 69 шаҳру ноҳияи кишвар Барномаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ қабул карда шавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»