Нисфи деҳа вайрон шуд

№96 (3397) 21.07.2015

DSC00390[1]Дар натиҷаи аз меъёри муқаррарӣ баланд шудани ҳарорати ҳаво сатҳи обшавии пиряхҳо дар ноҳияи Шуғнон зиёд гардид ва барои сокинони як қатор деҳаҳо мушкилӣ эҷод кард. Нимаи дуюми рӯзи 16-уми июли соли равон дар натиҷаи фаромадани сел аз дараи Барсем маҷрои дарёи пуртуғёни Ғундро банд  ва боиси пайдо гардидани кӯли бузурги сунъӣ гардид.

Дар муддати як шабонарӯз якчанд мағозаҳои хусусӣ, нуқтаҳои фурӯши  сӯзишворӣ зери об монд. Ҷараёни об сутунҳои интиқоли барқи 35 киловаттаро дар масофаи 3,5 км вайрон намуд, ки дар натиҷа интиқоли барқ дар шаҳри Хоруғ ва навоҳии Шуғнону Роштқалъа ва Рӯшон се шабонарӯз қатъ гардид. Ҳамчунин қитъаи секилометраи роҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе — Хоруғ — Мурғоб — Кулма зери об монда, ҳаракати нақлиёт баста гардид ва аз роҳ нишоне намонд. Дар ин мавзеъ ҳаракати сел ҳанӯз ҳам идома дорад. Пирони рӯзгордида мегӯянд, ки чунин обхезӣ ва офати табииро ҳеҷ ёд надоранд.

Тибқи маълумоти ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз офати табиӣ дар рӯзи аввал 39 хонаи истиқоматӣ зери сел монда, чор пули мошингард ва ду пули пиёдагард валангор шуд. Ҳамчунин чор мағозаи хусусӣ, нуқтаи таъминоти сӯзишворӣ пурра вайрон гардида, 20 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ зери сел монданд. Шаш ҷӯйбор, ки дарозии умумиашон 950 метрро ташкил медод ва сокинони деҳаи Барсем аз онҳо барои обёрии заминҳояшон истифода мебурданд, пурра хароб гардиданд. Азбаски нисфи аҳолии деҳаи Барсем дар иҳотаи селоб монд, ҳамаи василаҳои интиқол ба ин мавзеъ канда гардида, аҳолӣ бе оби нӯшокӣ, ғизо ва бесарпаноҳ монд. Аз ин рӯ, сохторҳои давлатӣ ба ин қитъаи осебдидаи деҳаи Барсем тариқи се чархболи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як чархболи Хазинаи Оғохон обу нон ва дигар маводи ғизоӣ расонида, аз он ҷо одамони куҳансол, маризон ва занонро ба маркази вилоят — шаҳри Хоруғ интиқол доданд. Чор нафар маризони интиқолдодашуда дар беморхонаи вилоят бистарӣ гардиданд.

Барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ комиссияи ҳукуматӣ дар ҳайати вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмон Усмонзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковник Хайриддин Абдураҳмонзода, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор Бобоҷон Саидзода худи ҳамон рӯз ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, чораҳои фаврӣ андешиданд.

Дар маҳали офати табиӣ таҳти сарварии раиси вилоят Шодихон Ҷамшед бартарафкунии оқибатҳои он бо неруи кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, ихтиёриён, барқчиён ва Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ» идома дорад. Ба ин мавзеъ зиёда аз 38 адад техникаи корӣ сафарбар гардидааст. Вазъияти мазкур мардумро водор месозад, ки ба ҳама гуна ҳодисаҳои табиат омода бошанд, зеро табиати кӯҳистон қонунҳои нонавиштаи худро дорад.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»