Об-унсури муқаддас

№77(3378) 06.06.2015

об-барои хаётБе об ҳаёт вуҷуд надорад. Тамоми ҷисми зинда бо об пойдор аст. Инчунин об асоси рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла кишоварзиву саноат ва энергетика мебошад. Аз ин ҷост, ки гузаштагони мо «обу ободӣ» ва «об — рӯшноӣ» гуфтаанд. Ҳамасола аҳолии ҷаҳон аз офатҳои табиии вобаста ба об ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Ҳар сол дар кишварҳои гуногуни олам бинобар обхезӣ ҳазорҳо нафар ҷонашонро аз даст дода, давлатҳо зарарҳои зиёди иқтисодӣ мебинанд. Илова бар ин, чандин давлати дигар аз норасоии об ва хушксолӣ азият мекашанд. Ин дар ҳолест, ки қисми зиёди кураи заминро об ташкил мекунад.  Мувофиқи маълумотҳо имрӯз зиёда аз як миллиарду 600 миллион нафар дар сайёра аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, миллионҳо нафари дигар дар шароити бади санитарӣ зиндагӣ доранд ва ҳамасола дар ҷаҳон садҳо ҳазор нафар аз касалиҳои  аз оби ғайрисанитарӣ бавуҷудоянда мефавтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи об буда, қариб 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди он ташаккул меёбад, аммо ҳамагӣ даҳ фоизи он дар дохили кишвар истифода шуда, боқӣ ба давлатҳои поёноб ҷорӣ мешавад. Беш аз 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ низ дар Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ки онҳо дар паҳнои қариб даҳ фоизи масоҳати кишвар доман густурдаанд.

Агар Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи масоҳат ҷои 85-умро ишғол намояд, пас аз ҳисоби захираи гидроэнергетикӣ дар ҷои ҳаштум қарор дорад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 527 миллиард киловатт — соат баробар аст. Айни замон  ҳамагӣ зиёдтар аз панҷ фоизи ин иқтидор истифода мешавад. Бо доштани чунин иқтидори бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои башардӯстона пайи рафъи буҳронҳои дар масъалаи об ба вуҷудоянда ва таъмини аҳолии минтақаву ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ баромад намудааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо силсилаиқдомҳое мебошанд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд. Масалан, якуми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуд, ки  соли 2003- Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии «Оби тоза»  эълон  шуда,  29 август — 1 сентябри соли 2003  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими  кушодашавии форуми мазкур иштирок ва суханронӣ намуда, минҷумла чунин зикр кард:

«Кишвари мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад, зеро бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем.

Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надорад.

Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо — мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем».

Дар ҳамин форум Сардори давлат ба дигар масъалаҳои вобаста ба об, аз ҷумла обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо низ дахл карда, ҳушдор дод, ки агар ин раванд чунин идома ёбад, бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ  дар оянда масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби тоза бамаротиб шадидтар мешавад. Дар робита ба ин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт:

«Аҳолии сайёра низ босуръат меафзояд ва бо он миқдори захираҳои об, ки имрӯз ҳаст, инсоният наметавонад худро бо оби нӯшокӣ пурра таъмин намояд. Дар айни замон таъминоти одамон бо маводи хӯрока, саломатии инсон ва муътадилии экосистемаҳо зери хатари ҷиддӣ қарор мегирад. Умуман, ҳифзи захираҳои об ва истифодаи оқилонаи онҳо солҳои охир барои наҷоти аҳли башар аҳамияти бештаре пайдо мекунанд. Сари ин масъалаҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ҳоло ҷиддӣ андеша кунад.

Мо бояд захираҳои оби худро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омӯзем, то ин ки дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шавад».

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин форум ҳамчунин зикр кард, ки мушкилоти оби тоза дар як сол ҳал намешавад ва дар оянда низ яке аз ҳассостарин масъалаҳо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, пешниҳодро бобати эълони кардани солҳои 2005 — 2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» ба иштирокчиёни форум ироа намуд.

Ҳамин тавр, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе 23 декабри соли 2003 Қатънома қабул карда, солҳои 2005 — 2015- ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» эълон кард.

Пешниҳодҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо, дар Форуми сеюми ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар шаҳри Женева, сипас, дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген  7 — 8 декабри соли 2009 ва эълон намудани соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри соли 2010) идомаи мантиқии ибтикороти Роҳбари мамлакат маҳсуб меёбанд.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки аз ҷониби аксари давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об, агар аз як тараф муҳимият ва ҳассосияти  масъаларо нишон диҳад, аз ҷониби дигар далели возеҳи баланд будани мақому манзалати кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»