Фестивал – озмуни «Оши палав»

Оши палави Хатлон писанди ҳамагон

№110 (3411) 17.08.2015

MТавре хонандагони муҳтарам  огоҳӣ доранд, бо мақсади рушди анъанаҳои неки гузаштагон ва таблиғи ҳар чӣ бештари фарҳанг, суннатҳои моддиву ғайримоддии миллӣ бо  супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии «Оши палав» баргузор шуда истодааст. Имрӯзҳо ба идораи рӯзнома воридшавии хабару мақолаҳо оид ба баргузории ин Фестивал — озмун дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад. Навиштаҳои хабарнигорамонро оид ба ин мавзӯъ аз минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Ошпази яке аз ошхонаҳои бозори «Фаровон Қӯрғонтеппа» Карим Ҳалимовро кайҳо боз мешиносам. Ҳар гоҳе ки майлу хоҳиши тановули оши палав пайдо шавад, ҳамроҳи чанде аз дӯстону ҳамсабақон ҳатман аз оши таърифии ин ошпази номӣ тановул мекунем. Муддати чандин соле, ки ӯро мешиносаму аз оши бо сад маҳорату ҳунар пухтааш истеъмол намудаам, ба хотир надорам, ки акои Карим аққалан боре ҳам оши палави хуштаъму болаззат напухта бошад. Аз ин рӯ, дар Фестивал — озмуни вилоятии «Оши палав», ки рӯзи 15 августи соли равон дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа барпо гардид, ба ин устоди ҳунари ошпазӣ бештари ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро муносиб донистанд. Қабл аз ҳама онҳое бештар хушҳолу хушнуд буданду ба ифтихораш қарсак заданд, ки борҳо аз оши палави пухтаи ин ошпази номӣ тановул кардаанд, иброз доштанд, ки воқеан ҳам ӯ арзандаи ин унвон аст.

Падару бобои Карим Ҳалимов низ дар гузашта ҳамчун ошпазҳои номӣ дар Қӯрғонтеппаю гирду атрофи он ном бароварда буданд. Аксари онҳое, ки маъракаи тӯю сур барпо мекарданд, мекӯшиданд аз ҳунару маҳорати ин сулолаи ошпазҳо истифода баранд.

- Тоҷик бошию оши палав пухта натавонӣ айб аст, — мегӯяд Карим Ҳалимов.

Дар ҳақиқат ҳам оши палав моли ҳақиқиву ҳалолии миллати тоҷик асту танҳо тоҷик метавонад бо чунин лаззату хуштамъӣ оши палав пазад.  Боиси ифтихору сарафрозии мост, ки акнун ин ҳунару малакаро намояндагони қавму миллатҳои дигар низ аз худ кардаанд. Вале, мутаассифона, гоҳе дониставу надониста ин миллатҳо даъво мекунанд, ки оши палав моли онҳост. Имрӯз яке аз калимаҳои серистеъмолтарин «ошхона» аст, ки аз ду калимаи сирф тоҷикӣ — «ош» ва «хона» таркиб ёфтааст.

Ҳангоми сафарҳои хориҷӣ мо дар давлатҳои ҳамсоя мушоҳида намудем, ки бародарони мо низ онро дар шакли ошхона истифода мебаранд.

Фестивал — озмуни вилоятии «Оши палав» бори дигар исбот намуд, ки ҳунару маҳорати баланди ошпазии ҳам мардону ҳам занони миллати мо баланд ҳастанд, зеро оши палав яке аз таомҳои серистеъмолтарини тоҷикон аст. Ҳеҷ як маъракаю чорабиниҳои тоҷик  бе оши палав намегузарад.

Сардухтури Маркази санитарию эпидемиологии шаҳри Қӯрғонтеппа Миралӣ Сабзов, ки дар ин рӯз барои кормандони корхона ва аҳолии гирду атрофи он аз равғани зағери тоза як деги калони оши парҳезӣ омода карда, ба таври ройгон тақсим намуда, гуфт, ки ош ба қатори таомҳои парҳезӣ шомил мешавад. Зеро он дар буғи об мепазад ва агар аз ҷониби кадбонуи соҳибҳунар омода шавад, ба ягон узви бадани инсон зиён намерасонад. Баръакс, биринҷ ба мустаҳкам намудани устухони инсон мусоидат мекунад.

Исботи ин гуфтаҳо умри дарозу солими мардуми хитоиву ветнамӣ ва япониву кореягист. Дар рӯзи озмуни «Оши палав» бо иқдому ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло дар нуҳ маҳаллу кӯчаҳои шаҳр аз ҷониби роҳбарони савобҷӯю хайрхоҳи корхонаю муассисаҳо дегҳои калони оши палав пухта, ба таври ройгон пешкаши мардум карда  шуданд. Ин гуна кори хайрро мо аз ҷониби роҳбарияти бозори «Фаровон Қӯрғонтеппа», «Ҳоҷӣ Шариф», ҶДММ «Сафари К», ҶДММ «Нурафкан», терминали «Баҳор», муассисаи «Аҳмад бозор», роҳбарияти Муассисаи давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ва ғайра мушоҳида намудем. Тибқи иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Қаҳрамон Бобохонов дар ин рӯз тақрибан барои беш аз шаш ҳазор нафар аҳолӣ тариқи ройгон оши палав пешкаш гардид, ки аз ҷониби ошпазҳои машҳури шаҳр омода карда шуда буданд.

Маҳорати ошпазҳои дар фестивал — озмун аз ноҳияи Ёвон иштироккардаро низ махсус зикр намудан лозим меояд. Ошпазҳои моҳири ин ноҳия барои иштирокчиёни озмун дар 40 дег ош пухта, пешкаши ҳозирин намуданд. Аз рӯи андешаи ошпазҳои ёвонӣ агар ҷойи гузаронидани макони озмун — майдони «70 — солагии водии Вахш»- тангӣ намекард, онҳо дар 40 нею балки дар 50 деги калон оши палави болаззат пухта, пешкаши ҳозирон мегардониданд.

Ҳайати ҳакамони озмун маҳорати ошпазҳои ноҳияи Ёвонро ба назар гирифта, ҷойи аввалро ба онҳо муносиб донистанд. Шаҳри Қӯрғонтеппа бошад, дар байни 25 шаҳру ноҳияи вилоят соҳиби ҷойи дуюм гардид. Ҷойи сеюм ба ошпазҳои ноҳияи Данғара муносиб дониста шуд.

Ҳамчунин ҳайати ҳакамон «ошпази беҳтарин» ва «пешхизмати беҳтарин»-ро муайян намуда, онҳоро сазовори мукофоту инъомҳо ва сипосномаи раиси вилоят гардониданд.

Дар байни ташкилоту корхонаҳои вилоятӣ низ ғолибон муайян гардиданд. Оши палаву ҳунари дастархондории кормандони Раёсати маорифи вилоят сазовори ҷойи аввал дониста шуд.

Маркази стандартизатсия, сетификатсия ва нозироти савдои вилоят соҳиби ҷойи дуюм гардид. Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон бошад, соҳиби ҷойи сеюм гардид.

Дилбар Мирзохоҷаева аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ сазовори унвони «Пешхизмати беҳтарин» дар вилоят дониста шуд.

Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло низ дар майдони «70 — солагии водии Вахш» ба маҳорати пазандагию хизматрасонӣ ва ҳунарварии санъаткорон, аз шаҳру ноҳияҳои гуногун аз наздик шинос шуданд.

Фестивал — озмуни вилоятии «Оши палав» бори дигар нишон дод, ки воқеан ҳам оши палав таоми дӯстдоштаю писандидаи ин мардум аст ва месазад, ки он бештару хубтар ташвиқу тарғиб гардад.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»