Ояндаи Нуробод хеле дурахшон аст

№116 (3753) 30.09.2017

SONY DSCБо шарофати Паёмҳои арзишманди Пешвои миллат сол то сол дар ҳама самтҳои ҳаёти мамлакат пешравӣ ва файзу фаровонӣ ба бор меояд. Роҷеъ ба татбиқи нуктаҳову нишондодҳои Паём ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо раиси ноҳияи Нуробод Ҳасан Дӯстзода ҳамсуҳбат шудем.

 - Яке аз нуктаҳои муҳиму меҳварии Паёми соли гузашта ҷонибдории пешниҳоди Пешвои миллат ва қабули Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  буд…

- Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар бисёр масъалаҳои ­мубрами сайёра, аз ҷумла масъалаи оби тоза ва истифодаи самараноку сарфакоронаи он, ташаббускори беназир ва чеҳраи шинохта дар арсаи олам аст.

Иқдоми навбатии башардӯстона ва пешниҳоди хайрхоҳонаи  Пешвои миллатро вобаста ба ҳалли мушкилоти об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, мардуми сайёра низ хуб истиқбол карданд. Бо қабул гардидани қатънома нуфуз ва эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ хеле боло рафт. Аз ҷониби дигар, Пешвои миллат ба ин васила ба ҷаҳониён нишон доданд, ки Тоҷикистон дорои манбаи кофии ин сарвати пурқимат — оби тоза маҳсуб меёбад. Яъне, Президенти мамлакат ба ҳайси як фарди ватандӯст барои муаррифии манбаъҳо ва сарватҳои табиии кишвар талош меварзанд, ки боиси ибрату пайравии мост.

- Бо ташаббуси Сарвари давлат соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Ин ташаббуси шоистаро шумо ҳамчун раиси ҷавон ва кулли ҷавонони ноҳияи Нуробод чӣ гуна истиқбол намудед ва чӣ нақшаву амалҳои некеро дар доираи он анҷом хоҳед дод?

- Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон таваҷҷуҳ ва эътимоди хоса доштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба ин қишри аҳолӣ бори дигар собит намуд. Ин ташаббусро ҷавонони ноҳия бо хушнудӣ истиқбол карданд ва дар ҳошияи он як қатор тадбирҳо, аз қабили бунёди боғи ҷавонон, сохтмони майдончаҳои варзишӣ, маҳфилу чорабиниҳои фарҳангиву оммавӣ андешиданд. Аз рӯзҳои аввали ба ҳайси роҳбари ноҳия ба кор шурӯъ намуданам  аҳд кардам, ки аз ин неруи созанда, ғайрату кордонӣ ва донишу ҳисси баланди ватандӯстии онҳо баҳри рушду пешрафти ноҳия самаранок истифода барам. Имрӯз аксар кормандони дастгоҳ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳияро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд.

Мутмаинам, ки ҷавонони саодатманди ноҳия барои амалӣ намудани нияту ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат саҳми арзанда мегузоранд.

- Барои ноҳияи Нуробод кишоварзӣ соҳаи аввалиндараҷа маҳсуб мешавад, зеро таъминоти кору зиндагии сокинон ва рушду инкишофи  он ба ин соҳа вобастагии бештар дорад. Доир ба  вазъи соҳа ва ­дастовардҳои кишоварзони ноҳия чӣ гуфта  метавонед?

- Соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёти ноҳия мавқеи муҳим дорад. Имсол дар майдони 910 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронидем, ки  101,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Соли 2016 аз рӯи ҳисоботи оморӣ 2518,6 тонна ғалла, 13660 тонна картошка, 121 тонна зироати техникӣ, 3137 тонна сабзавот, 2475,4 тонна мева ва 11 070 воҳиди хӯроки чорво истеҳсол шудааст. Ҳамчунин, гӯшт, шир, асал, тухм, пашм ва пилла  нисбат ба соли 2015 мутаносибан зиёд истеҳсол гардидааст.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ соли 2016 ба 132 миллиону 434 ҳазору 800 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2015 — ум 568 ҳазору 700 сомонӣ зиёд мебошад.

Тибқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1000 гектар картошка, 1882 гектар ғалла, 166 гектар зироати техникӣ ва 1520 гектар зироати хӯроки чорво кишт шудааст.

- «Барномаи рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020» дар ноҳия чӣ гуна амалӣ мешавад?

- Иқлими ноҳияи мо барои рушди боғу токпарварӣ хеле созгор аст. Аз ҷониби дигар, таҷрибаи чандинсолаи боғдорони ноҳия замина ва шароитро барои рушди ин соҳа фароҳам меоварад.

Тибқи «Барномаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016 – 2020» дар ноҳия, дар маҷмӯъ, бунёди 40 га боғ ва барқароркунии 13 га боғҳои пешина дар назар аст.

Соли гузашта Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ва мулоқоташон бо сокинони ноҳия дастур дода буданд, ки дар масоҳати 40 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шавад. Хушбахтона, бо ҳидоятҳои Пешвои миллат сокинони ноҳия ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ба ҳашар баромада, то имрӯз дар майдони 16 гектар боғ бунёд намуданд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки як гӯшаи диёр ободу хуррам гардида, ҳаҷми истеҳсоли мева афзун ва даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёбад.

Айни замон нашъунамои ниҳолҳо хуб аст ва итминони комил дорем, ки дар ояндаи наздик дастури Сарвари мамлакатро иҷро менамоем.

- Дар ноҳия то ба имрӯз чӣ қадар иншооти замонавии таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст?

- Мутобиқи нақша соли гузашта барои корҳои ободонию сохтмонӣ, аз ҳамаи манбаъҳои мавҷуда 31 миллиону 446 ҳазору 350 сомонӣ аз худ карда шуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 10 миллиону 888 ҳазору 450 сомонӣ зиёд мебошад.

Соли 2016 чанд иншоот, аз қабили як бунгоҳи тиббӣ, 16 синфхонаи иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ ва як муассисаи таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин 15 мағозаву маркази савдо ба маблағи 2 миллиону 640 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Соли ҷорӣ бошад, идомаи сохтмони толори маҷлисгоҳ барои 350 ҷойи нишаст, сохтмони қасри фарҳанг дар шаҳраки Дарбанд, Идораи таъмини барқ, сохтмони қисми «Б»-и бинои Беморхонаи марказии шаҳраки Дарбанд, бинои Идораи обуҳавосанҷӣ ва ҳифзи муҳити зист дар шаҳраки Дарбанд, бинои Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзиливу коммуналӣ» ва Корхонаи давлатии фаръии об ва канализатсия дар шаҳраки Дарбанд, бинои мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод барои 300 нафар хонанда, мактаби санъат ва мусиқӣ дар шаҳраки Дарбанд ба нақша гирифта шудаанд.

- Дурнамои хоҷагии халқи ноҳияро чӣ гуна тасаввур мекунед?

- Ояндаи Нуробод хеле дурахшон аст. Дар доираи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2013 – 2017» анҷом додани як зумра тадбирҳои судманд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чанд иншооти таъиноти гуногунро дар назар дорем.

Аз ҳама муҳим он аст, ки Пешвои миллат ба рушди ноҳияи Нуробод таваҷҷуҳи хоса ва нияти нек доранд. Ин нуктаро Сарвари давлат пас аз дидорбинӣ бо сокинони ноҳия иброз намуда, таъкид карданд, ки дар ояндаи наздик маркази ноҳия — шаҳраки Дарбанд ба як шаҳри зебои замонавӣ  табдил хоҳад ёфт.

Ин ҳидояти Пешвои миллат моро барои боз ҳам зебову обод намудани ин гӯшаи дилрабои кишвари азизамон рӯҳбаланд менамояд. Мебояд, ки бештару беҳтар кору пайкор намоем ва Ватани маҳбубро ба гулистон табдил диҳем.

 Суҳбаторо Валиҷон БАЁНӢ