Ташаббус ва мулоҳиза

Оё «МХТ» ҷойи «МТС»-ро гирифта метавонад?

№2 (3639) 07.01.2017

1231Ба гузаштаи на чандон дури замони шӯравӣ оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои кишт назар карда, ҳақиқатро дарёфтан мумкин аст. Он айём аз заминҳо ҳосили дилхоҳ ба даст меоварданд ва табиист, ки комёбиҳо худ ба худ ба даст намеомаданд. Деҳқонон ба кор ҳавасманд буданд ва бовар доштанд, ки дар ҷамъбасти сол вобаста ба ҳосили бадастоварда маблағи иловагӣ онҳоро интизор аст. Аксари кормандони соҳа, бахусус мутахассисони бевосита ба кишту парвариши ин ё он зироат машғул, маълумоти олии касбӣ ё таҷрибаи кофӣ доштанд. Замин дар ихтиёри онҳое буд, ки ба он бо дилсӯзӣ муносибат мекарданд. Аз тарафи давлату ҳукумати вақт низ дар ҳаққи кишоварзон пайваста ғамхориҳо зоҳир мегардид. Рӯзномаю маҷаллаҳо, телевизиону радио бо мақолаҳою барномаҳои ҷолиб ба онҳо рӯҳбаландӣ мебахшиданд. Вале омили асосии пешрафти кори соҳа, ба таври васеъ истифода бурдан аз техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ маҳсуб меёфт ва шиорҳое чун «техника – мададрасони деҳқон», «техника – мушкилкушои деҳқон» вирди забонҳо буданд. Дар ҳар ноҳия марказҳои таъмири техникаи кишоварзӣ бо номи «МТС» — ҳо фаъолият доштанд. Омодагиҳо ба мавсим пешакӣ ва ҷиддан сурат мегирифтанд.

Мутаассифона, бар асари ҳодисаҳои ба ҳама маълум, гузаштан ба муносибатҳои нави истеҳсолӣ ба ҳамаи ин дастовардҳо хатти батлон кашида шуд. Аз ҷумла, аз «МТС» — ҳои замоне машҳур ва хусусишуда асаре намонд. Доир ба ғасби қитъаҳои заминҳои ҳосилхез ва мақсаднок истифода нашудани онҳо чизе намегӯем, ба ҷуз он ки фаро расидани замони зарурати бозпас гирифтани заминҳо ба хотири маҳсулоти ниёзи аввалия ногузир аст. Ба ҳамин монанд имрӯз зарурат ба эҳёи марказҳои замоне ободи хизматрасонии техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ пеш омадааст.

Вазифаи аввалиндараҷаи имрӯза — ҳифз ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрбуда бояд бошад. Коҳиш додани воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз хориҷи мамлакат ва бо маҳсулоти арзон, тоза ва бехатари худӣ таъмин кардани аҳолӣ, густариши содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷ аз омилҳои муҳими баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ба шумор мераванд, ки бидуни истифодаи таҷҳизоту техникаҳои замонавӣ имконнопазир аст.

Дар ин робита таваҷҷуҳи зиёди роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ба беҳдошти соҳа қобили таҳсин аст. Бо нияти амалӣ сохтани ҳадафҳои мазкур чанд сол аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» фаъолият дорад. Он бо дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои муайянеро дар самти механиконии соҳаи кишоварзӣ анҷом додааст. Аз ҷумла, соли 2016 дар ноҳияҳои Восеъ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бохтар, Шаҳритус ва Сарбанди вилояти Хатлон марказҳои нави хизматрасонии техникӣ таъсис ёфтанд, ки дар маҷмӯъ 20 адад­ро ташкил медиҳанд. Вале, то замоне ки дар ҳама шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ таъсис наёбанд, масъала ҳалшуда ҳисоб намеёбад.

Чанде пеш доир кардани семинар – машварат ба муносибати ифтитоҳи маркази нав­батии хизматрасонии техникӣ дар ноҳияи Вахш (раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло) иқдоме буд шоиста. Дар саҳни корхона намунаи техникаю таҷҳизоти замонавии истеҳсоли хориҷӣ — комбайну тракторҳои шудгоркунандаи истеҳсоли Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, таҷҳизоти кории истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин,Туркия ва чанд номгӯй олоти кишоварзии ватанӣ ба тамошо гузошта шуд. Зимни кушодашавии МХТ — и ноҳияи Вахш, ки бо арзиши 808 220 сомонӣ бунёд шудааст, директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Акрамзода Юсуф Акрам изҳор дошт, ки баҳри дастрас намудани техникаю таҷҳизот барои хоҷагиҳо сабукиҳо муқаррар гардидааст. Маблағи пурраи арзиши ин ё он техникаро баъди ҷамъбасти сол ва дар муҳлати бештар аз он пардохт кардан имкон дорад. Барои хоҷагиҳои хурде, ки қудрати харидории техникаҳои пуриқтидорро надоранд, хизматрасонӣ аз тариқи марказҳои хизматрасонии техникӣ сурат мегиранд, зеро мақсад на фурӯши техникаҳо, балки баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад.

Мутахассисони соҳа, аз қабили Зеваршо Зеваршоев — муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Каримов- профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Бобохон Ҷаъфаров — мутахассиси КВДҶ «Тоҷикагролизинг» изҳор доштанд, ки механиконии соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тақозои давру замон мебошад. Ба техникаҳои куҳнаю фарсудашудаи даврони шӯравӣ дигар умед бастан нашояд. Бартарии техникаю таҷҳизоти муосир дар сарфаи вақт, маблағ ва пешгирӣ аз талафи ҳосилу исрофкорист. Истеҳсолкунанда бо дарназардошти талаботи бозор ва тоб овардан ба рақобат кафолати сифати моли худро медиҳад. Хоҳиши ягонаи онҳо ба мутахассисон вобаста намудани мошинҳо мебошад. Барқарорсозии марказҳои номбурда хеле манфиат­овар ва ҷуброни хароҷоти он дар муддати кӯтоҳ имконпазир аст. Ба саволи он ки оё «МХТ» - ҳо ҷойи «МТС» — ҳоро гирифта метавониста бошанд, вақт ҷавоб медиҳад.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»