Аз рӯзгори одамони наҷиб

Пайроҳаи падар

№143 (3444) 27.10.2015

Пайрохаи падарНазрхоҷа деҳқонзода аст. Бо нони деҳқон калон шудааст. Ҳанӯз дар хурдӣ ҳамроҳи падар сари замини киштзор рафта, санъати кишоварзиро омӯхтааст. Ба замин меҳри беандоза дорад. Чун ба воя расид ва мактаби миёнаро хатм намуд, ба пайроҳаи падар қадам гузошт. Ҳарчанд тамоми шароит барои идомаи таҳсили ӯ муҳайё буд, меҳри замин ӯро раҳо накард, ки пайи шуғли дигар биравад. Роҳи интихобнамудааш ҳама чизро барои зиндагии шоиста таъмин кард. Меҳнатдӯстию ҳалолкорӣ, ростқавлию инсондӯстӣ ва ахлоқи ҳамида, ташаббускориҳояш баҳри ободии диёр ва дастгирии мардуми камбизоат обрӯ ва эътиборашро байни сокинони мавзеи Хости деҳоти «Қалъаи сурх»-и ноҳияи Рашт зиёд намуд.

Ӯ марди меҳрубон, хоксор ва хушгуфтор аст. Корафтодагонро бо чеҳраи хандону сухани хуш пешвоз мегирад ва барои баровардани ҳоҷати онҳо талош мекунад. Шунидам, ки марди камбағале солҳои бесарусомонӣ  қарздор буд ва соҳиби пул рӯзе чанд бор ба хонааш меомаду дӯғу пӯписа мекард, ки қарзи ӯро бозпас диҳад. Мард бо андешаи зиёд назди Назрхоҷа омаду мушкилашро арз кард ва ёрӣ пурсид. Назрхоҷа барои меҳмон дастурхон густурд ва гуфт: «Ту як пиёла чой бигир. Ман аз пайи иҷрои кори ту мешавам». Ҳамон рӯзҳо як танга пасандоз надошт. Аз хона баромаду ба мошин нишаста, маркази ноҳия — шаҳраки Ғарм омад. Аз як дӯсташ маблағи пурсидаи корафтодаро гирифту баргашт. Он мард хеле баъд аз ҳақиқати ҳол огоҳ шуд ва то имрӯз дуои ҷони Назрхоҷа ва фарзандони ӯро менамояд.

Назрхоҷа даврони бесарусомонии кишвар хеле фаъол буд. Нотарсона дар ҷамъомадҳо баромад мекард, ҳақиқатро ба самъи мардум мерасонд. Онҳоро тарғиб мекард, ки пайи ободии мамлакат камар банданд ва дунболи бегонапарастон нараванд.

- Ҳар як сокини кишвари мо, — мегуфт пайваста, — метавонад бо меҳнати ҳалоли созанда дар барқарории сулҳу пойдории давлатамон саҳм гузорад ва зиндагии шоистаи хонаводаи худро таъмин кунад.

Соли 1996 раиси вақти ноҳия Сайдулло Хайруллоев дар мавзеи Хост хоҷагии давлатӣ таъсис дод ва роҳбарии ин хоҷагии навбунёдро ба зиммаи Назрхоҷа Раҳимов гузошт. Нахуст коре, ки ба анҷом расонид, кабудизоркунии ду тарафи роҳ буд. Дар масофаи ҳашт километр аз ду тарафи роҳи мошингард панҷ ҳазор ниҳолҳои боровар — зардолу, гелос ва олуча шинонд, ки баъдҳо роҳгузарон барои чунин кори хайр ба ӯ аҳсант хонданд.

Баъди барқарории сулҳу салоҳ дар кишвар низ шароит дар ноҳия вазнин буд. Мутахассисон намерасиданд. Вайронаҳоро обод кардан лозим буд. Собиқ раиси ноҳия равоншод Муҳаммадшариф Толибов Назрхоҷаро ба наздаш даъват кард.  Ба ӯ дастур дод, ки барои боз ҳам беҳтар шудани шароит дар хоҷагӣ байни мардум кор барад. Маҳз бо дастгирии раиси ноҳия тавонист роҳи мошингардро, ки дар фасли зимистон ягон намуди нақлиёт ҳаракат карда наметавонист, сангфарш намояд.

Дар кӯҳистон шароит душвор буд. Қувваи барқ намерасид. Вай дар деҳаи Лангар неругоҳи барқи обии хурде бунёд кард, ки тавассути он хонаҳои тамоми сокинони деҳа бо рӯшноӣ дар ҳама фасли сол таъмин гардид.

Фасли зимистон сокинони мавзеи Хост ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мегардиданд. Агар нафаре бемор мешуд, барои ба маркази ноҳия оварданаш азоби зиёд мекашиданд. Ҳамин буд, ки ба тариқи ҳашар бунгоҳи тиббӣ бунёд намуд.

Сокинони маҳал ҳар пешниҳоди ӯро қабул доранд ва барои амалӣ гардиданаш паҳлуи Назрхоҷа меҳнат мекунанд. Тамоми мардуми мавзеи Хост чун фарзандони як оила корро ба даст мегиранду дар як муддати кӯтоҳ онро ба анҷом мерасонанд.

- Бо ин мардум кӯҳро талқон кардан душвор нест, — бо ифтихор мегӯяд Назрхоҷа.

Мавзеи Хост хеле дилкашу зебост. Он ҷо чанд деҳаи хурд вуҷуд дорад, ки байнашон се-чор километрӣ роҳ аст ва дар маҷмӯъ ҳамаи онҳоро Хост меноманд. Дар деҳа мактаб набуд. Бачаҳо имконияти таҳсил надоштанд. Назрхоҷа ба назди раис омаду маслиҳат пурсид. Раҳматии Толибов марди донишманду маърифатдӯст буд. Ҳарфашро гӯш кард ва барои бунёди мактаб дар Хост ёрӣ расонд. Сокинони маҳал намедонистанд, ки аз хурсандӣ чӣ кор кунанд. Дастаҷамъона дар сохтмони мактаб ширкат варзиданд. Як бинои муҳташам бунёд шуд.

Назрхоҷа ба китобхонӣ шавқ дорад. Агар китоберо ба даст гирад, то саҳифаи охиринашро нахонад, онро аз даст намегузорад. Дигаронро низ ба китобхонӣ ташвиқ мекунад. Набудани китобхона имконият намедод, ки китобдӯстон вақти фориғ аз кор ба мутолиа машғул шаванд. Дар бораи бунёди як китобхона бо сокинони деҳа суҳбат кард. Мавқеи китобро дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба мардум фаҳмонд. Мардум дастгириаш карданд. Ба назди раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидумрон Назар омаду маслиҳат пурсид.

- Масолеҳи бинокорӣ, таҷҳизот ва китоб кумак менамоем,- суханашро то охир гӯш карда гуфт раис. — Ба шарте, ки сокинони маҳал дар бунёди бинои китобхона ёрӣ диҳанд. Яъне, масолеҳ аз мову меҳнат аз шумо.

Ба деҳа баргашту ба мардум гуфтаҳои раисро расонд. Рӯзи дигар хурду калон барои сохтмони бинои китобхона ҳозир шуданд. Дар як муҳлати кӯтоҳ бинои китобхона иборат аз се ҳуҷра бунёд гардид ва бо дастгирии раис тамоми таҷҳизоти зарурӣ оварда шуд. Имрӯз ба толори китобхона медарояду ҷавононро машғули китобхонӣ дида, шукрона мекунад.

Ҳоло Назрхоҷа Раҳимов дар майдони се гектар боғе бунёд намудааст, ки аз тамошояш чашми кас сер намешавад. Аҷибаш, ин ки дар он баландӣ ниҳолҳои себ, нок ва муруд ба касалӣ гирифтор нашуда, ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Ният дорад, ки масоҳати боғҳои худро аз ҳисоби заминҳои бекорхобида васеъ намояд.

Соли гузашта хоҷагии ӯ  дар майдони 15 гектар картошка кишт намуд. Имсол бо супориши раиси ноҳия   Лоиқзода  Қаноатшоҳ Холиқ картошкапарварон майдони кишти картошкаро васеъ карданд. Ба ноҳия тухмии зиёди хушсифат оварданд.  Дар хоҷагии ӯ низ  миқдори майдони картошка ба 25 гектар расид.

- Ман ба пайроҳаи падари бузургворам қадам гузоштам,- мегӯяд Назрхоҷа. — Мардуми диёрам маро эҳтиром менамоянд ва ба ҳарфам гӯш медиҳанд. Ин беҳтарин мукофот бароям дар зиндагист. Бачаҳоро хонондам. Ду нафар донишгоҳи омӯзгориро хатм карданд. Дар мактаби бунёднамудаамон омӯзгор намерасид. Ба ҳамин хотир онҳоро фиристодам, ки таҳсилро идома диҳанд. Имрӯз ба бачаҳои ҳамдеҳаи худ дарс мегӯянд. Вақтҳои фориғ аз кор ба боғдорию картошкапарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Умед дорам, ки онҳо низ дар пойдории давлати ҷавони мо, сулҳу осоиштагии мардум, ваҳдат ва рушди иқтисоди кишвар саҳм мегузоранд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»