Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Президент

Роҳҳои хуб заминагузори бунёдкориҳоянд

№102 (3087) 12.08.2013

DSC_0745Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии  молиявӣ 13 созишномаи грантию қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба маблағи  умумии 923 миллион сомонӣ ба имзо расидааст. Бамаврид аст зикр созем, ки аз ин маблағи фавқуззикр 472 миллион сомониашро, ки ба 50 фоизи ҳаҷми умумии маблағи созишномаҳо рост меояд, маблағҳои грантӣ  (бебозгашт) ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор барои соҳаҳои маориф 47 миллион сомонӣ, кишоварзӣ 346 миллион сомонӣ, энергетика 184 миллион сомонӣ, нақлиёт 179 миллион сомонӣ, тандурустӣ 29 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 24 миллион сомонӣ ва мақомоти давлатӣ  114 миллион  сомонӣ равона мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби  сармояи хориҷӣ ва истифодаи самараноки имконоти дохилӣ дар бунёду таҷдиди роҳҳо кори зиёдеро ба сомон расонидааст.

Бисту шашуми апрели соли ҷорӣ зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҷумла чунин зикр намуд: «Тоҷикистон чанде қабл бо кушодашавии нақби «Шаҳристон» аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ пурра раҳо ёфта, ба як сарзамини воҳид табдил ёфт. Акнун зарур аст, ки доир ба ҳалли масъалаи баромадан ба баҳр ва бандарҳои тиҷоратӣ низ чораҷӯӣ карда шавад».

Воқеан ҳам, давоми даҳ соли охир  бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат дар заминаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи самараноки имконоти дохилӣ баҳри раҳойӣ ёфтани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ иқдомоти зиёде амалӣ шуд. Тибқи маълумотҳо, тайи мудати зикргардида 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 3,2 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ба шарофати иқдомоти фавқуззикр 1650 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ мешавад ва дар ин раванд Вазорати молияи мамлакат, ба сифати мақоми ваколатдори давлатӣ, саҳми муносиб дорад.

Ба мувофиқа расидани Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба маблағгузории сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг рӯйдоди аз лиҳози моҳият хеле муҳим маҳсуб ёфта, далели возеҳи он аст, ки ташкилоту созмонҳои бонуфузи молиявӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари муназзам рушдёбанда эътироф намудаанд ва ба дурнамои неки он эътимод доранд.

Дар суҳбат бо мо, вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмуддинов иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  соли гузашта ҳангоми сафари кориашон ба ноҳияи Ховалинг ба масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар муҳлатҳои наздиктарин оид ба ҷалби сармоя барои сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг  чораҳои зарурӣ андешанд. Аз замони ироаи ин дастур роҳбарияти Вазорати молияи кишвар баҳри иҷрои саривақтии он тамоми  кӯшишро ба харҷ дод.

- Хушбахтона, иқдомоти мо самар овард, — мегӯяд Сафаралӣ Наҷмуддинов. — Санаи 24 июли соли ҷорӣ зимни гуфтушунид бо намояндагони яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ- Бонки Осиёии Рушд оид ба дастгирии  лоиҳаи навбатии инвеститсионӣ, ки дар он сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ховалинг ва Сайрон-Қарамиқ пешбинӣ шудааст, ба мувофиқа расидем.

Тибқи суханони вазири молияи ҷумҳурӣ, барои дар сатҳу сифати ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ амалӣ намудани лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд 89 миллион доллари ИМА, ки  муодили 445 миллион сомонӣ  мебошад, ҷудо карда мешавад. Муҳим он аст, ки аз маблағи фавқуззикр 70 миллион доллари ИМА, ки муодили 350 миллион сомонист, ба сифати грант (маблағи бебозгашт) пешниҳод хоҳад гашт. Аз суҳбат бо Сафаралӣ Наҷмуддинов ҳамчунин иттилоъ гирифтем, ки барои татбиқи лоиҳаи зикршуда Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ба андозаи 19 миллион доллари ИМА, ки муодили 95 миллион сомонӣ  мебошад,саҳмгузорӣ менамояд. Ҷоиз ба зикр аст, ки ризоият додани роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд ба чунин тарзи маблағгузорӣ иқдоми саҳлу содда набуда, ин омил далели дар сатҳу сифати ҷавобгӯйи талаботи тарафайн қарор доштани ҳамкориҳои ҳасанаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи байналмилалии молиявист. Давоми соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ 13 созишномаи грантию қарзӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 923 миллион сомонӣ ба имзо расидааст. Бамаврид аст зикр созем, ки аз ин маблағ 472 миллион сомониашро, ки ба 50 фоизи ҳаҷми умумии маблағи созишномаҳо рост меояд, маблағҳои грантӣ (бебозгашт) ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор,  барои соҳаҳои маориф — 47 миллион  сомонӣ, кишоварзӣ — 346 миллион сомонӣ, энергетика — 184 миллион сомонӣ, нақлиёт — 179 миллион сомонӣ, тандурустӣ — 29 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 24 миллион сомонӣ ва мақомоти давлатӣ — 114 миллион сомонӣ  равона мегарданд. Татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди  Восеъ-Ховалинг ба боз ҳам ободу зебо гардидани ин минтақаҳои биҳиштосои кишварамон, ки ин мавзеъҳоро диёри нахустодамон низ меноманд, мусоидат хоҳад кард.

Дар доираи лоиҳаи мазкур таҷдиду сохтмони 88 километр роҳи автомобилгарди миёни навоҳии Восеъ- Ховалинг ба маблағи 283,5 миллион сомонӣ дар сатҳу сифати баланд амалӣ  карда мешавад. Инчунин дар ноҳияи Восеъ зиёда аз 18 километр роҳҳои миёни деҳаҳо, сохтмон ва таҷдиди чор кӯпрук, насби барқтаъминкунакҳои офтобӣ дар деҳаҳое, ки дар давраи зимистон аз таъмини барқ танқисӣ мекашанд, дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияи Ховалинг бошад, сохтмон ва таҷдиди ҳафт кӯпрук, 12 километр роҳҳои маҳаллӣ ва гузаронидани хатти барқтаъминкунӣ дар қитъаҳои аҳолинишини шафати роҳ пешбинӣ гардидааст.

Сафаралӣ Наҷмуддинов муътақид аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур баҳри беҳбудӣ ёфтани сатҳи зиндагии 450 000  нафар аҳолии ноҳияҳои Ховалингу Восеъ ва шаҳри Кӯлоб такони ҷиддӣ хоҳад бахшид, зеро ин иқдом раванди дастрасии сокинони ин минтақаро ба роҳҳои шабакавӣ таъмин намуда, ҳамзамон ба тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ, зиёдшавии даромади аҳолӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, хусусан тандурустӣ ва маориф кӯмаки амалӣ мерасонад.

Ҳамчунин таҷдиди роҳи мазкур имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам омада, корхонаҳои нав, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, меҳмонхонаҳо, мағозаҳо, иншооти соҳаи туризм ва ғайра бунёд ва мавриди истифода қарор гиранд. Қисмати дуюми лоиҳа, ки маблағи он 162 миллион сомониро ташкил медиҳад, барои мумфарш намудани 89 километр  роҳи  автомобилгарди Сайрон – Қарамиқ равона карда мешавад. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдом идомаи мантиқии лоиҳаи  таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе -сарҳади Қирғизистон маҳсуб меёбад. Сафаралӣ Наҷмуддинов ҳамчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 68 лоиҳаи муштараки инвеститсионии давлатӣ ба маблағи умумии 2 миллиард доллари ИМА якҷоя бо ташкилоту созмонҳои   байналмилалии молиявӣ амалӣ шуда истодааст.

Сафаралӣ Наҷмуддинов махсус таъкид намуд, ки танҳо  барои рушди соҳаи нақлиёт 21 лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаҳои «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе -Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-сарҳади Қирғизистон», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент» ва ғайра амалӣ шуда истодааст.

Дар интиҳои суҳбат аз Сафаралӣ Наҷмуддинов бобати ҳолати феълии қарзи хориҷии кишварамон, ки аксар вақт аз ҷониби баъзе «коршиносон» хеле нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, пурсон шудам. Маълум гашт, ки идоракунии қарзи давлатӣ сатҳи муътадил дошта, хизматрасонии он пурра таъмин шудааст. Мавсуф дар тақвияти ин андеша иброз дошт, ки давоми шаш моҳи соли равон хизматрасонӣ ва пардохти қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти қарзи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва қарзҳои кафолатноки ҳукуматӣ 72,19 миллион доллари ИМА, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосӣ 56,86 миллион доллари ИМА ва фоизи пардохт 15,33 миллион доллари ИМА –ро  ташкил додааст.

Маблағи умумии қарзи беруна бошад, айни замон 2131,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки ин ба 25,3 фоизи Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад. Аз ин бармеояд, ки ҳангомасозии баъзе «коршиносон» бобати ҳолати кунунӣ ва дурнамои қарзи хориҷии кишвар аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур буда, ба андешаҳои муғризонаи нотавонбинони давлатамон асос ёфтааст,-гуфт дар фарҷоми суҳбат вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмуддинов.

 Далер Мерганов, «Садои мардум»