Густариши ҳамкориҳои минтақавӣ

Робитаҳои дӯстона тамоюли устувор доранд

№100 (3246) 28.08.2014

«Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва  прогматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 апрели соли 2014)

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 8 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд.

Сафорати Федератсияи Россия фаъолияти худро дар шаҳри Душанбе 4 майи соли 1992 оғоз кард. Ҳамзамон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва 18 декабри соли 1993 таъсис ёфт. Айни замон дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Уфа консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Хуҷанд консулгарии генералии Федератсияи Россия фаъолият мекунанд.

Дар тӯли зиёда аз 20 соли ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Россия зиёда аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар аксарияти соҳаҳо дар бар мегиранд, ба имзо расидааст. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ- Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн ба ҳисоб меравад, ки 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст.

Тоҷикистон ва Россия оид ба кулли масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла ҷиҳати ҳамкориҳои босамар дар доираи чунин созмонҳои байналмилалӣ- Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва дигарҳо аҳамияти муҳим дода мешавад.

Сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия (июни соли 2004, апрели соли 2011 ба шаҳри Москва, октябри соли 2005 ва июни соли 2007 ба шаҳри Санкт –Петербург, октябри соли 2007 ба Челябинск, августи соли 2013 ба Ново-Огарёво) ва сафарҳои Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба шаҳри Душанбе (ноябри соли 1999, июли соли 2000, октябри соли 2001, апрели соли 2003, ташрифоти расмии ӯ октябри соли 2004, августи соли 2008, сентябри соли 2011, октябри соли 2012) мисоли равшани сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд.

Натиҷаи ин вохӯриҳо ба рушди ҳамкориҳои шарикӣ такони тоза бахшида, дар рафти онҳо механизмҳои суръатбахшии раванди иҷрои қарордодҳои басташуда муайян гардиданд. Ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзудани гардиши мутақобилаи савдо, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданок, густариши ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ диққати махсус медиҳанд.

Дар доираи муносибатҳои ҳар ду давлат ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия низ ба таври фаъол ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла соли 2006 дар назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи доимӣ оид ба кор бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия таъсис дода шуд. Миёни вакилони парлумони ду ҷониб мунтазам вохӯриву мулоқотҳои судманд сурат мегиранд.

Ҷанбаҳои ҳамкории иқтисодии байни Тоҷикистону Россия, пеш аз ҳама, дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ муайян мешаванд.  Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ то охири сол баргузор мегардад. Россия шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон 20 фоизро ташкил медиҳад.

Тайи чанд соли охир сармоягузории бевоситаи Россия ба Тоҷикистон зиёда аз 700 млн. доллари ИМА- ро ташкил дод.

Айни замон тибқи қарордодҳои дуҷонибаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Газпром»- и Федератсияи Россия ҷонибҳо корҳои иктишофии геологиро дар мавзеъҳои нафту гази кишвар амалӣ карда истодаанд.

Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ низ босамар тавсеа меёбанд. Ин раванд бо таъсиси намояндагии КВД «Россотрудничество», Маркази иттилоотию фарҳангии Бунёди «Русский мир» дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт. Айни замон дар Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, инчунин филиали ду донишгоҳи бонуфузи Москва- Донишгоҳи давлатии Россия ба номи М.Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Москва фаъолият доранд.

Тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Россия дар муносибатҳои дуҷониба мақоми хосса  доранд. Баргузории рӯзҳои фарҳангӣ ва рӯзҳои адабиёти ду кишвар (солҳои 1997, 1999, 2005, 2008) ба ҳукми анъана даромадаанд.

Робитаҳои ҳар ду давлат дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай низ рӯз то рӯз густариш ёфта истодааст.

Аъзам МӮСОЕВ,«Садои мардум»