Дар меҳмонии олим

Сарви шинонидаи Пешвои миллат — зинатбахши Боғи ботаникии Кӯлоб

№2 (3639) 07.01.2017

Тилло БобозодаРаиси Маркази илмии хатлонии Академияи илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ Тилло Бобозода аз табиатшиносони маъруфи кишвар маҳсуб шуда, 30 сол боз сарварии Боғи ботаникии шаҳри Кӯлобро ба уҳда дорад. Бо ин марди дилбохтаи табиат, дар хусуси фаъолияти боғи мазкур  ва дигар масъалаҳои соҳаи набототшиносӣ суҳбат доштем.

- Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 30-сола шуд.  Шумо, ки аз ҷумлаи  бунёд­гузорони он  ҳастед, қадам ба синни  75 гузоштед…

- Ба ифодаи шоири ҳамсолам, шодравон Ғоиб Сафарзода «Соли ба ҷаҳон омаданам соли гарон буд…». Агар равшантар гӯям, дар Ховалинг дида кушодаю замони кӯдакиҳо дар Муъминободу Душанбе ва наврасиҳо дар маркази Хатлони куҳан-деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ сипарӣ шудаанд. Падарам аз тоҷикони Бойсуни Ӯзбекистон буданд ва дар солҳои  Ҷанги Бузурги Ватанӣ  котиби аввали Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ховалинг кор карданд. Соли 1943 бо туҳмати Музаффар босмачӣ то соли 1956 пушти панҷараи зиндонҳои Қарағандаю Магадан қарор гирифт. Баъди ба озодӣ баромадан зуд сафед шуд, вале мо — фарзандон  ранҷи бепадарию мушкилиҳои давраи ҷангию  баъдиҷангиро  сахт  кашидем.

Соли 1962 баъди хатми факултети табиатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикис­тон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кор омадам. Дар ин шаҳри писандидаам баробари бунёди оилаву пеш бурдани фаъолияти илмӣ соли 1985 бо дастгирию роҳнамоии Ҳукумати вақт ва  Академияи илмҳо ба бунёди Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб иқдом намудам. Соли ҷорӣ китоберо бо номи «Умре бо хандаи гулҳо ва гиряи созҳо» рӯи чоп овардам, ки дар баробари мазмуни шарҳи ҳолӣ доштан, инчунин аз гузаштаву имрӯзаи боғи ботаникӣ  қисса мекунад.

- Муҳаббат ва шавқу рағбати беандоза ба табиат кай ва чӣ гуна дар қалби шумо  маскан гирифт?

- Модар баъди зиндонӣ шудани падар, ба хонаи падарӣ, ба деҳаи Алакаи ноҳияи Муъминобод омад. Он вақт Алака бо табиати писандидаю боғоти файзбор хеле шуҳрат дошт. Дар ҳамсоягӣ бо номи Назар мӯйсафеди заҳматкаше зиндагӣ мекард, ки аз субҳ то шом машғули нигоҳубини дарахтони боғ  буд. Мо — кӯдакони кунҷкови дунёбехабар, гоҳ-гоҳе ба хотири сер кардани шикаму ширин кардани даҳон, назди ӯ мерафтем. Мӯйсафед ҳангоми фароғат аз кор, ба мо  дарси одобу меҳнат меомӯхт.

Муҳаббат дар қалби кӯчаки ман оид ба боғдорию ҳифзи табиат, аз ҳамон боғи мӯйсафеду манзараҳои  дилпазири деҳаи Алака ибтидо гирифт.

- Масоҳати боғи ботаникӣ  чанд гектарро ташкил медиҳад  ва дар он кадом навъи дарахтон парвариш меёбанд?

- Боғ дар қисмати шимолии шаҳр қарор дошта, масоҳати он 16 гектарро ташкил мекунад ва беш аз 400 навъи дарахтон парвариш карда мешаванд. Дар баробари ин, мо аз ибтидои кор баҳри  ҳифзи генофонди набототи кишвар талош намудем. Ба ин хотир ба Сари Хосору Ховалинг, Муъминободу Даштиҷум ва дигар мавзеъҳои минтақа рафта, намунаи  дарахтони ҷангалию мевадори бобоиро барои парваришу нигоҳдорӣ овардем. Шаш сол пеш як гурӯҳи олимони  кишвари Австралия меҳмони Кӯлоб шуданд ва аз банда хостанд, ки барои онҳо ҳосили меваеро дарёб намоям, ки дарахти он на кам аз 100 сол умр  дошта бошад.Ҷустуҷӯҳо моро ба деҳаи Оби Рӯшани ноҳияи Ховалинг оварду меҳмонон аз дарахтони бузурги амруд ва шаҳкунги деҳа намуна гирифта, барои таҳқиқ ба Австралия бурданд.

Ҳифз кардани табиат, ин маънои ҳифз кардани тандурустию таъмини давомнокии умр аст. Дар кишваре, ки  ба қадри тозагии муҳит ва табиат мерасанд, зиндагӣ рангу нумӯи дигар дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «табиат мекунад моро табобат». Онҳоеро чашми дидан надорам, ки даст ба дарахтбурӣ зада, ҷангалзорҳоро хароб мекунанд. Саҳрои Кабир ҳам як замон сабзу хуррам ва дилкаш буд ва аз бетафовутии одамону замондорон биёбон шуд.

- Сӣ сол барои боғи ботаникӣ вақти кам нест. Дар ин давра кадом мушкилоту хотираҳои нек  дар ёди шумо нақш бастааст?

- Иҷрои ҳеҷ кор бе мушкилӣ намешавад. Мушкилиҳо  марбути 10 соли аввали фаъолиятанд. Замоне ки ба бунёди боғ оғоз кардем, Давлати Шӯравӣ дар ҳоли фалаҷшавӣ қарор дошт. Ин  давлат аз миён рафту ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ шуд.

Ҳарчанд муштзӯрони давр озорамон медоданд, вале вобаста ба имконот ба кор сахттар часпидем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  22 марти соли 1998 бо сафари корӣ ба  шаҳри Кӯлоб омаданд. Он рӯз, ки ба иди Наврӯз рост меомад, ба Боғи ботаникӣ низ ташриф оварда, ниҳоли сарв шинониданд, ки ҳоло хеле бузург шудааст. Дар маҷмӯъ, Пешвои миллат панҷ маротиба ба Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд ва аз файзи сафарҳояшон боғ соҳиби  оби полезӣ ва техникаҳои корӣ шуд.

- Боз киҳо  дар Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ниҳол шинонидаанд?

- Тӯли 30 сол дар ин боғ давлатмардону донишмандони зиёде, ба мисли собиқ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, зиндаёд Муҳаммад Осимӣ, шоир  Ашӯр Сафар, собиқ сарвазирони кишвар Изатулло Ҳаёев, Акбар Мирзоев, собиқ муовини якуми Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулғаффор Раҳмонзода, олимон Раҳим Масов, Акбари Турсон, Хуршед Каримов, М. Яқубова, Х. Ҳисориев, А. Фелалиев, О. Ҳақназаров, Ҳ. Назиров ва дигарон дарахтони гуногун шинонидаанд.

Дар ин миён ниҳолшинонии шоири зарофатгӯ Ашӯр Сафар ҳеҷ аз хотирам намеравад. Вақте ба ӯ барои шинонидани ниҳоли сарверо пешкаш намудам, шоир бо лаҳни ба худ хос гуфт: — Шӯлаш надорӣ? Мо аз хурдӣ ба фарку шӯлаш одат кардаем. Ба қавли устодам С. Вализода: — Зи ҷангал фарку шӯлаш мекашидем…

Ҳоло бошад, шӯлаши шинонидаи шоир як дарахти азиме шудаасту ҳар баҳор бо бӯи гулҳои арғувонии худ боғро рангину муаттар месозад.

Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»