Шумораи эҳтиёҷмандони ёрии башардӯстона тамоюли афзоишро касб намудааст

№105 (3406) 05.08.2015

Аз 28 то 30 июли соли ҷорӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Машварати минтақавии Саммити ҷаҳонии башардӯстона барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии кумаки башардӯстона, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷамоатҳои зарардида, ташкилотҳои минтақавӣ, Агентиҳои СММ, аъзои ҳаракати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ташкилотҳои кумакрасон, гурӯҳҳои ҷавонон, ниҳодҳои илмӣ ва хусусӣ, ҷамъ 140 намоянда аз 16 кишвари ҷаҳон доир гардид.

Дар ин ҷаласа муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода, ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи кумаки башардӯстона хонум Кюнг-ва Канг, намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнанӣ, директори иҷроияи  Барномаи Ҷаҳонии Озуқавории СММ хонум Эртарин Казин ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ доир ба офатҳо, кумак ба зарардидаҳо ва омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии башардӯстона, ки соли оянда дар Истанбул доир мегардад, суханронӣ намуданд.

Пешгирии офатҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ доир ба офатҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида, ҳамоҳангсозии самараноки амалиёти башардӯстона дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои  байналмилалӣ аз ҳадафҳои баргузории ин ҳамоиш арзёбӣ шуд.

Ҳамоиши мазкур ҳаштумин ба ҳисоб рафта, бо ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар доираи Саммити ҷаҳонии башардӯстона баргузор гардид.

- То имрӯз дар ҳафт кишвари ҷаҳон машваратҳои омодагӣ баргузор гардид ва ҳаштумин машварат дар шаҳри Душанбе доир  шуд. Баргузории ин ҳамоиш барои Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест, зеро Тоҷикистон чун кишвари кӯҳӣ дар баробари офатҳое, ки ба об вобастаанд, осебпазир мебошад, — изҳор дошт З. Н. Шамсиддинзода.

Меҳмонон зимни суханрониашон ба офатҳои табиии дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бавуқӯъпайваста низ ишора намуда, ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ карданд. Иштирокчиёни ҳамоиш зикр намуданд, ки давоми даҳ соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон аз офатҳои табиии вобаста ба об рухдода, як миллиард доллари ИМА зарар дидааст. Ҳаҷми зарари офатҳои табиии марбут ба об дар ҷаҳон бошад, тайи даҳ соли гузашта 60 миллиард доллари ИМА ҳисоб шудааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки даҳсолаи охир теъдоди эҳтиёҷмандон ба ҳадде боло рафтааст, ки аз эҳтиёҷмандони ёрии башардӯстона дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон бештар аст. Ба гуфти иштирокдорони ҳамоиш, мизони ёрии башардӯстона ҳамасола афзуда, СММ то охири соли ҷорӣ ба 789 миллион нафар аз 37 кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона хоҳад расонид.

Иштирокчиён бо истифода аз таҷрибаи бузурги корӣ, бо дарназардошти мушкилиҳои имрӯза ва буҳрони минтақавӣ, тавсияҳояшонро пешниҳод намуданд, ки дар асоси онҳо раванди расонидани кумакҳои башардӯстона дар оянда шакл хоҳад гирифт.

Х. Шарипов, «Садои мардум»