Соҳибкорӣ ба рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд

№105 (3406) 05.08.2015

24 июли соли равон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд ярмаркаи минтақавии савдо — «Суғд — 2015» баргузор гардид.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими ифтитоҳи ярмаркаи минтақавии савдо — «Суғд — 2015» дар ҳузури меҳмонон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон,  Полша, Беларус, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Фаронса, Қазоқистон изҳори боварӣ намуд, ки ярмарка барои рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротии минтақа, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир  мусоидат хоҳад намуд.

Дар ярмаркаи мазкур 110 ширкату корхонаҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳсулоти саноатии худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд. Ҳамзамон 150 ҳоҷагии деҳқонӣ маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузошта, бори дигар собит намуданд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд дар самти содироти маҳсулот мебошад.

Дар ярмарка нахустин бор маҳсулоти дастии ҳунармандон, аз қабили қолинҳо, сӯзаниҳои гуногун, атласу адрас ба намоишу фурӯш гузошта шуд. Дар доираи ярмаркаи минтақавии савдо — «Суғд — 2015» дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Форуми чоруми минтақавии тиҷоратию сармоягузорӣ дар мавзӯи «Неруи содиротӣ ва рушди савдои байналмилалӣ» доир шуд, ки дар ин форум намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, сармоягузорон, намояндагони воситаҳои ахбори омма аз 17 кишвар ва 14 созмони байналмилалӣ иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин форум вусъати ҳамкориҳо ва ба роҳ мондану тақвият бахшидани муносибатҳо миёни кишварҳо мебошад.

Владимир Воронов — масъули Палатаи савдо ва саноати вилояти Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузории ярмарка ва Форуми зикршударо барои пайвастани занҷирҳои гусастаи равобити замони шӯравӣ бисёр муҳиму муассир арзёбӣ намуд.

- Екатеринбург шаҳри бузурги саноатист ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин меваҳои лазизу ширин парвариш меёбанд, ки мо метавонем дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монем,- гуфт Владимир Воронов.

Соҳибкорону ҳунармандони ВМКБ, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ бо маҳсулоти саноативу дастбофии худ дар ин ярмарка иштирок намуданд. Ҳусния Шоҳинова — роҳбари Корхонаи заргарии «Майрамбибӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа низ бо истиқбол аз ин ҳамоиши соҳибкорон гуфт:

- Шод аз онем, ки имрӯзҳо тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлати Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои суннатии мардуми тоҷик, аз қабили адрасбофиву атласбофӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ ва дигар намудҳои ҳунар эҳё ва рушд меёбанд. Зимни иштирок дар чандин намоишгоҳҳо мушоҳида намудам, ки хориҷиҳо ба офаридаҳои ҳунармандони мардумӣ таваҷҷуҳи бештар доранд ва ин гуна маҳсулотро бо қимати гарон харидорӣ мекунанд. Чунин ҳолат ҳунармандонро водор месозад, то бо масъулияти бештар саноеи дастии миллиро, ки таҷассумгари таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконанд, биёфаранд.

Бино ба иттилои муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, дар доираи чорабиниҳои фавқуззикр миёни соҳибкорони тоҷик ва соҳибкорони хориҷӣ дар маҷмӯъ беш аз 20 созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Зикр гардид, ки ин ташаббусҳои созанда дар оянда ба нафъи ҷонибҳо буда, ба рушди иқтисодиёти кишварҳо таъсири мусбӣ мерасонад.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»