Ташрифи ҳайати ХБА ба Бонки миллии Тоҷикистон

№ 22.06.2022

Чанде пеш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА), ки таҳти роҳбарии муовини директори Департамент оид ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Субир Лалл дар Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот анҷом дод.

Ҳоким Холиқзода ба ҳайати ин ниҳоди байналмилалии молиявии бонуфуз барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ арзи сипос намуд.

Сипас, Ҳоким Холиқзода Субир Лалл ва ҳайати ҳамроҳонашро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии ҷумҳурӣ шинос намуд. Зикр шуд, ки бо вуҷуди вазъи феълии ҷаҳонӣ, ки ба иқтисодиёти кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бетаъсир намонд, рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар 5 моҳи соли 2022-юм 7,4 фоизро ташкил дода, сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ба 3,9 фоиз баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ паст мебошад.

- Дар маҷмӯъ, низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва 5 моҳи соли 2022 фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд, — таъкид кард Ҳ.Холиқзода.

Субир Лалл барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, мудири иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэтю Гертнерро, ки чанде пеш ба вазифаи мазкур интихоб гардида, бори нахуст ба Бонки миллии Тоҷикистон ташриф овардааст, муаррифӣ намуд.

 Ҳадаф аз ташрифи ҳайати ХБА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши вазъи кунунии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми молиявӣ-бонкӣ буда, дар ин сафар бо як қатор вазорату идораҳои калидии кишвар мулоқот анҷом хоҳем дод, — изҳор дошт Субир Лалл.

Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»