Тоҷикистон кишвари ганҷҳост

№73 (3219) 04.07.2014

аммо чаро то ҳол фаъолияти заршӯйӣ ривоҷ намеёбад?

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки дар натиҷа аксари корхонаҳои бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмонданд. Пас аз расидан ба сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти кишвар  корхонаҳо тадриҷан ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳамзамон сол то сол шумораи коргоҳҳову фабрикаҳои саноатӣ афзуда истодааст. Дар ин замина доимо таъкид мегардад, ки барои боз ҳам зиёдтар ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ва таъсиси коргоҳҳои гуногуни саноатӣ кӯшишҳо ба харҷ дода шавад. Зеро Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, дорои канданиҳои зиёди фоиданок мебошад ва сохта ба истифода додани корхонаҳои соҳаи саноати  кӯҳӣ барои бо ҷойи кор таъмин шудани шумораи зиёди шаҳрвандон ва рушди иқтисодиёт мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар пайваста барои рушди ин соҳа ҷидду ҷаҳд менамояд. Фазои мусоид имконият фароҳам овардааст, ки даҳҳо корхонаҳои хурду бузург фаъолият намуда, ҳазорҳо нафарро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин кунанд. Масалан, танҳо дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо то имрӯз 37 корхона таъсис ёфта, ба фаъолият пардохтанд, ки аз он 14  корхона ба истеҳсоли тилло, нуқра ва металлҳои ранга, 10 корхонаи заргарӣ ва 6 корхона ба коркарди сангҳои ороишӣ машғуланд.  Ҳафт корхонаи дигар  бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ беш аз 8326 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Ғайр аз ин, корхонаҳои саноатӣ ба гурӯҳи андозсупорандагони бузург дохил мешаванд. Соли 2013 онҳо ба маблағи  1 миллиарду 116,4 миллион сомонӣ  маҳсулот истеҳсол карда, ба Буҷети давлатӣ зиёда аз 288,4 миллион сомонӣ  андоз супоридаанд.

Муовини сардори Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Кассиров дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки раёсат аз рӯйи ду барнома-«Барномаи рушди заргарӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009-2015» ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2012-2016»  кор карда истодааст. Бино ба гуфти мавсуф, соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо сол то сол дар ҷумҳурӣ рушд мекунад. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаматарафа дастгирӣ ёфтани соҳибкорон имкон медиҳад, ки  сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ба ин соҳаи муҳим ва даромаднок таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Гувоҳи ин гуфтаҳо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ таъсиси корхонаҳои муштараку шахсии зиёд мебошад, ки далели возеҳи ҳамкории хуби давлат бо бахши хусусӣ аст. Масалан, яке аз корхонаҳои калонтарин- ҶДММ Корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад, ки якҷоя бо шарикони хитойӣ фаъолият карда, сол то сол иқтидори истеҳсолиаш зиёд шуда, барои ободонии кишвар саҳми босазо мегузорад. Бо дастгирии Роҳбари давлат моҳи июни соли гузашта дар ҶДММ Корхонаи муштараки «Зарафшон» коргоҳи поксозии тилло  бо иқтидори 5-7 тонна ба фаъолият шурӯъ карда, сохтмони Фабрикаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ барои 10000 тонна дар як шабонарӯз оғоз гардид. Ҳоло 50-60 фоизи  мошинолот ва таҷҳизот барои фабрикаи мазкур ба корхона ворид шудааст, ки тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод гардидаанд. Мутобиқи ҷадвали корӣ ифтитоҳи фабрикаи  мазкур дар моҳҳои июл-августи соли 2014 ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, яке аз корхонаҳои фаъоле ки таъсисдиҳандагонаш соҳибкорони муваффақи ватанӣ мебошанд, Артели заршӯйии «Одина» аст. Бино ба гуфти А. Кассиров фаъолияти хуби ин коргоҳ имконият фароҳам овардааст, ки муассисонаш дар ноҳияи Ховалинг якчанд коргоҳи дигарро ташкил намоянд. Масалан, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон 15 октябри соли 2011 ироа гашта буд, корхона сохтмони мактаб-интернатро барои 320 нафар бо тамоми шароит — хобгоҳ, майдончаи варзишӣ, ошхона  ва  ғайра сохта, ба истифода додааст.

Барои ташкили ҷойҳои нави корӣ коргоҳҳои заргарӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш бо насби таҷҳизоти ҳозиразамон, бинои хушкашӯйӣ, коргоҳи нонпазӣ ва бинои дегхона (котельная) сохта, 29 сентябри соли гузашта бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор  дода шуд. Имрӯз дар ин корхона зиёда аз 170 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Дастоварди дигари соҳаи саноати кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба роҳ мондани коркарди дубораи маъданҳо мебошад. Бо ворид кардани техникаву технологияи нав имрӯз аз партовҳои корхонаҳои саноатӣ низ маҳсулот истеҳсол шуда истодааст. Барои мисол, корхонаи «Ганҷ»-и ноҳияи Ховалинг  аз ҳисоби коркарди дубораи регҳои зардор 21,21 килограмм тилло ба даст овардааст. Ширкати саноатии конкании «ДИН ШИН ХЭ» партовҳои аз замони шӯравӣ боқимонадаи ҶСК «ГОК «Адрасмон»-ро коркарди дубора намуда, аз аввали соли 2014 то имрӯз  280 тонна хокаи сурбу нуқра истеҳсол кардааст.

Қобили зикр аст, ки дар баробари пешравиҳои соҳаи саноати кӯҳӣ,  нобарориҳои бозори ҷаҳонӣ ба мунтазам фаъолият намудани баъзе корхонаҳо халали ҷиддӣ расонидааст. Масалан, мувофиқи маълумоти дар ихтиёр доштаамон  соле қабл дар асоси қарори Шӯрои директорони  ҶСК «Конимансур»,  бо сабаби  паст рафтани арзиши нуқра ва сурб дар бозори ҷаҳонӣ ва рӯйпӯш накардани хароҷоти истеҳсолӣ, фаъолияти  истеҳсолии ҶСК «ГОК «Адрасмон» аз якуми июли соли 2013  боздошта  шудааст. Ҳол он ки дар ин корхона  621 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буданд ва он бисёр масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии  шаҳраки Адрасмонро, ки зиёда аз 12 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ҳал мекард. Айни замон шумораи кормандон дар корхона 214 нафар буда, қисми дигар ба рухсатии бемузд ҷавоб дода шудаанд. Аз ин рӯ, қарзи корхона аз ҳисоби напардохтани музди меҳнат 2 миллион ва аз андозҳои давлатӣ  3,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон кишвари пур аз маъданҳо ва канданиҳои фоиданок мебошад, аммо то ҳол усули заршӯйӣ, ки яке аз машғулиятҳои гузаштагонамон ба ҳисоб мерафт, таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки таҷрибаи Артели заршӯйии «Одина» ва дигар корхонаҳои монанд ба он шаҳодат медиҳанд, ки бо ин роҳ дар рушди иқтисод ва ободии кишвар саҳм гузоштан мумкин аст. Шарҳи ин масъаларо аз ҳамсуҳбатам пурсон шудам. Номбурда дар ҷавоб изҳор дошт, ки дар соҳили дарёҳои Панҷ, Зарафшон, Вахш ва ғайра имкони заршӯйӣ кардан вуҷуд дорад ва чандин нафар оид ба ин масъала ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон)  муроҷиат карданд. Аз сабаби он ки низоми иҷозатномадиҳӣ дар ихтиёри вазорат нест, мо хоҳиши онҳоро иҷро карда наметавонем. Бояд гуфт, ки айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 400 кон аниқ буда, аз он 100 — тоаш мавриди истифода қарор дорад. Конҳо тавассути озмун барои истифода пешниҳод мегарданд. Соҳили дарёҳои Тоҷикистон пур аз тиллои пошхӯрда ва дигар металлҳои қиматбаҳо мебошанд, ки бино ба гуфти сардори шуъбаи геологияи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Бобоев барои ба даст овардани он ягон намуд ҷустуҷӯйҳои геологӣ зарур нест. Номбурда гуфт, ки танҳо дар ҳолати дархост шудан бо тартиби муқарраргардида Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба мавҷуд будан ё набудани металлҳои қиматбаҳо дар ин ё он мавзеъро пешниҳод менамояд.  Вале мураккаб будани низоми иҷозатномагирӣ садди рушди бемайлони ин соҳа гардидааст. Масалан, сокини шаҳри Душанбе Ҷамшед Назиров мехоҳад бо ворид кардани техникаву технологияи замонавӣ дар соҳили дарёҳои кишвар заршӯйиро ба роҳ монда, бо ин кор  дар рушди як гӯшаи диёр саҳм гузорад, аммо бо сабабҳои зикршуда то ҳол натавонистааст, ки фаъолияташро ба роҳ монад. Номбурда оид ба ин масъала изҳор дошт, ки дар ҳолати иҷозат додани мақомоти марбута давоми як моҳ ҳамаи таҷҳизоти лозимаро ворид карда, ба кор шурӯъ менамояд. Тавре мавсуф афзуд, то имрӯз ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мактуб муроҷиат намудааст, аммо аз аввалӣ ҷавоб гирифтааст, ки бинобар набудани низоми иҷозатномадиҳӣ дар ихтиёрашон ба ин кор мусоидат карда наметавонанд.

Аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо гузашти чор моҳ то ҳол ба мактубаш ҷавоб нагардонидаанд. Ҷ.Назиров мегӯяд, ки фаъолияти заршӯйиро метавон бо харҷи ками маблағ ба роҳ монд ва  даромаде, ки аз ҳисоби он ба даст меояд, барои бо ҷойи кор таъмин кардани якчанд нафар мусоидат хоҳад кард. Номбурда изҳор дошт, ки дар кадом минтақае, ки мақомоти дахлдор иҷозат диҳанд, омода аст фаъолияташро ба роҳ монад.  Бино ба гуфти мавсуф, ин кор мавсимӣ буда, танҳо ҳангоми паст шудани сатҳи оби дарё имконпазир аст. Ҳар чӣ тезтар дар ин самт корро шурӯъ кунем, ҳамон қадар самарааш хубтар хоҳад буд.

Сокинони  ноҳияи Дарвоз низ мехоҳанд фаъолияти заршӯйиро ба роҳ монанд, аммо бо сабаби мушкилиҳои зикршуда то ҳол ба ин кор муваффақ нашудаанд. Ин дар ҳолест, ки фасли тирамоҳу зимистон  шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз он тарафи соҳили дарёи Панҷ  ба ин кор машғул мешаванд.

Ғайр аз ин, ҷорӣ шудани бонуси обунавӣ дар соҳаи истихроҷу коркарди маъданҳо ва металлҳои қиматбаҳо яке аз сабабҳои таври лозима ҳавасманд набудани соҳибкорон ба соҳа арзёбӣ мешавад. Зеро соҳибкоре, ки барои ба роҳ мондани фаъолияташ техникаву таҷҳизоти зиёд харидорӣ карданаш лозим аст, ҳавасманд нест, ки қабл аз дастрасӣ пайдо кардан ба маъдан пули онро пешпардохт намояд. Баъзан мешавад, ки захираи пешбинишуда дар кон қадри кофӣ мавҷуд нест.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта, соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои ранга рушд карда истодааст. Масалан, аз рақамҳои пешниҳоднамудаи масъулин бармеояд, ки корхонаҳои соҳаи саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар чор моҳи  соли 2014 ба маблағи 360,5 миллион  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Абдувоҳид Кассиров мегӯяд, ки корхонаҳо, сарфи назар аз  мансубияти моликияташон, бо маҳсулоти истеҳсолкардаашон аввал талаботи ҷумҳуриро қонеъ намуда, баъдан боқимондаашро ба хориҷи кишвар содирот менамоянд. Давоми чор моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ ба ҳисоби умумӣ 44 фоизи фулузоти қиматбаҳои истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати кӯҳӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ  ва боқимондаи он  ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст. Ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар  266,2 миллион сомониро ташкил додааст, ки муодили  54,3 миллион доллари ИМА мебошад.

Дар назар дошта шудааст, ки давоми соли 2014 якчанд коргоҳ ва корхонаҳо, аз ҷумла фабрикаи бойгардонии маъдан бо иқтидори коркарди 10,0 ҳазор тонна дар як шабонарӯз аз ҷониби ҶДММ Корхонаи муштараки «Зарафшон», Корхонаи металлургии истеҳсоли сурмаи металлии ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб» бо иқтидори 5000 тонна дар як сол,  Фабрикаи бойгардонии маъдан бо истеҳсоли хокаи қалъагӣ (олово) ва миси ҶДММ «Броадтек Тоҷикистон Майнинг Инвестмент Лимитед» бо иқтидори 7200 тонна дар як сол ва ҶСК «Такоб» ҷиҳати истеҳсоли хокаи флюорит бо иқтидори 35- 40 ҳазор тонна дар як сол ба фаъолият шурӯъ намоянд. Ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони коргоҳи металлургӣ дар шаҳраки «Истиқлол» аз ҷониби ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» бо иқтидори солонаи истеҳсоли 50 ҳазор тонна сурб ва 50  ҳазор тонна руҳ дар як сол оғоз ёбад. Дар ҳолати ба фаъолият шурӯъ кардани коргоҳу корхонаҳои зикршуда боз садҳо ҳамватанони мо бо ҷойи кор таъмин шуда, пайи ободиву шукуфоии диёри аҷдодӣ кӯшиш мекунанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»