Як қисм бактерияҳо ба антибиотикҳо тобовар гаштаанд

№113 (3414) 24.08.2015

Бо вуҷуди он ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин аст, навтарин бемориҳо низ зиёд шуда, мутаассифона, баъзе давоҳо камтаъсир гаштаанд. Дар соҳаи тиб антибиотикҳоро, ки қобилияти рафъи бактерияву микробҳоро доранд, ҳамчун дору истифода мебаранд.

Атрофи ин мавзӯъ бо чанд суол ба муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аъзамҷон Мирзоев муроҷиат кардем.

- Имрӯз таъсири антибиотикҳо ба саломатии инсон чӣ гуна аст?

-Мутаассифона, ҳоло баъзе бактерияҳо ба таъсиррасонии доруҳои зиддимикробӣ  тобовар гаштаанд. Ин ҳолат вазъи саломатии ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкил мувоҷеҳ намудааст. Дар кишварҳои Аврупо сатҳи тобоварӣ ба антибиотикҳо  аксари вақт баланд ва афзоишёбанда аст. Дар бештари кишварҳо давоми панҷ соли охир нишондиҳандаи сатҳи тобоварӣ ду маротиба зиёд шудааст. Дар ин бора аз ҷониби Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ гузоришҳо пешниҳод гардидааст.

Вақте бактерия тағйир меёбад, антибиотикҳо асар намекунанд. Ҳаминро бояд зикр намуд, ки пайдоиш, интихоб ва паҳн шудани бактерияҳои тобовар ба беморон таъсири манфӣ мерасонад. Чунки инфексияҳо бо бактерияҳои ба антибиотикҳо тобовар ба сатҳи баланди касалшавӣ, ҳатто фавти бемор ва ҳамчунин муддати дурудароз дар беморхона бистарӣ шудани ӯ сабаб мешаванд. Фаромӯш набояд кард, ки ихтирои антибиотикҳои нав маҳдуд аст ва агар тобоварӣ ба антибиотикҳо афзоиш ёбад, антибиотикҳои самаранок барои табобат боқӣ нахоҳанд монд.

-Тобоварӣ ба антибиотикро шарҳ медодед.

- Баъзан антибиотике, ки қаблан барои рафъи бактерия фоидаовар буд, дигар таъсир намекунад. Ин омил дар сурате имконпазир мешавад, ки бактерия тағйир меёбад ва антибиотик онро маҳв карда наметавонад. Ба ибораи дигар, бактерия тобовар мешавад ва ҳатто ҳангоми истеъмоли антибиотик дар бадани инсон афзоиш меёбад.

- Бактерияи ба антибиотикҳо тобовар чӣ гуна ба организми инсон ворид мешавад?

- Вақте «нуқтаи вуруд» барои бактерияи тобовар дар  организми бемор мавҷуд аст, инфексияҳо метавонанд тавассути ҷароҳат, ба монанди ҷароҳати баъд аз ҷарроҳӣ ворид шаванд. Маъмултарин роҳи пайдо шудани бактерияҳои тобовар  ин бевосита ба ҷароҳат бо дастони ифлос «даст задан»  мебошад. Дар муассисаҳои тиббие, ки истифодаи антибиотикҳо зиёд аст ва ин раванд хуб назорат намешавад, эҳтимолияти афзоиши  тобоварии бактерияҳо  ба антибиотикҳо ба назар мерасад.

-Чаро мо бояд аз бактерияҳои ба антибиотикҳо тобовар нигарон бошем? Оё илоҷи бартараф кардани ин хавф нест?

-Тобоварии бактерияҳо ба антибиотикҳо мушкили ҷаҳонӣ мебошад. Вақте шахс антибиотикҳоро истеъмол мекунад, бактерияи бавуҷудоварандаи инфексия кушта мешавад. Аммо бактерияи тобовар метавонад дар организм афзоиш ёбад. Чунин инфексияҳо метавонанд ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ расонанд. Бактерияҳои ба антибиотикҳо тобовар ба осонӣ метавонанд ба беморони осебпазир ва аъзои оилаи онҳо  ё ҳамкорон таъсир расонанд. Ба антибиотикҳо тобовар гаштани бактерияҳо Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустиро нигарон кардааст. Ин ташкилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сари ин мушкилот чораҷӯйӣ намуда истодааст.

- Ҳангоми зарурат ба истифодаи антибиотикҳо чӣ бояд кард?

- Вақте барои антибиотик қабул намудан дорухат (ретсепт) мегиред, барои коҳиш додани сатҳи хатари инкишофи бактерияҳои тобовар маслиҳати духтур бояд риоя шавад. Агар ба тавсияҳои духтур дуруст риоя накунед, антибиотикҳоро дар вақти муайяннамудаи духтур истеъмол накунед, бактерия ба антибиотикҳо тобовар мешавад.  Бактерияи тобовар дар организми шумо боқӣ мемонад ва мумкин аст ба дигарон низ интиқол ёбад.

Баъд аз табобат антибиотикҳои боқимондаро  истеъмол  накунед. Барои чӣ гуна несту нобуд кардани антибиотикҳои боқимонда низ аз духтур маслиҳат пурсед. Ҳамеша барои иттилои бештар пайдо кардан ҷиҳати огоҳӣ аз антибиотикҳо ба мутахассисон муроҷиат намоед.

- Боз кадом қоидаҳоро риоя кардан зарур аст, то ин ки таъсири бактерияҳо кам гардад?

- Ин кори мушкил нест. Пеш аз ҳама, риоя намудани гигиенаи шахсӣ, бахусус тозагии дастон лозим аст. Кормандони соҳаи тандурустӣ бояд дастонашонро ба хотири ҳифз намудани беморони худ аз интиқоли бактерияҳои тобовар бишӯянд. Барои мисол, қабл аз анҷоми муоина ё кумак ба бемор ин амалро бояд анҷом диҳанд. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин нишондиҳандаро лаҳзаи якуми  риояи гигиена меномад.  Лаҳзаи дуюм ин бастани ҷароҳат, ворид намудани катетер ва  гузаронидани сӯзандору мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки бактерияҳое, ки ба антибиотикҳо тобовар ҳастанд, ба саломатӣ мушкилоти ҷиддӣ пеш меоранд. Аз ин хотир, бе маслиҳати духтур антибиотикҳоро истифода накунед.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»