1 марти соли 2015- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Ҳамеша дар хизмати мардум

№23 (3324) 18.02.2015

Ба қарибӣ вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаву ба қайд гирифта шудааст, бо интихобкунандагон доир гашт.

Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазизи шаҳраки Ғарм шумораи зиёди интихобкунандагон ҷамъ омада буданд. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ҳавзаи якмандатаи интихоботии Рашт №12 Фузайлшоҳ Идиев ҳусни оғоз бахшид.

Шахси боэътимоди номзад Аъзамҷон Ҳасанов доир ба ҳаёт ва фаъолияти Шукурҷон Зуҳуров ба ҳозирин маълумот дод. Аз ҷумла вай чунин иброз дошт:

-Шукурҷон Зуҳуров баъди хатми Донишгоҳи муҳандисӣ-заминсозии шаҳри Москва фаъолияти меҳнатиашро оғоз кардааст ва дар зинаҳои гуногуни давлатдорӣ ифои вазифа намудааст. Ӯ дар тӯли солҳои кориаш дар кадом вазифае, ки кор накарда бошад, танҳо ба хотири ободии кишвар ва зиндагии орому осудаи мардум заҳмат кашидааст. Ман мехоҳам танҳо чанд лаҳзаро ёдовар шавам.

Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва на ҳар кас ҷасорат мекард, ки дар паҳлуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири барқарор намудани сулҳ, нигоҳ доштани давлат ва якпорчагии Тоҷикистон кор кунад. Аммо номзади мо роҳи худро интихоб кард.

Хизматҳои Шукурҷон Зуҳуров дар истиқрори сулҳу ваҳдат хеле калон аст. Дар гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон аз оғоз то охир иштирок карда, дар ду даври он (Москва ва Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини якуми раиси ҳайат буд. Яъне, дар чил моҳе, ки музокира идома ёфт, ӯ ба хотири ояндаи миллат ва давлати ҷавони тоҷикон дар паҳлуи Сарвари давлат софдилона пайи сулҳу салоҳ талош варзид.

Вай бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 то соли 2000 дар вазифаи раиси зеркомиссияи муҳоҷирини Комиссияи оштии миллӣ фаъолият дошт. Зеркомиссияи мазкур барои ба Ватан баргардонидани фирориён чораву тадбирҳои зарурӣ андешид. Панҷ сол пеш мо- мардуми минтақаи Рашт ба тарафдории Шукурҷон Зуҳуров овоз додем ва намояндаи мо Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Дар ин давра вай ҷиҳати рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеа саъю талош кард. Барои ободии кишвар ва рафъи мушкилоти мардум корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Сифати қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон дар ин давра қабул кард, дар ҳақиқат, ҷавобгӯйи талаботи стандарти байналмилалӣ мебошанд.

Мо — интихобкунандагон бо барномаи пешазинтихоботии номзад шиносем. Ин барнома аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маншаъ мегирад. Номзади мо барои амалӣ намудани нуктаҳои барномаи мазкур саъй менамояд.

Дар вохӯрӣ шахсони касбу корашон гуногун андешаҳои худро оид ба номзад ва барномаи пешазинтихоботии ӯ баён карданд.

Муаллими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 Сафарбек Каримов гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров беш аз 24 сол аст, ки дар паҳлуи фарзанди фарзонаи миллат, асосгузори сохти нави давлатдории миллии тоҷикон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва самимона ба халқу Ватан хизмат карда истодааст. Яъне, ӯ парвардаи мактаби сулҳофарину созандаи Президенти мамлакат аст. Ҳамаи нафаронеро, ки номзадии худро дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ пешниҳод кардаанд, эҳтиром менамоям ва мегӯям, ки онҳо низ шахсиятҳои арзандаанд, вале бовар дорам, ки маҳбубияту самимияти интихобунандагон ба Шукурҷон Зуҳуров бештар аст.

Мудири шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия Хайрулло Ғиёсов дар суханрониаш аз хизматҳои Ш.Зуҳуров ёдовар шуда, таъкид кард, ки барои таъмини беморхона бо мутахассисони касалиҳои занона кӯшиш кардем, аммо натавонистем ин мушкилро ҳал намоем. Баъди муроҷиат ба муҳтарам Ш. Зуҳуров шумораи ҷойҳо тавассути квотаи президентӣ барои духтарони ноҳияҳои дурдаст ва муҳассилин дар риштаи бемориҳои занонаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино афзуд. Умед аст, ки баъди чанд сол метавонем на танҳо беморхонаҳои марказӣ ва қитъавиро, балки марказҳои саломатиро низ бо мутахассисони соҳибтаҳсилот таъмин намоем.

-Ман аз тақдир розӣ ҳастам,- гуфт дар вохӯрӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, — ки дар паҳлуи фарзандони арзандаи миллат кор мекунам. Аз он сабаб ки қисматам бо қисмати мардуми Тоҷикистон пайваст аст ва агар дар давраи фаъолияти кориам ба манфиати халқ кор карда бошам, маҳз аз тақдир аст. Дар давраи панҷ соли вакилиам чанд маротиба бо шумо, интихобкунандагон, вохӯрӣ доштам ва дар бораи корҳои анҷомдода ҳисобот медодам.

Чун сухан ин ҷо аз истиқрори сулҳи тоҷикон рафт, мехостам ёдовар шавам, ки он шабу рӯз Президенти мамлакат, кӯшиш мекард, ки миллати тоҷикро муттаҳид намояд ва давлати навбунёд пойдор бошад. Мо- ҳаммаслакон дар паҳлуяш будем ва хизматҳои ӯро медонем. Имрӯз низ масъалаи сулҳу оромӣ бояд дар мадди аввал бошад. Ҷавононро тарзе тарбия карданамон лозим аст, ки ба доми фиреби дигарон наафтанд. Мақсаду маромашон танҳо ободии Тоҷикистон, хушбахтии мардум ва сулҳу оромии кишвар бошад.

Дар барномаи пешазинтихоботии ман масъалаҳои мубрами рӯз, ки дар оянда дар асоси нақшаи муайян кор карданиам, пешниҳод шудаанд, мехоҳам баъзеашро барои шумо шарҳ диҳам.

Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз аст. Ман ба Федератсияи Россия сафари корӣ доштам ва дар вохӯрӣ бо роҳбарони баландмақоми кишвари ба мо дӯст андешаҳоямро баён кардам. Ҳангоме ки бо Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин вохӯрдем, дар бораи шароити муҳоҷирони меҳнатиамон андешаҳоямро баён доштам. Албатта, корҳои зиёде ҳаст, ки онҳоро давлат ҳал мекунад, аммо боз як қисми кор барои хуб шудани шароити муҳоҷирони меҳнатӣ ба зиммаи худи онҳост.

Бояд ҷавонон пеш аз рафтан ба муҳоҷират бо илму дониш ва касбу ҳунар мусаллаҳ бошанд. Дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои таълими калонсолон фаъолият мекунанд ва ҷавонон метавонанд дар онҳо касб, забон ва қонунҳои давлати қабулкунандаро омӯзанд.

Дар баробари ин, ба мо лозим аст, ки барои таъмини ҷавонон бо ҷойи кор дар кишвари худ шароит фароҳам орем. Сокинони ноҳияҳои минтақаи Рашт замоне бо истеҳсоли себу нок ва картошкаи хушсифат на танҳо дар ҷумҳурии худамон, балки берун аз он машҳур буданд. Имрӯз аз он боғҳои машҳур фақат ном мондааст. Аз кишти картошка ҳам ҳосили дилхоҳ намегирем. Барои ҳамин лозим аст, ки боғҳоро дубора эҳё намоем. Барои ҳосили хуб гирифтани картошкапарварон тухмиро иваз намудан лозим аст. Корхонаҳои хурди коркарди мева ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ташкил кардан ҳатмист. Мо бояд ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода барем. Агар кор дар ин самт хуб ба роҳ монда шавад, барои ҷавонон ҷойҳои кории зиёд пайдо мешавад.

Оид ба адабиёт, таърих ва бостоншиносӣ дар ин минтақа корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан лозим меояд. Дуруст аст, ки таърихи ин минтақа пурра омӯхта нашудааст. Пайдо намудани шаҳри қадимаи тоҷикон — Карон дар ноҳияи Дарвоз барои дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ташкил намудани кофтуковҳои бостоншиносӣ аз тарафи сохторҳои марбута далолат мекунад. Пайдо намудани ҳайкали тиллоӣ дар қалъаи Ҳисораки Ҳоит, табари тиллоӣ дар Сангвор боз чандин бозёфтҳои дигар гувоҳи онанд, ки ҷустуҷӯҳои бостоншиносӣ метавонанд саҳифаҳои нохондаи таърихи кишварамонро боз намоянд.

Вохӯриҳои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳраки Навобод, деҳоти «Ҳоит», «Қалъанак» ва ғайра баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Қ. Лоиқов  ва намояндагони комиссияи ҳавзавии интихобот иштирок доштанд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»