Омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

DSC_0026 55         копияМасъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав  бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд. Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Қурбоналӣ Гулов,  дар ҳудуди ҳавзаи интихоботии Шаҳринав, №6 ҳафтод участкаи интихоботӣ ташкил ва шиору овезаҳои таблиғотӣ насб гардидаанд. Комиссияи ҳавзавии интихобот мунтазам аз участкаҳо хабар гирифта, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф мекунад.

- Ҳоло ба комиссия чор ҳизб — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунис­тии Тоҷикистон номзадҳои худро пешниҳод намудаанд. Номзадии як нафари дигар ба тариқи худпешбарӣ пешниҳод шудааст. Дар маҷмӯъ, ноҳия  барои дар сатҳи баланд гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода аст, — гуфт Қурбоналӣ Гулов.

Ёқуби СОДИҚ, «Садои мардум»

*******

Дар ноҳияи Рашт ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Тавре раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт Ҳикматулло Мирзоев изҳор дошт, омодагӣ ба интихобот идома дорад. Комиссия дар ҳайати раис, муовин, котиб ва 6 аъзо фаъолияташро хуб ба роҳ мондааст. Дар дафтари кории комиссия гӯшаҳои интихобот ва лавҳаву овезаҳо, рӯйхати навбатдории аъзои комиссия, харитаи маҳали ҷойгиршавии участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шудааст.

Бо қарори комиссия оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт 40 ҳавза ва 65 участкаи интихоботӣ таъсис ёфтааст. Ҳаштуми январи соли ҷорӣ намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раисони комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ вохӯрӣ доир намуда, дастур доданд, ки аъзои комиссияи ноҳиявӣ барои назорати доимӣ ба нуқтаҳои овоздиҳӣ вобаста шаванд.

Имрӯзҳо аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ сабти номзадҳо, ки аз 25 январ оғоз гардид, идома дорад. Аз 10 феврал номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо ба корҳои таблиғотӣ ва шинос намудани барномаи интихоботиашон ба интихобкунандагон шурӯъ менамоянд.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»

********

-Ҳисор ба интихобот омода аст? Ба ин суоли хабарнигори «Садои мардум» раиси Комиссияи интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Ҳалимҷон Раҳимов чунин посух дод:

- Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор 12 декабри соли 2019 комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботро дар ҳайати 13 нафар тасдиқ намуд ва бо дарназардошти шумораи интихобкунандагон, ҳудуд ва шароит дар маҳаллаҳо таъсиси 40 ҳавза ва 99 участкаи интихоботиро мувофиқи мақсад шуморид. Ҳамин тариқ, дар 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳр  ҳавза ва участкаҳо оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқ ташкил карда шуд.

Комиссия корро дар асоси нақша, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда, бо дарназардошти моддаи 7 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ҳавзаҳои интихоботиро тасдиқ намуда, маҳали ҷойгирии ҳавза ва участкаҳои овоздиҳиро дар рӯзномаи шаҳрии «Ҳисори шодмон» нашр кард.

Ҳамчунин, комиссияи шаҳрӣ бо дарназардошти пешниҳоди раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» комиссияҳои ҳавзавии интихоботро дар ҳайати 11 нафарӣ ва комиссияҳои участкавиро дар ҳайати 9 — 13 нафарӣ ташкил ва тасдиқ намуд, ки имрӯзҳо корҳои омодагиро пеш бурда истодаанд. Дар ҷараёни пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки аз 10 то 25 январи соли равон идома ёфт, беш аз 90 нафар ҳамчун номзад номнавис шуданд. Бақайдгирии номзадҳо то 9 феврали соли ҷорӣ идома меёбад.

Ҳоло аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот дар маҳалҳо рӯйхати интихобкунандагон омода шуда истодааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар шаҳр бо мақсади омодагӣ ба гузаронидани интихобот 18 январи соли равон семинар -  машварат бо иштироки раисони комиссияҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ баргузор ва маводҳои коргузории интихобот тақсим карда шуд. Дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ қуттиҳои бюллетенпартоӣ, кабинаҳои овоздиҳӣ, ҳуҷраи табибон, ҳуҷраи модару кӯдак ва роҳрави махсус барои овоздиҳии маъюбон дар сатҳи зарурӣ омода гардидааст.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»