Поси хотир

Ӯ раисикунандаи нахустин ҷаласаи парлумони касбӣ буд

№71 (3708) 15.06.2017

IMGВакили халқ Аҳрор Умаров аз ҷумлаи он мардони фидокор ва содиқ маҳсуб мегардад, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар паҳлуи Сардори тозаинтихоби  давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон устувор истода, барои таҳкиму пойдории истиқлолияти сиёсиву иқтисодии мамлакат саҳм гузошт.

Ӯ соли 1990 вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, соли 1995 вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аҳрор Умаров ҳамчун вакили пуртаҷриба ва собиқадор Иҷлосияи нахустини парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, вазифаи таърихиро анҷом дод.

Тавре зикр шуд, Аҳрор Умаров дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои барқарории ҳукумати қонунӣ ва ҳақиқату адолат мубориза бурд. Бесабаб нест, ки вай дар ҷашни даҳсолагии ин иҷлосияи тақдирсоз бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнӣ сарфароз гардид. Аҳрор Умаров барои хизматҳои содиқона дар назди халқу Ватан бо ордену медалҳои дигар низ мукофотонида шудааст.

Чанд муддат дар Кумитаи иқтисод ва буҷети Шӯрои Олӣ кор карда, барои қабули қонунҳои муҳим кӯшиш ба харҷ дода, таҷрибаи андӯхтаашро ба ҳалли масоили муҳим равона кардааст.

Моҳи декабри соли 1994 директори Комбинати орди ноҳияи Спитамен таъин шуд. Вақте ба ин муассиса ба иҷрои вазифа омад, фаъолият фалаҷ ва бисёр коргарон дар рухсатии бемузд буданд. Барои вусъати истеҳсолот ғалла намерасид, онҳое, ки кор мекарданд, маоши ночиз мегирифтанд. Масоили манзил ва кор беҳбудиро тақозо дошт. Роҳбари нав корро аз ҳамин оғоз кард. Истеҳсолотро такмил дода, ғалла овард. Дар натиҷа, ҳаҷми кор афзуд. Танҳо дар зарфи чор моҳи аввал маош 70 фоиз боло бардошта шуд. Дигар мушкилот низ тадриҷан ҳалли ­худро ёфт.

Дар ҳар муассисае, ки сарвар таъин мешуд, дар навбати аввал заминаи техникиро такмил дода, шароити иҷтимоию маишии кормандонро беҳтар мекард.

Барои мисол, вақте дар вазифаи роҳбари Корхонаи истеҳсоли шароби шаҳри Душанбе кор мекард, дастгоҳу таҷҳизоти фарсудаи муассисаро иваз намуд. Ҳангоме ки дар мансаби раиси кулли корхонаи «Ғалла»-и пойтахт корро шурӯъ намуд, дар рӯзи аввал  барои мумфарш кардани саҳни ҳавлии муассиса супориш дод. Таҷҳизоти замонавии  «Бюрер»-и кишвари Швейтсария низ бо ташаббуси Аҳрор Умаров дар корхонаи «Ғалла»-и пойтахт насб гардида, боиси пешравии истеҳсолот шуд.

Аҳрор Умаров бо ташаббусҳои созанда дар байни халқ мақому манзалати хоса ёфтааст. Дар ҷумҳурӣ ибтикороти ӯро шогирдон ва фарзандони фарзонааш идома медиҳанд. Барои абадӣ гардонидани хотираи Аҳрор Умаров дар шаҳри бостонии Истаравшан яке аз хиёбонҳои марказӣ номи ӯро дорад.

Бахтиёри МУРТАЗО,

рӯзноманигор