Суҳбатҳои ошкоро ва самимӣ

№26 (3506) 27.02.2016

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов 16 — 19-уми феврали соли равон бо кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аҳолии деҳоти «Калинин», «50-солагии Тоҷикистон», «Яккатут», «Иттифоқ», «Ифтихор» ва шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯриҳо баргузор намуд. 

Номбурда зимни ин вохӯриҳо қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати  раҳнамо моро ба сӯи созандагию бунёдкорӣ ва ободонию шукуфоии Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд ва аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мисолҳо оварда, суханашро тақвият бахшид.

Дар робита ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки тағйирот бо мақсади рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, риоя ва ҳифзи  ҳуқуқу озодиҳои инсон пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, 22-23-юми феврал Сафаралӣ Раҷабов дар ноҳияи Хуросон ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Ёвон №29 Азимзода Толиб дар деҳоти «Дӯстӣ» ва «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо интихобкунандагон ҳамин гуна вохӯриҳо доир намуданд.

 Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»