22 майи соли 2016 – Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Вакилон дар назди мардум

№59-60 (3539-3540) 07.05.2016

28 апрели соли 2016 дар шаҳри Истаравшан нахустин мулоқоти гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуҳуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, муовини сардори Раёсати кафолатҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Каримзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар, роҳбари Дастгоҳи Комиссияи мазкур Абдуманон Додозода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ ва Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо раъйдиҳандагон доир гардид.

Дар ибтидо муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ дар бораи ҳадаф аз доир кардани ин чорабинии сиёсӣ, омодагиҳои ҳавзаҳо ва участкаҳои раъйдиҳӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ташкили корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ сухан ронд.

Сипас, Худоёрзода Бахтиёр Табар дар бораи рафти омодагиҳо доир ба ташкилу гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ, корҳои анҷомдодаи КМИР дар ин маврид маълумот пешниҳод кард.

Номбурда аз омодагии ҳавзаҳо ва участкаҳои раъйдиҳӣ дар вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Истаравшан қаноатмандии хешро изҳор карда, доир ба ислоҳи баъзе камбудиҳо ва дар сатҳи зарурӣ доир намудани ин чорабинӣ, иштироки нозирон, мушоҳидачиёни байналмилалӣ ва соири дигар масъалаҳои вобаста ба ин мавзӯъ дастуру маслиҳатҳо дод.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ  Маҳмадулло ва вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ, Исмоилзода Зуфар Муртазохон тағйиру иловаҳои пешбинишударо ба Конститутсия муфассал шарҳ доданд.

26-27 апрел низ гурӯҳи корӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамин гуна вохӯриҳоро дар деҳоти гуногуни ноҳияи Шаҳристон баргузор намуд.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»

***

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи мазмуну моҳияти  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва донишмандони соҳа гурӯҳҳои корӣ таъсис шуд.

Дар робита ба ин, гурӯҳи корӣ дар ҳайати Юсуф Юсуфзода -мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ, Низом Қосим — узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Убайдулло Абдуалимзода -прокурори ноҳияи Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод сафар карданд. Гурӯҳи мазкур давоми ду рӯз дар ноҳияи Тоҷикобод бо сокинони ноҳия вохӯриҳо доир намуданд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»

***

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнудин Сафаров вохӯриҳои хешро аз ҳавзаи раъйдиҳии Темурмалик №62 оғоз намуд. Номбурда дар деҳаи Сари Намаки деҳоти Қарақамиш оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мардум мулоқот намуда, ҳамзамон ба вазъи омодагии участкаҳои раъйдиҳии деҳоти мазкур ва Кангурт ошно гардид.

Инчунин, З. Сафаров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ва деҳаи Хироби деҳоти Балҷувони ҳавзаи раъйдиҳии Балҷувон №48 ба омӯзгорони таълимгоҳ ва аҳли деҳа бобати зарурати тағйиру  иловаҳо ба Конститутсия суҳбат намуда, онро шарҳу тавзеҳ дод.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев дар вохӯриҳои хеш бо сокинони деҳоти «Панҷоб», ба номи Саидқул Турдиев, «Чӯбек», «Дашти Гулҳо» ва деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти «Гулистон», деҳаҳои Тосқалъа, ба номи Крупскаяи деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар хусуси зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сатҳи омодагиҳо ба баргузории Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ мулоқот дошт. Ҳ. Одинаев таъкид намуд, ки пешрафту инкишофи ҷомеа қабл аз ҳама ба такмилу мустаҳкам намудани ғояҳои Конститутсия сахт вобастагӣ дорад.

29-уми апрел вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, Зайнудин Сафаров, Ҳаёт Одинаев ва Пӯлод Муҳиддиниён дар ҳавзаи раъйдиҳии Восеъ №52  бо фаъолони деҳаи Қурбоншаҳиди деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор намуданд. Вакилон таъкид карданд, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки кишвари мо онҳоро эътироф намудааст, мухолифат намекунад. Мулоқоткунандагон зимни баромадҳои худ таъкид намуданд, ки пешниҳодҳои мазкур талаби рӯз буда, баҳри пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ ва инчунин ба манфиатҳои давлатию миллӣ созгор мебошад.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ«Садои мардум»

***

29 апрели соли 2016 дар  «Кохи  Истиқлол» -и шаҳри Гулистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода бо сокинон доир ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода оғоз бахшида, гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба рушди бемайлони  соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад.

Нурулло Оқилзода иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари мутамаддин ва ҳуқуқбунёд бояд дар масири ҷомеаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар сатҳи байналмилалӣ мавқеашро устувор созад. Аз ин рӯ, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад, ки татбиқи он боиси пешрафти кишвар ва беҳшавии сатҳи зиндагии мардум мегардад.

Тибқи тағйироте, ки ба Конститутсия ворид мешавад, таъсиси ҳар гуна аҳзоби динӣ ва дастгирии молиявии онҳо аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дар кишвар мамнуъ хоҳад шуд.

Сипас, Нурулло Оқилзода мақсади тағйиротро шарҳ дод ва дар ин робита аз амалҳои хиёнаткоронаи дастпарварони Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон мисолҳо овард.

Акмал Неъматов – мудири шуъбаи назарияи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон он қисмати тағйиротро, ки ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиғ  нисбат ба падару модари барҷомонда бахшида шуда буд, шарҳ дод.

Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги оиладории мо таъсири манфӣ расонидааст. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда шаҳрвандонро водор месозад, ки ба суннатҳои неки оиладорӣ арҷ гузоранд ва онро риоя намоянд.

Нурулло Оқилзода ва Акмал Неъматов сокинони шаҳри Гулистонро даъват намуданд, ки дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона ширкат варзида, ҷонибдории худро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намоянд.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»