Афзоиши истеҳсол, коркарди нокифоя ва талафёбии зиёд

№66-67 (4649-4650) 19.05.2023

Баррасии бурдубохти саноати хӯрокворӣ дар муҳокимаи парлумонӣ

18 — уми майи соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим дар мавзӯи «Коркарди саноатии маҳсулоти хӯрокворӣ» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.

Номбурда изҳор намуд, ки дар давраи истиқлолияти давлатӣ барои таъмини аҳолии кишвар бо озуқа тавассути афзоиши истеҳсоли он, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва ба ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 — юми декабри соли 2022 таъкид намуданд, ки нишондиҳандаҳо бо назардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзоянда ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ҳанӯз нокифоя мебошанд. Аз ин лиҳоз, барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасох­тори кишвар, хусусан лоиҳаҳои дорои аҳамияти экологӣ ва озуқаворидошта бояд чораҳои саривақтӣ андешида шаванд, — гуфт нотиқ.

Таъкид гардид, ки саноати хӯроквории ҷумҳурӣ заминаи мустаҳками ашёи хом дорад ва онро соҳаҳои зироаткорӣ ва чорводорӣ бо ашё таъмин мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд.

- Вазорату идораҳои зикршуда дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон бояд соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблии онҳо барқарор намоянд, — зикр кард номбурда.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсиддинзода изҳор дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ нақши муҳими саноати хӯрок­вориро дар таъмини амнияти озуқаворӣ қайд намуда, супориш доданд, ки баробари истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, инчунин корхонаҳои нави саноатӣ барои афзун намудани коркардаи ашёи хоми кишоварзӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои навӣ кор таъсис дода шаванд.

Саноати хӯрокворӣ ҳоло 730 корхонаҳои хурду калонро дар бар гирифта, соли 2022 ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии мамлакат 24,1 дарсад (10,4 млрд. сомонӣ)-ро ташкил дод.

- Дар се соли охир (солҳои 2020 – 2022) истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии коркарди саноатишаванда, аз ҷумла сабзавот ва мевагиҳо 9 фоиз, ангур — 25, гӯшт — 16, шир 4 фоиз афзуд.

Дар соҳа мушкилиҳо мавҷуданд, ки дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани муносибатҳои иқтисодии байни истеҳсолкунандагони ашёи хом ва корхонаҳои саноати хӯрокворӣ яке аз онҳо мебошад. Зарур аст, ки механизми иқтисодии ин муносибатҳо такмил ёфта, шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ дар мисоли корхона ё ноҳияи алоҳида санҷида шавад.

Ҳамзамон, барои хоҷагиҳои деҳқонӣ механизми ҳавасманд­гардонӣ барои иштирок дар муносибатҳои иқтисодӣ бояд ташаккул ёбад, — зикр кард номбурда.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Бахтиёр Аҳмадзода изҳор дошт, ки бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ 26 – уми декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусу дастгирии доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нави иқтисодӣ — саноатикунонии босуръат тат­биқ гардид, ки дар он рушди бомароми соҳаи саноати хӯрок­ворӣ мавқеи хоса дорад.

Нотиқ ёдовар шуд, ки саноати гӯшту шир дар таркиби саноати хӯрокворӣ аз ҷиҳати истеҳсол ҷои аввалро мегирад. Бо вуҷуди ин талаботи ҷумҳуриро пурра бо гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ таъмин намекунад.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Сафарзода зикр кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати хӯрокворӣ мунтазам рушд ёфта истодааст. Ин омил дар мисоли баланд шудани сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бандубаст, истеҳсоли маҳсулоти гӯштию ширӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нӯшокиҳо, макарон, орд, нон ба назар мерасад.

-Таҷдиди технологии корхонаҳои амалкунанда ва бунёди корхонаҳои муосир имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ивазкунандаи воридот ҷорӣ гардида, талаботи бозори дохилӣ бо гӯшту шир, консерваи меваю сабзавот, орд, макарон, нон, намаки ошию техникӣ, нӯшокиҳои спиртию ғайриспиртӣ пурра таъмин гардида, як қисми маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шавад. Дар се соли охир истеҳсоли 56 намуд маҳсулоти нави ғизо, аз қабили чипс аз меваю сабзавот, хокаи хушки мевагӣ барои нӯшокиҳои ташнагишикан, желатин, ғизои кӯдакона аз меваю сабзавот, шарбати ангур дар зарфҳои шишагин ва намуди «Тетра-Пак», нӯшокиҳои ташнагишикан ва нерудиҳанда, ҷорӣ шуд.

Агар соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ 7 миллиарду 61,4 миллион сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2021 ин нишондод ба 7 миллиарду 864,5 миллион сомонӣ ва соли 2022 ба 10 милларду 381,2 миллион сомонӣ баробар шуд. Ҳиссаи саноати хӯрокворӣ дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ аз 22,9 дарсади соли 2020 ба 24,1 дарсад дар соли 2022 расид. Мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Амрико ва Аврупо афзуда истодааст. Маҳсулоти асосии содиротии соҳа, меваи хушк, нӯшокиҳои ташнагишикан, консерваи меваю сабзавот, орд, маҳсулоти қаннодӣ ва желатин  буда, 95,7 дарсади маблағи умумии маҳсулоти содиротшударо ташкил медиҳанд.

Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо доир ба кишт, парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ яке аз заминаҳои асосии таъмини рушди устувор ба шумор рафта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми бориз дорад.

-Ҳар сол аз 20 то 40 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ бинобар коркарди саноатӣ нагардидан ва набудани имкони нигоҳдории инноватсионӣ талаф меёбанд. Талафоти бештари сабзавот, полезиҳо ва мевагиҳо ба мушоҳида мерасад. Бештар аз 250 ҳазор тонна ангур ба даст меорем, вале ҳамагӣ 17-20 ҳазор декалитр шароб истеҳсол менамоем. Ҳоло он ки соли 1991 ҳамагӣ 120 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда мешуд, аммо беш аз 1,8 млн. декалитр шароб истеҳсол мегардид. Ҳоло зиёда аз 2,7 млн. тонна сабзавот истеҳсол мешавад, вале консерваи истеҳсолшуда 60-65 млн. дона қуттии шартиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 1991 қариб 5 маротиба кам аст. Назар ба соли 1991 истеҳсоли равғани растанӣ 3, панирҳои равғанин 13 ва газвори пахтагӣ 14 маротиба кам гардид, — афзуд номбурда.

Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурҷон Абдулваҳҳобзода зикр кард, ки тайи солҳои охир бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бо пешниҳоди Агентии «Тоҷикстандарт» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботашон ҳатмӣ, қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Регламентҳои техникии «Тамғагузории маҳсулоти хӯрок­ворӣ», «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, «Бехатарии гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ», «Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ», «Бехатарии маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ё сабзавот», «Бехатарии хӯроки чорво ва иловагиҳои он», «Бехатарии борҷома», «Бехатарии орди гандумии ғанигардонидашуда» ва «Бехатарии маҳсулоти машруботӣ» аз ҳамон ҷумлаанд.

Барои ташхиси сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ Агентии «Тоҷикстандарт» 15 озмоишгоҳи ташхисӣ дорад, ки се озмоишгоҳ дорои ваколати байналмилалӣ мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, ки танзимкунандаи бехатарӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб мераванд, солҳои 2021-2022 дар 36 корхонаи истеҳсолӣ низоми бехатарии байналмилалии «ҲАССП ­(насср)» , 16 корхона стандарти ИСО 22000:2005 «Системаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва дар 30 корхона стандарти «Ҳалол», ки асосашро талаботи стандарти ИСО 22000:2005 «Сис­темаи менеҷменти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ташкил медиҳад, ҷорӣ гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода изҳор дошт, ки мавзӯи муҳокимаи парламентӣ бисёр муҳим аст, зеро шаҳрвандони кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд. Номбурда аз тартиби нодурусти истифодаи замин, фоизи баланди қарзҳои бонкӣ ва мушкилоти дигаре, ки монеи рушди иқтисодӣ мешаванд, нигаронӣ карда гуфт, ки масъулин бояд барои ҳалли онҳо чораҷӯӣ намоянд. Ҳамчунин, номбурда ёдовар шуд, ки аксар вақт дар арафаи идҳо нархи маҳсулоти хӯрокворӣ якбора боло рафта, боиси норозигии шаҳрвандон мегардад.

Дар охир вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳояшон аз масъулин посух гирифта, пешниҳоду тавсияҳо манзур намуданд.

Дар фарҷом бо назардош­ти таклифу дархост ва пешниҳодҳои иброзгардида қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ