Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Россия рафт

№51 (3531) 19.04.2016

Дирӯз ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар машварати якуми раисони парлумонҳои АвруОсиё ба шаҳри Маскав рафт.

Зимни нахустин машварати раисони парлумонҳои АвруОсиё, ки имрӯз оғоз меёбад, инчунин роҳбарони парлумонҳои Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Камбоҷа, Муғулистон, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Россия, Таиланд, Филиппин, Чехия ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.

Интизор меравад, ки дар доираи ин сафар Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиё ва Аврупо мулоқот намуда, масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои парлумониро матраҳ созад.

 «Садои мардум»