Ҷаласаи чилу сеюми АБ ИДМ баргузор шуд

№163 (3464) 01.12.2015

27 ноябри соли 2015 ҳайати парламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар ҷаласаи чилу сеюми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар қасри Таврическийи шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок намуд.

Дар Ассамблея, қабл аз ҳама, масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои  иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз нав Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко интихоб шуд.

Яке аз масъалаҳое муҳиме, ки дар Ассамблея мавриди муҳокима қарор гирифт, ин масъалаи «Муҳоҷирати байналмилалӣ: проблема, ҳамкорӣ ва дурнамои рушд» буд. Оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ якчанд қонуни намунавӣ қабул ва ба баррасии парламентҳои миллӣ пешниҳод гардид. Қонунҳои намунавӣ «Оид ба муҳоҷират», «Оид ба муҳоҷирати захираҳои меҳнатӣ», «Оид ба ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи муҳоҷират» ва ғайра аз ҳамин қабил буданд.

Инчунин дар Ассамблея як қатор лоиҳаҳои тавсияҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории миллии давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, «Барномаи дурнамои қонунгузории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2016-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Сипас, иштирокчиёни Ассамблея ба унвони парламентҳои ҷаҳон оид ба ҳамкории дастаҷамъона дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ Изҳорот қабул карданд.

Дар поёни кори Ассамблея ба як гурӯҳ вакилони парламентҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мукофотҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил супорида шуданд. Аз ҷумла муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо ордени «Содружество», раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Раҳимӣ Фарҳод ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров бо медали «Барои таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ», муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафаров, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  аграрӣ, захираҳои об ва замин Бибидавлат Авзалшоева, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилшод Исматуллоев бо грамотаҳои фахрии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуданд.

Х. ҚУРБОНОВ, мудири  шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ