Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани ризоят барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Рофизода М. Ҳ.

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/1-53 аз 6 марти  соли 2020-ро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 4 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Рофизода Мирзоамон Ҳамдам ризоят дода шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 19 марти соли 2020, № 769