Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи додани ризоят барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Талбакзода Д. С.

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №15/1-49 аз 2 марти  соли 2020-ро баррасӣ намуда, мутобиқи банди 4 қисми якуми моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Талбакзода Дилшод Саид ризоят дода шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 19 марти соли 2020, № 768