Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон

№86 (4036) 18.07.2019

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон» аз 8 июли соли 2019, № 345 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Деҳаи Ховалинг — маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 11 июли соли 2019, № 705