Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№49 (3529) 14.04.2016

Дар бораи даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

        Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 5 майи соли 2016 соати 900 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 13 апрели соли 2015 № 5

 Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи шашуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки 5 майи соли 2016 соати 900 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ дош­тани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷонибдории қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ва масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар аст.